Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли дувоздаҳум
андар баёни гӯшти зиёдатии ҷароҳатҳо

Ба ҳангоми муолаҷаи ин ба доруҳои зудояндаи хушккунанда эҳтиёҷ биафтад ва дору ҳар қадар камтар сӯзонанда бошад, ҳамон қадар беҳтар хоҳад буд. Андар ин ҷо набояд аз табиат он ёвариеро чашмдор буд, ки ба ҳангоми рӯёндани гӯшт чашмдор шаванд, зеро рӯёндани гӯшт кори табиист ва равондани он чи ки табиат рӯёнида аст, хоҳ ба ёрии дору бошад ва хоҳ ба ғайри ёрии ӯ, зидди феъли табиат аст. Бинобар ин бояд бештар ба дору такя намуд.
Бидон, ки аз қурсҳои аз барои ин ғараз сохташуда куҳнаи онҳо суд надорад, балки тозаи онҳо судбахш аст. Агар аз [омода сохтани] онҳо чорае набошад, бояд онҳоро аз тариқи қурссозӣ ва пинҳон кардан андар ҷое нигоҳ дошт, ки ҳаво онҳоро табаҳ кардан натавонад. Аз барои ин ғараз дурди сиркоро сутудаанд, вале ин ба наздики ман чандон дуруст нест. Ба шакли қурсҳо ва фундуқҳо [сохтаи доруҳо] қувваи онҳоро бештар нигоҳ дорад. Чунин гуфта, ки бояд [доруҳоро] бо тезоби зирних ва сир ва ё бо сирко об дод, [дуруст нест] ва ин яке аз воситаҳоест, ки доруҳоро ба таҳлилпазирии қувват омода созад ва ҳавои табаҳсозандаи онҳоро кумак бирасонад. Доруе, ки ситабртару устувортар аст, андар ин бобат судбахштар аст, вале на аз ҷиҳати қувват, зеро гоҳе мумкин аст доруи латиф аз ҳама қавӣ бошад, балки аз он ҷиҳат, ки [чунин дору] аз ҳаво ва аз омехтаҳои гуногун камтар мутаассир бигардад ва ба ҳоли худ бештар устувор бимонад.
[92] Мисоли ин гуна доруҳо пӯсти мис, садафи сӯхта ва ҳар ду навъи хорпуште мебошад, ки бо гӯшташон сӯзонида бошанд. Лекин хорпушт мумкин аст камтар покӣ оварда ва гӯштро беш аз ҳадди лозимӣ қабз кунад. Аз чизҳои баршумурдаи мо ҳам қавитар шукуфаи санг аст, ки онро “асиё” хонанд ва аз ин ҳам қавитар сурӣ, сирешуми тилло, қалқатор ва зог мебошад. Сӯзондан ҳам қувват ва ҳам тезии онҳоро бикоҳад ва латифияшонро афзоиш диҳад. Шукуфаи мис қавист, вале ба зангор ва хусусан ба оне, ки аз пӯсти мис бигиранд, намерасад. Ишхори ушнон ва зангор аз ҷумлаи он доруҳоеанд, ки гӯшти зиёдатиро ба таври хуб бихӯранд. Бисёр вақт агар пораҳоро андар оби дарё ва ё обе, ки андар он намаки талх ҳал кардаанд, оғушта, бар [гӯшти зиёдатӣ] биниҳанд, онро ҳал карда, пажмурда созанд.
Гоҳе ишхори ушнон ва оҳаки об норасидаро гирифта, андар ҳафт чанди худ аз об афканда, ҳафт рӯз андар офтоб бигузоранд ва ҳар доим онро биомезанд, то ситабр

шуда, чун гил бигардад. Сипас аз он қурсҳо сохта, ба кор бибаранд. Қурси ниталиқусро ҳам ба кор баранд. Марҳами сабз ва [хусусан] марҳами сабзе, ки аз намаки даронӣ бисозанд, аҷиб аст. Марҳаме, ки «исқаритотӣ» ном дорад, гӯштро бе сӯзиш овардан бихӯрад. Доруи диёрун ва доруе, ки аз пӯсти мис ва кӯфтаи кундур бисозанд, аз барои гӯште созгоранд, ки сахт дамида ва чун пунба ковок шуда бошад. Ҳамаи доруҳои аз барои урбиёни192 бинӣ ба кор раванда [низ корояманд].
Фасли сездаҳум тадбири решҳое, ки баъди фароҳам омадан боз кушода шаванд

Илоҷи ин баъди кушодан он бошад, ки гӯшти бад ва устухони бадеро, ки ба ин [реш] пайвастааст, бигиранд ва сипас ба тавре ба хушконидани он бипардозанд, ки бароят маълум аст. Беруноварандагони устухонҳо гоҳе метавонанд доруҳои кашанда бошанд. Масалан, барги кӯкнори сиёҳро бо барги анҷир ва писти анҷир зимод кунанд ва ё аз тухми банг ва қалқадис бахшҳои баробар гирифта, ба тариқи зимод ба кор баранд.
Фасли чаҳордаҳум пайҳои решҳо ва ҷароҳатҳо

Ба ҳангоми кандани пайҳои решҳо ва ҷароҳатҳо ба доруҳои зудояндаи қавӣ ва поккунанда ҳоҷат биафтад ва бояд қувваи онҳо ба андозаи қувваи чизи зудудашаванда бошад. Бинобар ин, бояд қавиро бо қавӣ ва камтар аз онро (180) бо камтар аз он муолаҷа намуд. Мисоли доруҳои поккунандаи қавии аз барои чизи қавӣ ин аст, ки резаҳои оҳанро бо лок ва итрифал гирифта, [бар пайҳои монда] тило кунанд, вале ба наздики ман аз ҳама беҳтар занги оҳан бувад ва зангор низ ҳамчунин аст. Гоҳе бо сӯзан он [ҷойро] сӯрох-сӯрох карда, оҳак ва ангубин ё мавизаку ангубин, ё фишурдаи пудина ва сафедии хояи мурғ тило кунанд. Аз барои оне, ки [ба муолаҷа] гардан наниҳад, зирних ва «санги мурч» ба кор бибаранд.
Доруҳои сабуки хосси пайҳои сабук инҳост: боқилӣ; орди нахӯд; тухми турб; фундуқи ҳиндӣ; гили нарми ковок ва пӯсти харбуза. Пиҳи хар хусусан агар бо баъзе аз доруҳои ёдшуда ҷуфт карда шавад, сахт хубаст. Аммо осори кӯфтагиро бошад, агар бо равғани савсан пок кунанд, зуд биравад. Изофа бар ин он навиштаҳоеро бихон, ки андар боби оростагӣ ёд хоҳем кард.

Мақолаи чаҳорум

АНДАР БАЁНИ ОН ГУСАСТАНИ ПАЙВАСТАГИЕ, КИ АНДАР АСАБҲО
БИАФТАД ВА ОН ГУСАСТАНИ ПАЙВАСТАГИИ УСТУХОНҲО, КИ
БА ШИКАСТАБАНДӢ АЛОҚАМАНД НЕСТ
Фасли нахустин
ҷароҳатҳову решҳои асабҳо
ва он чи ки ба равиши инҳост

Азбаски асабҳо ниҳоят ҳассос ва пайваста ба мағзанд,
аз сабаби ҷароҳатҳо онҳоро дардҳои ниҳоят шадид ва
ранҷҳои сахт бузурге аз қабили ташаннуҷ ва шӯридагии

ақл ориз бигарданд ва бисёр бошад, ки аз ғайри пеш омадани ягон дарди душвор ҳол ба ташаннуҷ бикашад. Андар ин ҳангом аз падид омадани омоси бузурге аз ғайри
дарди зиёд чора нест. Сабуктарин ҳолатҳои [ҷароҳати
асаб] инҳост: табҳо; омосҳое, ки андар ғайри маҳалли ҷароҳат падид оянд; ташнагӣ; бехобӣ; ва хушкидани забон хусусан ҳангоме, ки агар андар он ҷо омос падид омада бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ