Қонуни тиб

Баъди он хушкиоварии доруро камтар кун.
Гоҳе бар [реш] ниҳодани пораҳои андар оби нимгарм таркарда суд бахшад. Бошад, ки бо тарошидани реш, хуншор кардани он, молиш додани андоми он ва ба кор бурдани марҳамҳои зифтии моддакашанда эҳтиёҷ биафтад.
Агар сабаб бадии ҳолате бошад, ки гӯшти гирди решро ориз шудааст, инро чунонки донистӣ, бо теғ задану хун баровардан ва аз тариқи доруҳои хушккунанда пешгирӣ кардан муолаҷа кунанд. Агар сабаби он дӯлобии ягон раги хунрасон бошад, онро бибур ва хунашро бирезон ва ё канда, ҳаво деҳ, зеро ин кор аксар вақт осудагӣ бахшад.
Лекин агар пурӣ ҷой дошта бошад, нахуст аз раг задан оғоз кун ва агар хилти савдо мавҷуд бошад, онро ба истифроғ берун соз ва сипас ба раги дӯлобшуда рӯй оварда, ҳар қадар ки битавонӣ, хуни онро бирезон, то баъди чунин кор кардан бо раги дӯлобӣ ҳолате бадтар аз реши аввалӣ падид наояд. Баъд аз он ҷароҳати ба раги дӯлобӣ расида ва сипас реши ба душворӣ фароҳамояндаро муолаҷа кун.
Агар сабаб камқувватии андом бошад, ин ба бадмизоҷӣ вобаста буда, ин [бадмизоҷӣ] на ҳар гуна бадмизоҷии иттифоқ афтодааст, балки бадмизоҷии ба ифротест, ки аз гармӣ ва ё сардии муътадили муносиби хеш дур рафта бошад ва [низ] ба ковокшавии ба ифрот ва ё фишурдашавии сахте [вобастагӣ дорад], ки аз паси ин гуна [бадмизоҷӣ] падид оянд. Ҳолати якум аксар вақт натиҷаи гармию тарӣ ва ё натиҷаи тарист ва ҳолати дуввумӣ бошад, натиҷаи сардӣ ва ё хушкист. Бинобар ин, бояд воҷибгардонандаи онро бо зидди он ва ё бо чизе муолаҷа намуд, ки муҷиби зидди он бошад. Бисёр вақт сабаби ин гуна решҳо натиҷаи гармие бошад, ки моддаро бикашад ва ба сӯи онҳо бифиристад ва аз барои муолаҷаи он ба доруҳои сардиоварандаи қабзкунанда эҳтиёҷ биафтад. Агар сабаб ягон носуре бошад, онро бо илоҷи носурҳо муолаҷа кун. Агар сабаб табоҳии устухони бад-онҳо пайваста бошад, мо гӯштро пора карда, устухонро бикушоем. Агар (177) чизи бар рӯи он бударо тарошидан битавонем, онро хуб амиқ битарошем, вале агар натавонем, устухонро бибурем ва он кореро кунем, ки андар боби фасоди устухон шарҳаш хоҳем дод.
Ҷолинус гуфтааст: «Ҷавонеро андар сина носур буд ва он то ба устухони миёни қафас расида буд. Мо чун устухони сари синаро аз ҳама чизи андар гирди он буда бараҳна сохтем, онро табаҳшуда дарёфтем ва моро ногузир ба буридани он маҷбур сохт. Бахши табаҳшудаи он ҳамон ҷойгоҳе буд, ки ғилофи188 дил бар вай қарор гирифтааст. Чун мо ҳолро бад-ин гуна дидем, ба ҳангоми берун кашидани устухони табаҳшуда ба ғоят сахт эҳтиёт намудем ва кӯшидем, ки пардаи аз дарун рӯи устухон пӯшидаро боқӣ бимонем ва бе осеб нигоҳаш дорем. Он бахш аз ин парда, ки бо сари сина пайваст буд, низ гандида буд ва мо дилро ҳамчунин аён медидем, ки масалан, ҳангоми ба ғарази ташреҳ кушоданамон онро ҳамин гуна бибинем».
Ӯ гуфтааст: «Он ҷавон дуруст шуд ва андар он маҳалле аз сари сина, ки мо онро бурида будем, гӯшт рӯида,
ҳатто пурра гардид, бо якдигар бипайваст ва андар паноҳ доштану пӯшидани дил ба ҳадде расид, ки пеш аз ин сари ғилофи дилро ба ҳамин андоза мепӯшид».
Ӯ гӯяд: «Ин бимноктар аз он ҷароҳатҳое нест, ки ба ҳангоми онҳо сина шикоф бигардад». Изофа ба ин мегӯяд, ки агар решҳо куҳнаю қадимӣ шуда бошанд, савоб он аст, ки бо миҳҷама189 ба қадри лозимӣ аз онҳо хун равон карда шавад.
Доруҳое, ки аз барои душвории фароҳамоӣ омода шудаанд, андар бештари ҳолатҳо, масалан туполи мис, зангори сӯхта ва носӯхта, туполи шобурагон, туполи дигар намудҳои оҳан ва сирешуми тилло иборатанд ва аз ҳамаи инҳо мумравғанҳо бисозанд. Қалқатор, зог ва монанди инҳо низ аз ҳамин қабил буда, агар кашида шудани модда ба сӯи андом ҷой дошта бошад, бо онҳо аз доруҳои боздорандаи модда мисли замч ва мозу барин чизҳоро ҳамроҳ кунанд.
Яке аз доруҳое, ки бо он решҳои ба душворӣ фароҳамояндаро муолаҷа кунанд, чунин аст: ҳашт [бахшӣ] иқлимиё, сирешуми тилло ва замч, як [бахшӣ] зангор ва пӯсти мис, чаҳор [бахш] самғи сарв ва ба миқдори салоҳдиди худ мум ва равған бигирӣ.
Доруи дигар: даҳ [бахш] мум, нуҳ [бахш] самғи санавбар, се [бахш] иқлимиё, шаш [бахш] қалқатор ва ба миқдори кифоят равғани мӯрд бигиранд.
Доруи дигар: қалқатор ва иқлимиёро андар оби дарё, ё оби ғӯраи ангур ва ё обе, ки андар он ишхори ушнон ва оҳакро мувофиқи мизоҷи [андом] андаке ҷӯшонида бошанд, афканда, андар офтоби тобистон хуб парварда созанд ва пеш аз намак бастани оби дарё ва ё оби ишхор онро биполанд.
Доруи дигар: аз ҳар кадоми миси сӯхта, ротиёнаҷ ва намаки андаронӣ ду уқиягӣ ва аз равғани мӯрд ба андозаи кифоят бигиранд. Агар доруҳои носуриро хушконида орд кунанд, аз барои ин решҳо низ суд доранд. Аз ҷумла орди говдона, бехи савсани осмонгунӣ, зарованди сӯхта, миси [91] сӯхта, хоки кундурро мувофиқи ҳар тане ба таркибҳои гуногун [ба кор бибаранд].
Як доруи хуб: сӯҳонрезаи мис ва сӯҳонрезаи оҳанро гирифта, бо оби замч маъҷун созанд ва бо гили сурх андуда, андар танӯр бисӯзанд. Сипас берун оварда, бисованд ва ҳамчун хока ба кор бибаранд ва ё аз он ва аз мурдосанг марҳам омода созанд.
Сифати як марҳами тиллоии хуб: як ман мурдосанги тиллоӣ, сиву шаш мисқолӣ мум ва бехи мозариюн, ҳаждаҳ мисқол зангор, чиҳил мисқол сӯҳонрезаи зар, ки онро бо бухори (бӯи) мурдосанг ба ҳикмат совида бошанд ва се ратл равғани куҳани зайтунро гирифта, нахуст мурдосанг, зар ва зангор, сипас дигар доруҳоро андар он биафкананд.
Инчунин: сафоли танӯрҳо, хокистари каҷак ва арзизи сӯхтаи шустаро гирифта, аз инҳо бо равғани мӯрд марҳам омода созанд. Аз қивом кардани ин равған бо мурдосанг чора нест ва сифати он чунин аст: аз мурдосанг, масалан, як уқия, аз сиркои сахт тез се чанди он ва аз равғани зайтун, ё равғани мӯрд ва ё ягон равғани дигаре ду уқия гирифта, ҳамаро [бар болои оташ] оҳиста-оҳиста то ҳал шудани мурдосанг ва сахт шудани [қивом] биҷунбонанд, вале набояд то ба сӯхтан бирасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор