Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз ин ҷумла барои решҳои хирунӣ пӯсти мис, зангор ва оҳаки начандон бисёр шустаро гирифта, аз онҳо хока омода созанд. Ё замчи совидаро ҳамчун хока [ба кор баранд]. Ё аз зуфо чаҳор [бахш] ва ё аз натрун ду бахш гирифта, аз онҳо хока омода созанд. Ё пеш аз ин бар реш ангубин андуда, сипас бар вай ин доруро бипошанд: ду бахш пӯсти мис, ду бахш замч ва даҳ [бахш] мумравғанро андар офтоб ба ҳам омехта, ба кор баранд. Ё аз сафеда ва замч ҳашт бахшӣ, аз пӯсти мис, (178) намаки андаронӣ, кундур, зангору пӯсти анор ду бахшӣ, аз оҳак як бахш, аз мум даҳ бахшу ду сеяк ва аз равғани мӯрд ба қадри кифоят бигиранд.
Доруи дигар: аз мурдосанг ва равғани зайтун як ратлӣ, аз зарованд ва мозуи ношикофта як уқиягӣ, аз уша як уқия ва аз кӯфтаи кундур ду уқия гирифта, аз ҳамаи инҳо бар оташ ба таври бароят маълум доруи андуданӣ омода созанд ва онро бо бехи най биҷунбонанд.
Фасли ёздаҳум дармони носурҳо ва пӯстҳое, ки ба ҳам начаспанд

Андар баёни носурҳо, аҳком ва намудҳои онҳо бошад, пеш аз ин сухан гуфта шуд. Он тадбирҳое, ки аз барои таровондани зардоб ва рутубатҳои табаҳшудаи ин гуна [решҳо] воҷибанд ва аз тариқи рост кардани [вазъи реш] ва ё шикофтани он ба амал оварда мешаванд, низ пеш аз ин андар ҷойҳои дигар оварда шуданд. Аммо илоҷи хосси носурҳо бошад, низ гуногунанд, зеро бархе носурҳо тозаи саҳлилоҷанд ва бархе дигар куҳан буда, сафолакҳояшон андар гӯшт сахт нишастаанд ва ин гуна [носурҳо] ба душворӣ муолаҷа шаванд. Он чи ки андар ин ҳангом аз он гузир нест, ин аст, ки бояд ҳамаи ин сафолакҳои атрофи онро бо ранда, ё бо дигар чиз, ё бо доғ ниҳодан ба оташ ва ё ба дору аз бун бурида андохт. Ин кори хеле душвору пурмашаққат аст ва хосатан агар [реш] андар ҳамсоягии асабҳо ва ё ягон андоми шарифе ҷойгир бошад. Бинобар ин гоҳе бемор аз азоби чунин муолаҷа кашидан дида бештар майли он дорад, ки [решро] ба ҳоли худ бигузоранд ва бо он мудоро кунанд.
Гоҳе мумкин аст чунин имконият шавад, ки онро бихушконанд, гӯшти пиҳноки палидеро, ки андаруни вай аст, бирезонанд ва боқимондаи гӯшти мурдаро хушконида, решро бисабзонанд ва бо ҳамин муддати дарозе ором гирад. Вале фароҳамоиаш фароҳамоии нопурра бувад. Ҳар кӣ ин гуна [муолаҷаро] бихоҳад, бояд носурро аз гӯшти палиди пиҳноки андарун буда пок кунад ва сипас даруни онро бо доруҳои хушксозанда оганда карда, онро ба ҳоли хушкидагӣ бигузорад. Вай ба ин ҳол то ҳангоме боқӣ бимонад, ки агар ягон хатогие аз қабили пурӣ, ё рутубатнокии мизоҷ, ё расидани об, ё ба андозаи дардовар бар паҳлӯи носурдор хобидан, ё кӯфтан ба чизе, ё зарб хӯрдан, ё сурфа ва ё ларзаи сахте ба амал наояд.
Оид ба муолаҷа намудани он аз тариқи кандан ва аз бун ҷудо сохтани он бидон, ки агар носур палиду куҳан ва қадима бошад, онро ба ҷуз кандани сафолакҳо ва ё бо оташ доғ ниҳодан, чунонки баён хоҳем кард, ягон дармоне нест. Изофа ба он гузаргоҳҳои каҷмокаҷу печони онро бишкофанд, то роҳу гузаргоҳи доғмон маълум бо

шад ва то сӯхтану канда шудани [сафолакҳо] ба оҳистагию эҳтиёт рафтор кунанд. Ё бо доруҳои тезе доғ ниҳоданро [ба кор баранд], ки мисолашон инҳост: навшодир, зирних, гӯгирд, зангор ва симоб. Аз ин ҷумла симобро кушта, онро бо якчанди худ аз сӯҳонрезаи оҳан, нимчанди худ ишхори ушнон ва нимчанди худ оҳак биомезанд ва андар усол190 арақашро бикашанд. Ё онро андар шишаи бузурге ба тавре дамбанд созанд, ки касони ба ин кор машғул буда аз он огоҳӣ доранд ва ҳамчун намак арақашро бикашанд. Ҳар гоҳ миқдоре аз ин доруро андар носур биниҳанд, вай афрӯхта, бирён ва аз гӯшт ҷудо шавад. Сипас онро бо газанбӯр гирифта, берун оранд ва пайваста соат ба соат андар фароғии андом равғани зард ҷой кунанд, то дарди он паст шавад. Сипас онро бо илоҷи решҳо муолаҷа кунанд.
Аммо носури тозаи сабукро бояд нахуст бо доруҳои қавие чун қатрон, оби хокистарҳо, оби шӯри дарё, оби собуни омехта бо зирниху навшодир, оби аз рӯсӯхтаю навшодире кашида, ки ҳар дуро хушк гирифта бошанд ва ё онҳоро ба шакли резаю таркарда ва аз ғайри ҷоришаванда гирифта бошанд ва бо обе, ки андар он ишхори ушнон ва соруҷи пӯсти хояи мурғ [ва ё] пӯсти хоя ва оҳак ҷӯшонида бошанд, бишӯянд. Ҳар гоҳ [носурро] пок кардӣ, бар вай доруҳои зеринро бинеҳ: доруи беданҷирӣ, марҳами зирних, ки андар боби доруҳои гар191 дохил буда, суди аҷибе дорад; доруи қиртосии Ҷолинус; ва доруҳое, ки аз зог, қалқадис, миси сӯхта, зангор ва дигар чизҳои ба ҳаминҳо монанд, аз қабили бехи савсан, қантуриюн, орди говдона ва сумқутун таркиб ёфтаанд. Бехи усқулуфандариюн санҷидашуда аст. Агар носурро аз он пур кунанд, онро беҳ кунад. Агар носурро бо харбақ пур карда, се рӯз бигузоранд, низ ҳамчунин бошад. Сурӣ, ё фишурдаи хиёри даштӣ бо сақизи хинҷак, ё фишурдаи бехи ангудон, ё зангор ва уша бо сирко ва ё уша, қалқадис, зог, қалқатор ва самғ бо сирко низ ҳама [хубанд].
Ё пешоби кӯдаконро андар ҳовани (179) арзизӣ карда, то сахт шудану хушкидан пайваста бисованд ва сипас ба кор бибаранд.
Як доруе, ки аҳли Искандария ба кор баранд: аз бехи анҷусо, зоги бирён, қалқатор, зангор ва замч як бахшӣ ва аз коғнаҳо ним бахш гирифта, аз онҳо доруи хока ва ё марҳам омода созанд. Ё онҳоро бо сиркое ба ҳам ҷамъ созанд, ки андар он коғнаҳо ҷӯшонида бошанд ва андар ин сурат коғнаҳо аз зимни нусха андохта мешавад. Гоҳе ба ин [дору] ангубин афзоянд.
[Як доруи] дигар: сабр, зангор, пӯсти хояи мурғ, – агар сӯхта соруҷ гардонда бошанд, хеле қавитар хоҳад буд, – ва мурдосангро гирифта, бо ҳам биомезанд. Низ он доруҳои қавиеро [ба кор бибаранд], ки андар боби ба сахтӣ фароҳамоии решҳо ёд кардем.
Ҳар гоҳ гӯшти хуб падид омад, доруҳои часпонандаи гӯштрӯёнандаро ба кор бибар. Агар ба наздики он ягон устухони табаҳшуда ҷой дошта бошад, бояд онро ба ислоҳ оварда, бо илоҷҳои муносиби он муолаҷа намуд. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки рутубатҳои зардобӣ коҳиш ёфтаанд ва ё ба рим баргаштаанд, пас, эҳтимоли он дорад, ки дармон андар ин ҳангом шояд суд бахшида бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ