Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Дард ва омосро ба таҳқиқ бингар ва кадом қавитар аст, ба он бештар диққат бидеҳ. Агар дард набошад, бебокона амал кун ва доруҳои қавиеро аз қабили оби хокистару сирко ва шаробро низ ба кор бибар.
Агар аз омос муддати бисёре гузашта бошад, доруро қавӣ бигардон ва ҳалсозандагии онро шадидтар бисоз ва агар андар он ягон чизи қабзкунандае аз қабили доруи қавии аз оби хокистар ва ё аз шухи девори гармоба сохташуда дароварда бошанд, аз ин, албатта, набояд бимнок шуд.
Агар андар пӯст низ ҷароҳате бошад, он гоҳ ба доруҳое эҳтиёҷ биафтад, ки дорои хусусиятҳои хушккунандагии қавӣ, ҷамъсозӣ ва кашидан буда, бахшҳои [асаби] кӯфташударо ҷамъ сохтан ва ҷароҳатро суд бахшидан битавонанд. Агар пӯстро аз кӯфтагиву ҷароҳат заррае осеб нарасида бошад, пас, зимодҳоеро ба кор бибар, ки масалан, аз орди боқилӣ, сирко ва ангубин сохта бошанд.
Ин доруи хубест. Агар бихоҳӣ, ки бештар хушкиоваранда бошад, андар таркиби он орди говдона низ биафзой ва агар бихоҳӣ, ки аз ин ҳам қавитар бошад, андар он бехи савсан биафкан.
Агар ҷароҳат на ба андозаи қобили мулоҳаза бошад, асабро бо доруҳои боздорандаи омос муолаҷа карда, ба [ҷароҳат] машғул нашаванд. Гӯшти садаф таъсири аҷибе дорад. Гоҳе онро бо мумравғани аз намак сохта муолаҷа кунанд. Зимод кардани кундур ва мурр андар ҳар ду ҳолат шомили судбахшӣ аст.
Агар баробари ҳар ду ҳолат дарди безоркунанда низ ҷой дошта бошад, бояд бо доруҳо равғани зайтун омехта, онҳоро ба шакли гарм зимод намуд. Ба ҳангоми аз ҷой лағжидани асаб бояд аз об эҳтиёт шуд ва ба чи гарм ва чи сарди он набояд наздик шуд. Баръакс, бояд равғанҳои гармкардаеро, ки дорои қувваи растаниҳои хушбӯи латиф ва қабзкунандаанд ва дегафзорҳоеро ба кор бурд, ки низ ҳамин гуна буванд.
Аммо ҳукми асаби табаҳшуда ин аст, ки агар гоҳе порае аз асабро табоҳӣ ориз бигардад ва ба берун овардани он эҳтиёҷ биафтад, бояд онро ҳамчун берун овардани риштаи маданӣ берун овард.
Фасли шашум андар баёни сахтии асаб ва печидагии он

Бештари ин аз сабаби зарб хӯрдан ва афтидан ба амал ояд ва ҳар гоҳ онро бо ангушт зер кунанд, карахтӣ ҳис карда шавад. Илоҷи сахтии асаб ба илоҷи омосҳои сахт ва душбизҳо наздик аст. Мо он чиро аз доруҳои ин [беморӣ], ки мавриди зикр буд, андар ҷадвалҳои доруҳои сода ва андар Қарободин ёд кардем ва он чи ки бояд андар ин ҷо ёд кунем, доруҳои (185) андар ин бобат санҷидашуда аст. Бархе аз онҳо сабук буда, мисолаш ин аст:
даҳ дирам муқли яҳудиро гирифта, андар об тар кунанд ва андар он бигудозанд. Сипас ба миқдори якчанди он бехи хитмии сахт сударо бо он биомезанд ва зимод созанд. Бехи савсани бо шираи бастаи ангур сиришта низ ҳамчунин бувад. Низ, уша, борзад ва фурбиюнро бо дурди равғани зайтун ҷамъ созанд. Ё тухми марвро гирифта, аз он бо майпухта зимод созанд. Инчунин, диёхилун бо ним чанд аз саргини буз ба ғоят хуб аст.

Фасли ҳафтум
зикри бемориҳои устухон

Гоҳе устухонҳоро низ аз сабаби табоҳии мизоҷ, аз сабаби гусастани ягонагӣ, баромадан ва шикастан ва аз сабаби гандидан, реш шудан ва пӯст партофтан бемориҳо ба амал оянд. Мо андар баёни шикастагӣ ва баромадагӣ, ки ба шикастабандӣ эҳтиёҷ доранд, баъди ин [боб] сухан хоҳем ронд. Аммо он [осебҳое], ки на ба [шикастабандӣ], балки ба дору эҳтиёҷ доранд, ба ёварии Парвардигор андар ин ҷой ёд кунем.
Фасли ҳаштум андар баёни «боди сихзананда»
ва фасоди устухон

Сабаби «боди сихзананда» хилтҳои тезест, ки андар устухон нуфуз кунанд ва онро бихӯранд. Равиши «боди сихзананда» чун равиши дарди пайвандгоҳҳост, вале ба ҳангоми дарди пайвандгоҳҳо модда андар гӯшт ва ба ҳангоми «боди сихзананда» андар устухон ҷой дошта, хазанда бувад ва пай дар пай устухонро табаҳ созад. Гурӯҳе гуфтаанд, ки «боди сихзананда» ба сабаби реши худ андар тамоми тан ташаннуҷ оварад, [95] вале ин ба исбот нарасида бувад.
Фасли нуҳум нишонаҳои табоҳии устухон

Ҳар гоҳ устухонро табоҳӣ ориз бигардад, гӯшти бар забари вай бударо ҷунбону суст биёбӣ ва рӯ ба бӯй гирифтану зардоб кардан ниҳода бошад. Мил андар он то ба устухон ба осонӣ биравад. Ҳар гоҳ ба устухон бирасад, онро на ҳамвори лағжонанда, балки ба гунае дарёбанд, ки мил бо вай андаке бичаспад ва чунин бинамояд, ки гӯӣ на ба ягон чизи андар хеш устувор, балки ба чизи азҳамрезандаи гандандае бархӯрда бошад. Гоҳе, хусусан агар табоҳӣ на андар марҳалаи оғоз бошад, устухон ғиж-ғиж кунад ва нарм бинамояд. Вале андар марҳилаи оғоз ин гуна [оризаҳо] бо ёрии мил маълум нагарданд, балки гоҳе мумкин аст бар фасоди он сахт лағжидани мил ҳангоми бар устухон задан далолат кунад. Яъне бад-ин гуна ки ҳар гоҳ мил аз рӯи он лағжида ба ҳар сӯй биравад, ин далели он аст, ки парда аз устухон ҷудо шудааст ва ин ба фасоде вобастагӣ дорад, ки оғоз ёфтааст ва ин гуна фасод ҳангоме оғоз ёбад, ки гӯшти бар фарози [устухон] буда табаҳ шуда бошад. Агар устухонро бараҳна созӣ, ранги онро гардида хоҳӣ ёфт. Бисёр бошад, ки пеш аз ҳама омос ба амал ояд ва нахуст гӯшт табаҳ шуда, бимирад, сипас [табоҳӣ] ба сӯи [устухон] бихазад.
Фасли даҳум дармони он

Дармони табоҳии устухон совидану равондан ва ё буридану арра кардан аст, ки хоҳ носур ҷой дошта бошад,
хоҳ не, фарқ надорад. Зеро аз совидану тарошидан чора
нест. Ё ба андозаи бахши фосиди [устухон] доғ ниҳанд,
то қишрҳои табаҳшуда биафтанд ва дурусти он ба ҷой
бимонад. Гоҳе қишрҳои устухонро бо ёрии доруҳо низ
бирезонанд, чунончи қишрҳои устухони сар ва дигар [андомҳоро] ҳамин гуна бирезонанд. Аз ин бобат як доруи санҷидашудаест, ки бад-ин сифат бувад: зарованд, бехи савсан, мурр, сабр, пӯсти растании говшир, финаки сӯхта, туполи мис ва қишрҳои санавбарро гирифта, ба ҳам ҷамъ созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ