Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе бо [сақиз] на фурубиюн, балки шири исфидакшир, ки бисёр аҷиб аст, ангужад, сакбина, говшир ва аз чизҳои камқуваттар бура ва кафки он, гӯгирде, ки онро бо равғани зайтун бар миқдоре аз шухи девори гармоба гарм карда бошанд, шукуфаи санги асюс194 ва ҳар гуна чизеро биомезанд, ки рутубатҳоро ба берун бикашад.
Зог, хокистари миси холис гардонида, сурунҷ ва сирешуми тилоро низ [ҳамроҳ кунанд]. Гоҳе андар марҳалаҳои аввали ҷароҳатҳои асаб чизе ҷуз хамирмоя ёфт нашавад ва чун онро ба кор баранд, суд бахшад ва аз умқи [ҷароҳат рутубатро] ба таври хеле хуб бикашад. Бисёр бошад, ки агар фурбиюн ёфт нашавад, шухи ошёни магаси ангубин ва ё орди шайлам бо оби хокистар ба шакли зимод суд бахшанд. Нахустин чизе, ки ба кор баранд, сақизи хинҷак ва сипас, масалан, марҳами босалиқун буда, онро бо чизҳои ёдшудае тақвият бидиҳанд, ки аз барои тақвияти он мавриди эҳтиёҷ бошанд.
Гоҳе бо мумравғанҳо оҳак биомезанд, то онҳо тафсон бигарданд ва оҳак бояд шуста бошад. Аз ҳама беҳтар онест, [94] ки бо оби дарё андар офтоби тафсон шуста бошанд.
Оҳакро ҳар қадар бештар бишӯянд, ҳамон қадар судбахштар бигардад.
Яке аз доруҳои хуб доруи Ҷолинус аст, ки аз мум, ротиёнаҷ, уфурбиюн, зифт ва равғани ситабри зайтун таркиб ёфтааст ва аз ҳар кадоми инҳо нимбахшӣ ва аз равғани зайтун як бахш бигиранд. Равғани баласон бо вуҷуди латиф будан чандон гармиоваранда нест, зеро ба ақидаи ман ӯ зуд ҳал бигардад.
Агар ҷароҳат аз сӯрох кардан ва ё халидагӣ иборат буда, бе омосу уфунат бошад, бояд марҳами фурбиюн ва ё саргини кабӯтар ба кор бурд: андар тани латифтар фурбиюн ва андар тани ситабртар саргини кабӯтар биниҳанд. Ба ҳасби чӣ гуна дарёфтани тан, намуди зоҳирӣ ва мизоҷи он миқдори ин [доруҳоро] афзоиш ва ё коҳиш бидеҳ. Ба изофаи ин, албатта, набояд бад-он роҳ дод, ки даҳони сӯрох гӯшт бигирад ва агар танг бошад, фарохаш кун. Бидон, ки бояд доруи ба ҳангоми [ҷароҳати] сӯрохкарда мавриди эҳтиёҷ қавитар аз доруе бошад, ки ба ҳангоми шикофтагӣ бад-он эҳтиёҷ биафтад. Ҳар гоҳ андар ҷароҳатҳо уфунат падид ояд, пас сакбина ва орди говдона хубанд, вале агар омосҳо ориз бигарданд, пас орди ҷав, орди боқилӣ ва орди говдонаеро низ [ба кор баранд], ки онро бо оби хокистар ва ё бо оби содаи каме мазаи сакбинадор ҷӯшонида бошанд. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки ҷароҳат рӯ ба беҳӣ ниҳодааст, андар ин ҳол аз ниҳодани [майпухта] бар вай бимнок мабош ва бояд доруҳоеро ба кор бибарӣ, ки андар майпухта гудохта шуда бошанд.195 Сипас ин [гудохтаро] гарм карда, бар пораи нарму азҳамбозкардае бигирӣ ва бар [ҷароҳат] биниҳӣ.
Фасли чаҳорум андар баёни омосҳое, ки асаби маҷруҳро ориз бигарданд

Аз он миқдор қонуни дармони ҷароҳати асаб, ки пеш аз ин оварда шиносондем, то андозае дармони омосҳои ҳангоми ҷароҳати [асабҳо] падидоянда низ шинохта шуд.

Акнун онро бояд густариш дода, он чизеро бигӯем, ки Ҷолинус андар китоби Қотоҷонис овардааст. Ӯ гӯяд: «Ҳар гоҳ андар ҷароҳатҳои асаб ва андомҳои асабӣ фалағмунӣ падид ояд ва ин фалағмунӣ қавӣ ва сахт афрӯхта бошад, ба ҳангоми муолаҷаи он бояд доруҳоеро ба кор бурд, ки аз сирко ва сангҳои маъдании мо ёдкарда сохта шуда бошанд». Аксари ин [доруҳоро] андар мақолаи дуввуми Қотоҷонис овардааст, ки яке аз онҳо чунин аст: як дираму чаҳоряк қалқадис, нуҳу ним дираму чаҳоряк зог, ду уқия ва ду ним дирам туболи мис, якуним уқия тарошаҳои кундур, як уқия борзад, ҳафт уқия мум, нуҳ уқия равғани зайтун ва ду ратлу чаҳоряк сиркои тезро гирифта, доруҳои хушкро даҳ рӯз бо сирко бисованд ва он чи ки гудозанда аст, бигудозанд ва сард кунанд. (184) Сипас ҳамаи инро андар як дег ҷамъ сохта, то расидан хуб биомезанд. Бояд бар андоми бемор ҳар рӯз ду-се бор равғани зайтун бичаконанд. Пеш аз ниҳодани ин дору бояд бар [ҷароҳат] аз берун пораи пашмеро барниҳанд, ки бо сирко ва равғани зайтуни ба таври муътадил гарм тар карда бошанд, зеро аслан барои асабҳои бемор ҳеҷ чиз зиёновартар ва бадгавҳартар аз ниҳодани чизи сард нест.
Агар андар ягон ҳолате туро ба зимод кардани ин асабҳо бо зимоде эҳтиёҷ биафтад, ки аз сирко, ангубин ва хокистар сохта шудааст, андар ин ҳангом бояд пухта бошад ва бояд орди онро аз орди говдона бигиранд. Агар туро [орди говдона] рӯи даст набошад, орди боқилӣ ва орди ҷавро ба кор бибар.
Фасли панҷум андар баёни кӯфта шудан ва каме лағжидани асаб

Агар асабро кӯфта шудан рӯй бидиҳад ва агар андар ин ҳангом ягон гармӣ ва ягон омосе ҷой надошта бошанд, пас, онро бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки оромкунандаи дард буванд. Ҳамчунин агар омос падид омада бошад, онро на бо доруҳои кафонандае аз қабили оби хокистар ва монанди он, балки низ бо доруҳои оромкунандаи дард муолаҷа бикун. Бинобар ин, воҷиб аст, ки бар андом пайваста равғани гармкарда бирезанд ва бояд ин равған қувваи нармкунӣ ва ҳалсозандагӣ дошта бошад.
Бархе аз равғанҳои дар ин бобат бисёр хуб равғани шибит, равғани бобунаи говчашм ва равғани судоб ба шумор бираванд ва зимодҳои аз инҳо сохташуда низ созгоранд. Агар хитмиро кӯфта, бар асаби кӯфтагӣ биниҳанд, таъсири аҷиб дорад ва гӯшти садаф низ аҷиб аст. Гоҳе онро бо балбуси пухта нармшуда муолаҷа кунанд.
Агар андар ин миён омосе ҷой дошта бошад, пас, тадбир аз барои таскини дарди он чунин аст, ки бар вай шираи бастаи ангурро бо шароб, андаке сирко ва ба миқдори лозимӣ аз равғани зайтун ба кор бибаранд. Ҳамаи инҳоро ба эътидол гарм карда,196 порае аз пашми чиркин ва хусусан пашми зуфоро андар онҳо оғушта, бар [асаби маҷрӯҳ] биниҳанд. Агар ин гуна дард андар пайвандгоҳҳо ҷой дошта бошад, андар ин ҳол беҳтар он аст, ки барои таскини дард доруи қавитар ва мураккаб бо доруи пазонанда ва ҳалкунанда барниҳода шавад, лекин он бояд ба қадри муътадил қабзкунанда бувад, то ки дору бо омос муқобилият нишон дода тавонад ва боиси аф зоиши он нагардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ