Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин, ба зуд-зуд кушодани бастагии дору андар ин [ҷароҳат] беш аз дигарон эҳтиёҷ биафтад ва бошад, ки андар шаборӯзӣ ду-се бор онро бикушоянд.
Ё мумкин аст ба изофаи ин эҳтиёҷ бад-он бошад, ки андар шаби он рӯз ва андар рӯзи он шабе, ки дароз аст ва хусусан агар ҷароҳат сӯзиш кунад, [як бори дигар] бикушоянд, вале агар чунин набошад, ба кушодан камтар ҳоҷат биафтад ва ду бор, яъне пагоҳу бегоҳ кифоят бувад.
Ба ҳангоми [ба кор бурдани] доруҳои он бояд риоя кард, ки онҳо беш аз ҳадди лозимӣ гармӣ наоваранд ва ё гармиовариашон аз андозаи зарурӣ камтар набошад.
Зудоишу хушкиоварӣ ва [хусусиятҳои] зидди инҳо низ бояд ҳамчунин бошанд. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки гармияш [беш аз андоза] аст, онро ба андозае сард соз, ки миқдори беш аз ҳадди лозимии [гармӣ] бикоҳад.
Гоҳе мумравғанҳои фурбиюниро бар соқи каси тандурусте бисанҷанд, ки аз ҷиҳати мизоҷу намуди зоҳирӣ ба бемор монанд бошад ва бингаранд, ки оё ба ифрот гармӣ меоваранд, ё чандоне, ки қобили эътибор нест ва ё ба таври муътадил. Чун ин ҳолро муайян карданд, сипас онҳоро бар тани бемор ба кор бибаранд ва дубора бисанҷанд. Лекин агар ба каси дигари монанди каси аввала буда бисанҷанд, (182) хубтар хоҳад буд, зеро андар ин ҳол ҳангоми санҷидан бар тани бемор ба тағйири бисёре эҳтиёҷ наафтад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин агар асаб кушода бошад ва ҷароҳат сахт фарох, вай ба ягон чизи ниҳоят гарм, аз қабили фурбиюн, гӯгирд ва монанди он тоқат нахоҳад кард, балки ба доруе чун тӯтиё ва низ ба доруе эҳтиёҷ дошта бошад, ки аз оҳаки ба якбора нек шусташуда сохта бошанд.
Бояд равғане, ки андар таркиби мумравғанҳо ва доруҳои андуданӣ ба кор мебаранд, масалан, аз равғани гул ва мӯрд иборат буда, ба он ҳеҷ намак нарасида бошад. Агар сақизро андар таркиби ин доруҳо истифода баранд, низ бояд шуста бошад. Тӯтиёро ҳам бояд бишӯянд ва ба зинҳор андар таркиби инҳо ягон тезию сӯзандагӣ набошад.
Ба ҳангоми муолаҷаи [асаби] кушода ва хусусан агар бемор заифмизоҷ бошад, андаке қабзкунанда будани [дору] баробари ҳалкунандагии қавии бесӯзиш равост. Аз ҳама бештар аз асабҳо асабҳои кушодаро бояд аз чизҳои сард, обакӣ, равғанӣ ва монанди инҳо дур дошт ва зиёни инҳо аз расидан ба асаби кушода ва чиркин сохтани он беш аз он зиёнест, ки ба ҳангоми бо онҳо камтар расидан ва ё ба чизҳои гирду атрофи он расидан падид ояд.
Агар [аз истеъмоли] ин гуна чизҳо чорае набошад, бояд ба тавре ба кор бурд, ки ёд кардем.
Агар дар ин ҷо ягон қувваи сириштие бошад, пас, қурсҳои Булидос, қурсҳои қалқатор, қурсҳои Андарун, ақросиюн193 бо майпухта ва ё бо ягон равғане, яъне андар зимистон бо равғани зайтуни латиф ва андар тобистон бо равғани гул [ва инчнин] кундур, сақизи хинҷак ва борзадро ба андозаи камтар аз доруҳои асаби кушода бебокона метавон ба кор бурд. Ҷароҳат чи гунае набошад, беҳтар он аст, ки аз болои дору тибити нарми андар равғани зайтун оғушта ниҳод. Ҳамчунон ки асаби кушода аз миёни асабҳо беш аз ҳама сазовори эҳтиёткорист, ҳамин гуна аз миёни намудҳои [пайвандакҳо] пайвандакҳои андар миёни устухонҳо раста аз ҳама беш сазовори

доруи қавӣ ниҳодананд. Пайвандакҳое, ки бо мушакҳо пайвастанд, андар миёни ин ду ҳол буванд.
Ҷароҳате, ки бояд аз ҳама бештар аз об дур дошта шавад, ҷароҳати асаб аст. Сардӣ низ ҳамчунин буда, агарчи камтар ҳам бошад, беш аз ҳама зиён бирасонад. Равғани зайтун низ зиёнвар буда, ҷуз ба ҳангоми таскин додани дард ва ба шакли гарм эҳтиёҷ бад-он нест. Ҷароҳатро на бо об ва на бо равған набояд шуст, балки бикӯш, то рутубатҳоро бо ягон порае ва ё ягон пашми ба ғоят нарме пок созӣ. Низ, набояд майпухта ба кор бурд, магар ҳангоме, ки аз зиёни тариоварии он эминие ҳосил шуда бошад.
Ҳар гоҳ ба ягон сабабе хусусан бар асаби кушода равған ниҳодан лозим ояд, бояд нахуст болои онро майпухта давонда, сипас равғани зайтун молид. Ҷолинус гуфтааст: «Мардеро бо оҳани нӯгтезе хастанд, ки пӯстро сӯрох карда, то ба бархе аз асабҳои даст расида буд. Сипас, пизишк бар вай марҳами часпонандаеро ниҳод, ки онро андар часпонидани ҷароҳатҳои бузурги гӯшт санҷида буд.
Аз ин маҳалли [ҷароҳат] варам кард ва чун варам падид омад, бар вай доруҳои ковоккунандае аз қабили зимоди орди гандум, об ва равғани зайтун биниҳод. Аз ин дасти он мард бигандид ва ӯ бимурд».
Баъд, агар аз сабаби решҳои асаб ташаннуҷ падид ояд, воҷиб он аст, ки агар чоки пӯст баста шуда бошад, бикушоӣ ва доруҳои аз барои ин гуна решҳо судмандеро ба кор бибарӣ, ки решҳоро бихушконанд ва ниҳоят латиф бошанд. Низ бикӯш, ки онҳо ба умқ бирасанд. Агар ҷароҳат иборат аз шикофтагию халидагӣ буда, омос ҷой надошта бошад, илоҷи ин илоҷи маҳаллист ва бояд [дору] аз ҷиҳати ҳарорат ва қувваи хушкиоварӣ қавитар аз он [доруе] бошад, ки аз барои чок ба кор бибаранд, зеро ин ба маҳалли дардманд ба осонӣ бигузарад.
Бояд тадбири ғизоии каси асабаш маҷрӯҳ ба ғоят латиф бошад. Агар ягон дарду омосе падид ояд ва хусусан ҷароҳат бар паҳно бошад, хӯрдани таом андар ин ҳангом бад нахоҳад буд, зеро андар ин ҳол низ бе муболаға ва бе ҳеҷ биме, масалан, аз беҳушӣ эҳтиёҷ ба кушодани раг биафтад. Бояд маҳалли хоби [бемор] нарм бошад ва андомҳои ба ҷароҳат наздикро бо равған молидан эҳтиёткорӣ кунанд, инчунин хусусан агар ҷароҳат андар бахшҳои барсӯвин бошад, сар, гардан ва зери бағали ӯро алалхусус бо равғанмолӣ ва агар ҷароҳат андар бахшҳои фурӯсӯвини тан ва ноҳияи соқ бошад, инчунин зиҳор ва пайғулаҳоро [эҳтиёт кунанд].
Фасли севвум доруҳои ҷароҳатҳо ва решҳои асабҳо

Сақизи хинҷак яке аз беҳтарин доруҳои ҷароҳатҳои асабҳост. (183) Аммо амсоли бачагон, занон ва касонеро, ки мизоҷашон сахт тар аст, пошидани, масалан, як худи [хокаи] сақизи хинҷак бо андаке аз равғани зайтун кифоят кунад, зеро агар [сақиз] хушк бошад, [равған] онро нарму часпак бигардонад. Ротиёнаҷ ҷонишини ин аст.
Аз барои касоне, ки мизоҷашон хушктару гӯшташон сахттар аст, бояд бо [сақиз] ба ҳасби мизоҷи тан ва намуди зоҳирии он ё навъи куҳна ва ё нав, ё ба миқдори кам ва ё бисёр фурубиюн ва монанди онро биомезанд.
Миқдори [фурубиюни] қавии нав бояд аз дувоздаҳ як ҳиссаи мумравған, ё сақизи хинҷак ва ё монанди он то сеяки мумравған ва ё он чизеро ташкил кунад, ки бо вай биомезанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ