Қонуни тиб

Фасли нуҳум дармони решҳои гандида ва бад
Асли дармони ин гуна решҳои бад ин аст, ки танро пок созанд ва ё агар тан пок бошад, андомро аз тариқи поксозии як худи он бо ҳиҷомат, девча, тилоҳои ислоҳсозандаи мизоҷ, ки мо онҳоро якчанд бор ёд кардем ва бо ёрии хуб сохтани ғизо пок бисозанд. Набояд дармони онҳоро ба таъхир андохт, зеро куҳна шудан бадии онҳоро афзоиш бидиҳад. Бояд онҳоро аз падид омадани омосҳои гарм нигоҳ дошт ва яке аз чизҳое, ки ин гуна [омосҳоро] таскин бидиҳанд, банг бо пист мебошад. Амсоли ин гуна решҳо низ агар ба ифрот табаҳ шаванд, мумкин аст зарурати решакан кардани онҳо бо доғи оташ, ё бо доруи тез ва ё бо буридан ба миён ояд, ки то ҳадди гӯшти дурусти бо хубии хун ва ранг шинохта шаванда ва то ҳадди устухони дурусти сафеди пок чизе аз он боқӣ намонад. Доруи тез ҳамаи сафолакҳоро канда, берун орад ва сӯзиши онро бо пай дар пай ниҳодани равғани зард пешгирӣ кунанд. Ин гуна [решҳо] агарчи на носуранд ва на реши сафолакӣ, вале бади палид буда, гоҳе аз барои раҳоӣ ёфтан аз уфунати онҳо зарурати буридани андом ба миён ояд. Мисол доруҳои рехтании аз барои инҳо созгор оби дарё ва обҳое мебошанд, ки андар боби носурҳо ёд шудаанд. Ҳар гоҳ бар ин решҳо ва ғайри онҳо доруҳо мениҳанд, бояд ин доруҳо як чанд рӯз биистанд ва онҳоро накушоянд.
Доруҳое, ки ба ҳангоми ин [решҳо] бояд ба кор бибаранд, масалан, инҳост: орди говдона бо андаке аз замч; гӯшти моҳии шӯри хушконида бо андаке аз мағзи нон; зарованд; бехи каранб; бехи чугундар; бехи хиёри даштӣ; зағир, ки бо қалқадис суда бошанд; ҳошо бо мавиз, ё бо анҷир ва ё бо барги [90] дарахти анҷир; ё натрун, зира ва орд бо ангубин; зимоди мушпиёзе, ки бо ангубин ҷӯшонида бошанд; ё каранб бо ангубин; ё кадуи хушки сӯхта; ва барги сабзи зайтун.
Як доруи мураккаб: як бахшӣ аз зарованд ва фишурдаи барги беданҷир ва ним бахш зангорро гирифта, аз онҳо бо об ба андозаи қивоми ангубин доруи андуданӣ омода созанд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ин доруро бо фишурдаи хиёри даштӣ ва сурӣ тақвият бидиҳанд ва бар вай пораи хушкеро бипӯшонанд. Низ, аз зарованд, мозу ва равғани зайтун бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо аз барои реш ва гирди он доруи андуданӣ омода созанд. Ё аз оҳак ва қалқатор як бахшӣ ва аз зирних ним бахш бигиранд.
Инчунин: дувоздаҳ [бахш] сурӣ, даҳ [бахш] қалқатор ва чаҳор бахш зогро гирифта, аз онҳо бад-ин гуна доруи андуданӣ омода созанд, ки онҳоро андар ним қутулӣ сиркои тез то рафтани сирко биҷӯшонанд ва сипас онро бо мил гирифта, бар решҳо биолоянд.
Низ: аз ҳар кадом қалқатор ва зог бист бахшӣ, аз пӯсти оҳан шонздаҳ бахш ва аз мозуи ношикофта ҳашт [бахш] бигиранд. Ё як бахш намак ва аз замчи сӯхта, пӯсти мис
ва қайшури сӯхта ним бахшӣ бигиранд.
Як марҳами хуб: анзарут, рӯсӯхта, мозу, зангор ва заровандро гирифта, ҳамаро бо миқдоре аз сақиз ҷамъ созанд, то онҳо дорои нармию сақизӣ бигарданд ва (176) баъд аз пок сохтани реш ба кор бибаранд.
Як доруи ба ғоят санҷида шуда: бисту чаҳор [бахш] зоги сурх, шонздаҳ [бахш] оҳаки обнорасида, шонздаҳ [бахш] замч, шонздаҳ [бахш] пӯсти анор, сиву ду [бахшӣ] кундур ва мозу, як саду бист [бахш] мум ва як қутулӣ равғани зайтуни куҳан бигранд.
Як доруи дигари хуб: аз арзизи сӯхта, гӯгирд, миси сӯхта, сафедаи арзизӣ, кундур, мурдосанг, мурр, иқлимиё, уша, говшир ва мастако ду дирамӣ ва аз пиҳи гурдаи гов, ротиёнаҷ, сақизи набатӣ, равғани мӯрд ва мум се дирамӣ гирифта, чизҳои гудохташавандаро андар миқдоре аз сирко бигудозанд, ки бо он чизҳои гудохта намешударо сириштан мумкин бошад. Сипас онҳоро совида, ҷамъ созанд ва сиришта кунанд.
Як доруи бобарори хубе, ки онро Ҷолинус ва дигарон фароҳам овардаанд: як уқия туполи мис, як уқия зангори совида, ним ратл мум ва якуним уқия самғи лориксро гирифта, мувофиқи дастур аз онҳо марҳам бисозанд, яъне чизҳои гудозандаро бигудозанд, чизҳои месовидаро бисованд ва мумро ба қадри ҳоҷат зиёду кам кунанд. Ба ин дору омехтани диафруғасро низ писандидаанд ва Ҷолинус андар бобати он ба дарозо сухан рондааст. Ҳар гоҳ агар ин решҳо, масалан бар нара падид оянд, доруи қиртоси сӯхта, доруи Андарун, кадуи хушки сӯхта, ё пашми чиркини сӯхта, ё зимоди барги сарв ва ё барги чинорро ба кор бибар.
Фасли даҳум дармони решҳои ба сахтӣ фароҳамоянда ва хирунӣ
Бидон, ки решҳои ба сахтӣ фароҳамоянда ба таври мутлақ ғайри решҳои хӯрашаванда ва ғайри решҳои ганданда мебошанд, вале ҳамчунон ки ом ғайри хос аст, зеро [решҳои хӯрашавандаву гандида] хазандаанд, вале инҳо бошанд, мумкин аст нахазанд ва як муддат андар ҷои хеш биистанд. Инҳо низ ғайри носурҳоянд, зеро воҷиб намеояд, ки сафолак бигиранд. Умуман, решҳои хӯрашаванда, решҳои ганданда ва носурҳо аз ҷумлаи решҳои ба сахтӣ фароҳамояндаанд, вале акси ин ҳукм ҷой надорад. Аммо решҳои хирунӣ бошанд, ба ғоят табаҳ ва дур аз фароҳамоӣ буванд.
Қонуни дармони ин решҳо чунин аст, ки агар сабаби онҳо бадмизоҷӣ бошад, онро ислоҳ кунанд, ё бадии хун бошад, ба бемор аз чизҳое ғизо бидиҳанд, ки хуни хуб ва зидди [хуни аввала] бизоянд ва ё камии хун бошад, аз тариқи бисёр додани ғизои хуб онро афзоиш бидиҳанд. Агар сабаб сустии гӯшт ва чиркнокӣ бошад, сустию чиркро муолаҷа кунанд. Агар сабаб хушкии ба ифрот буда, вале реш ҳанӯз ба носур табдил нашуда бошад, инро аз тариқи ба таври муътадил тарифизоӣ кардан муолаҷа кунанд.
Яке аз [тадбирҳои] аз барои ин [ғараз] хуб ин аст, ки бар андом то арақ кушодан, сурх шудан ва дамидан оби гарм бирез, сипас аз рехтан худдорӣ карда, аз он ҳад на гузар, зеро бо ин моддаи бисёр ва офати бузургеро ба сӯи андом хоҳӣ кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор