Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳоли ҷароҳатҳои ватарҳои мушакҳо ва хусусан [ватарҳои] тарафи саргаҳ низ ҳамин гуна бувад. Ҳар гоҳ асабҳо ва дигар чизҳои бад-онҳо монандро омос бирасад ва ё сармо кора кунад, ба ташаннуҷ гирифтор оянд ва ё агар бад-онҳо гандагӣ бирасад, андом омосида, табаҳ бигардад. Зуд ба гандагӣ гирифтор шудани онҳо аз он сабаб аст, ки онҳо аз рутубати бо ёрии сардӣ афсурдаю баста гардида, офарида шудаанд ва ин гуна чиз аз рутубат ва гармии рутубатнок зуд ба гандидан ва пухтан бипардозад. Бинобар ҳамин обҳои сард аз ҷиҳати ташаннуҷ овардан ва обҳои гарм аз ҷиҳати гандонидан [асабҳоро] зиён бирасонанд. Равған ҳам чунин аст, лекин гоҳе ба зарурати таскин додани дард ва ё аз барои тунуку равон сохтани доруҳо ба равғани гармиоваранда эҳтиёҷ биафтад ва андар ин ҳол доруҳо [бо сахтии] худ ба кайфияти тариоварии он муқовамат варзанд. Гоҳе як худи [доруҳои] халанда ба танҳоӣ чунин таъсир ба амал оранд.
Гоҳе асаби маҷрӯҳ омос кунад, вале он дер ба зуҳур ояд ва пухтану дармонпазирияш низ ҳамчунин бувад. Гоҳе дигар асаб реш шуда, дер фароҳам ояд ва дер бипазад.
Ҳар ҷароҳате, ки андар асаб биафтад, ё халидагист ва ё шикофтагӣ. Шикофтагӣ ё бо кушодагии рӯи асаб бошад ва ё бекушодагии он. Ҳар кадом аз инҳо ё ба дарозост ва ё ба паҳно. Ҷароҳате, ки андар асаб ба дарозо афтида бошад, некфарҷомтар аз онест, ки бар паҳно афтида бошад, зеро лифи солим аз ҳамҷаворӣ бо чунин буридагӣ ранҷур гардида, ин ранҷро ба мағз бибарад ва аз он ташаннуҷ ва бемориҳои бузурге ба амал оянд. Бисёр бошад, ки андар ин ҳангом бахши маҷрӯҳ ва ё халидашударо ба зарурат тамом бибуранд, то аз он осудагӣ падид ояд ва оризаҳои бад аз миён бираванд.
Ҷароҳати пардаҳо аз ватарҳо ва хеле беш аз асабҳо некфарҷомтар аст. Пардаро худ ба мушоҳада, аз тариқи ташреҳ ва аз он бидонӣ, ки парда яксон буда, андар он роҳҳои лифии ба дарозо хобида пайдо нестанд. Ватари пардагӣ ниҳоят сахт аст ва парда андар сахтӣ бад-он нарасад. Парда таҳаммули дӯхтан тавонад кард.
Ҷароҳат ва шикофтагие, ки ба пайвандакҳои миёни ду устухон раста бирасад, чандон нохушӣ надорад ва онҳо ба сахттарин муолаҷа тоб оваранд. Ба ҳангоми бурида шудани асабҳо ҳарчанд андом барҷомонда шавад ҳам, вале ин ба андозаи кӯфта шудан ва бар паҳно бурида шудани баъзе [аҷзои] онҳо бимнок нест.
Фасли дуввум қонуни дармони гусастагии пайвастагии асабҳо

Доруи ҷароҳатҳои асаб доруи гарм, хушк, (181) ҷузвҳояш латиф ва гармияш ба андозае муътадил аст, ки сӯзиш наоварад. Хушксозандагии он сахт шиддатнок буда,
ба изофаи он кашанда бувад, вале албатта, бидуни қабзкунандагӣ. Ҳар як [доруе], ки ба иллати латифии гавҳари хеш дорои гармии латиф ва хушкиоварандагии зиёд
аст, аз кашидан холӣ нест. Хусусан андар оғози кор аз қабзкунандагии доруҳо, ки агар бо зудоиш набошад, эҳтиёт
бош ва мисоли инҳо рӯсӯхта ва туболи мис бувад. Ҳар чи
аз ин қабил доруҳо гаронгавҳар аст, бо судан андар сир

кои ғайри қабзкунанда онро латиф соз. Гоҳе эҳтимоли он аст, ки сирко баробари латифсозии хеш аз чизи ситабр гармии латиферо берун орад.
Гоҳ-гоҳе чун ба доруи гармияш қавӣ эҳтиёҷ биафтад, аз баҳри он бошад, ки то [дору] сахт дур фурӯ биравад, лекин [гармии] онро бо омехтани дигар [доруҳо] шикаста, ба эътидол оваранд ва он гоҳ ба андоза гармӣ оварад ва ба таври қавӣ хушкӣ физояд. Агар асаб кушода бошад, албатта, ба ягон чизи тез таҳаммул кардан натавонад ва аз он зиёни азим бибинад. Ҳамчунин он дору ва пораҳое, ки бар ҷароҳат мениҳанд, агар ба ҳоли феълан сардии хеш ба асаб бирасанд, ба асаб аз онҳо зиёни сахт бирасад.
Ҳар гоҳ андар асаб ҷароҳат биафтад, набояд зуд ба часпонидани он бипардохт, балки нахуст бояд аз тариқи гармибандӣ кардан бо пораҳои гарм, бо равғанҳои гармиоваранда ва хусусан бо равғани зайтуни норасиде, ки дорои каме қабзкунандагӣ ва гармист, ба таскин додани дард машғул шуд. Бояд гармии [доруҳо] беш аз андозаи нимгармӣ бошад, зеро нимгарм низ аз қабили чизи сард аст. Ба таскин додани омос ҳам бояд ҳамин гуна диққат бидиҳӣ.
Яке аз чизҳое, ки андар ин ҳангом низ ба кор бибаранд, зимодҳоест, ки бо сикангубин ва оби хокистар ва аз ордҳову пистҳое чун орди боқилӣ, говдона, нахӯд, боқилии мисрии талх, писти ҷав ва ғайра сохта бошанд. Гузашта аз ин инҳоро пеш аз омос кардани [ҷароҳат] ба кор бибаранд. Гоҳе аз истеъмоли доруи сабук ҳам суд бигиранд. Ҳар гоҳ бо [ҷароҳат] чунин кор кардӣ ва аз тариқи раг задану истифроғ овардан аз зиёни таровиши фазлаҳо эминӣ ҳосил шуд, он гоҳ ба часпонидан машғул шав.
Дарди чунин беморонро зинҳор бо оби гарм таскин мадеҳ, балки бо равғани бахшҳояш латифе [таскин бидеҳ], ки ғайри қабзкунанда ва на ба ҳадди ифрот гарм бошад, зеро гарми ба ифрот ва сард [93] ҳар ду аз барои ӯ созгор нестанд. Бисёр бошад, ки ҷароҳат қариб ба беҳӣ наздик бирасад, вале бар ӯ сардӣ расида, дардаш шиддат ёбад ва ранҷ дубора боз ояд. Андар ин ҳол эҳтиёҷ бад-он аст, ки зуд онро бо таскин додан ва бо рехтани равғанҳои гармиоваранда пешгирӣ кунӣ. Агар чунин асаб кушода ва буридагии он ба дарозо бошад, бикӯш то онро бо гӯшт бипӯшонӣ, бар вай доруҳои хосси халидагиеро бимолӣ, ки мо онҳоро ёд кардем ва бо пораҳои паҳн ба таври сахт ва кашидаву ҷомеъе бибандӣ, ки миқдоре аз маҳалли дурустро ҳам фаро бигирад. Агар ҷароҳат ба паҳно бошад, аз дӯхтани он чора нест, вагарна ҷамъ нахоҳад шуд.
Агар ҳолат ба ҳангоми ҷароҳати бар паҳно буда шитобкорӣ тақозо кунад ва туро бими он бошад, ки уфунат падид хоҳад омад, андар ин ҳангом [андомро] бибур ва бикӯш то онро ҳар қадар ки битавонӣ, аз омосидану уфунат нигоҳ дошта бошӣ, зеро аз омосу расидани сардӣ бадон ташаннуҷ хезад ва гандидан андомро барҷомонда бигардонад. Бинобар ин, сари ҷароҳатро ҷуз баъд аз дуруст шудан начаспонанд ва ҷамъ насозанд. Агар андар ин ҳол [даҳони ҷароҳат] танг бошад, онро фарохтар созанд, зеро аз [тангӣ] андар ҷароҳат зардоб ва ғайра ҷамъ шуда, боиси гандидани он бигардад ва ба изофаи ин дард шиддат ёбад. Бад-ин сабаб ногузир бояд ҷароҳатро баъд аз хушкидани тамом ва эмин шудан аз ҳар гуна омосу уфунат бичаспонанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ