Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин [дору] бисёр аҷиб буда, қишрҳои устухонро бирезонад ва бар вай гӯшти хуб бирӯёнад.
Агар табоҳии устухон197 аз ин ҳам фурӯтар бошад, аз гирд бурида гирифтани он чора нест ва агар табоҳӣ то ба мағз расида бошад, ночор бояд он устухонро ҳамроҳи мағз берун овард. Агар табоҳӣ ба гунае бошад, ки ҷуз аз тариқи тамом ва ё бахше аз устухонро буридан ва арра кардан беҳ нашавад, ногузир бояд чунин кард. Маҳаллеро, ки буридан бояд, бад-ин гуна тавон шинохт: Милро давр дода то ҷое бирасон, ки андар он ҷой ӯро бо устухон ба ғоят часпанда биёбӣ ва ҳамон ҷой ҳадди [маҳалли табоҳӣ] бувад. Аммо агар устухони табаҳ бахше аз сари рону сурин ва ё масалан, муҳраҳои пушт бошад, ба сабаби ҳароммағз худдорӣ намудан аз муолаҷаи он беҳтар аст.
Агар эҳтимоли табаҳ шудани устухон ба сабаби табоҳии гӯште ҷой дошта бошад, ки пеш аз он ба вуқӯъ пайвастааст, андар ин ҳол илоҷ он бошад, ки гӯшти бар фарози [устухон] бударо ҷудо карда, бигиранд ва бояд андоми дурустро бо тилоҳое сард сохт, ки андар боби табоҳии гӯшт донистӣ. Гӯшти баргирифтаро низ бо ҳамин гуна доруҳо сард созанд.
(186) Фасли ёздаҳум чигунагии арра кардани устухони табаҳ

Ӯ гӯяд: «Гӯштро бад-ин гуна аз устухон бардоранд, ки ба як гӯшаи он ришта баста ва ба барсӯ бикашӣ. Сипас сарбандеро бигир ва бо он андом ва ё онро аз он ҷойгоҳ ба фурӯсӯ бикаш, то дандонҳои арра бад-он нарасад ва арра бикун. Агар туро ба арра кардани устухони паҳлу ва ё устухоне эҳтиёҷ биафтад, ки андар зери вай сифоқ ва ё ягон [андоми] шарифе аз қабили сифоқи устухонҳои паҳлу ва ҳароммағз ҷой дошта бошад, ба зери арра тахтаеро бинеҳ, ки андоми шарифро муҳофазат кунад. Агар гӯшти гирдогирди устухон тамоман ҷудо шуда бошад, ин [устухонро] арра кун, зеро бар устухоне, ки аз ҳама сӯ бараҳна гардидааст, гӯшт нарӯяд. Агар бахшҳои устухони табаҳшуда ба ягон пайвандгоҳе наздик бошанд, онҳоро аз пайвандгоҳ берун ор. Агар устухони бозу ва ё соқ тамом табаҳ шуда бошад, ҳамаро берун бикаш. Аммо агар сари рон, сурин ва муҳраҳои пушт табаҳ бигарданд, ба иллати ҷойгоҳи ҳароммағз будан аз муолаҷаи онҳо даргузар.
Фасли дувоздаҳум андар баёни устухонпораҳо ва қишрҳое, ки андар решҳои фароҳамомада боқӣ бимонанд

Беҳтар он аст, ки андар берун овардани онҳо шитоб
карда нашавад, балки ин корро ба табиат ҳавола наму

да, онро ёрӣ бидеҳ, яъне чизҳои [табиат] берун овардаро оҳиста, на бо шитоб бикаш ва онҳоро бо доруҳо ва дасткорӣ ба ҷунбиш наовар, зеро чизи ба зӯр берун оварда бидуни падид овардани решҳои носурӣ берун нахоҳад шуд. Ҳар гоҳ [пораҳоро] табиат ба сӯи пӯст биронд ва онҳо ба берун баромадан оғоз намуда, аз [маҳалли хеш] ҷудо шаванд, андар ин ҳангом ба ёварӣ пардохта, ҷароҳатро бичаспон. Ҳукми пораҳову пардаҳое, ки сазовори ҷудо шудананд, низ ҳамин гуна бувад. Агар ту шитоб намуда, зӯран онҳоро берун бикашӣ, андар ин кор хатари ба амал омадани ташаннуҷ, шӯридагии ақл ва табҳост, вале агар чунин [ҷароҳатҳо] рим кунанд, андар ин зиёни чандон бисёре нахоҳад буд.
Агар доруҳои онро донистан бихоҳӣ, яке аз онҳо доруест, ки ба сифати зерин бувад: равғани зайтуни кӯҳан, муми зард ва шухи ошёни магаси ангубинро бигиранд ва бояд маҷмӯи ҳар дуи [ахир] якчанди равғани зайтун бошад. Сипас ҳамаро бигудозанд ва баъд аз он як бахш фурбиюн, як бахш шири исфидакшир ва се бахш заровандро гирифта, аз ҳамаи инҳо чизе шабеҳи мумравған омода созанд.
Инчунин [доруи] дигар: уша ва муқлро гирифта, бо равғани савсан нарм созанд ва сипас ҳамаро аз тариқи совидан марҳам сохта, бар [ҷароҳат] ниҳанд. Ин яке аз доруҳое бувад, ки устухонро зуд берун орад.
Фасли сездаҳум андар баёни доруҳои шикастагии устухонҳо

Як намуд аз муолаҷаи шикастагӣ бо даст буда, мо онро баъд ёд хоҳем кард ва [намуди дигар] бо доруҳоест, ки аз шикастагии устухон ва лағжиши онҳо судманданд ва мо онро [андар ин ҷо] ёд кунем.
Як тило аз барои шикастагӣ ва лағжидагӣ: даҳ [дирамӣ] муғос ва моши сафедкарда, панҷ [дирамӣ] мурр, сабр, хитмии сафед ва ақоқиё ва бист дирам гили арманиро бигиранд ва агар омос гарм бошад, бо сафедии хояи мурғ ҳамаро тило кунанд. Низ: барги гази ҳиндӣ, сарв, мӯрд ва бедро гирифта, бикӯбанд ва обашро бифишоранд.
Ё сукк, гул, пиёзи наргис, мурр, бобилун, сандали сурх, гили арманӣ, лозан, фуфил, қумҳа (наи бӯё), хитмӣ, мош, ақоқиё, шоҳафсар ва марзангӯшро [гирифта], андар инҳо гулро биафзой. Агар ба гармиоварӣ эҳтиёҷ дошта бошӣ, андар ин [дору] марзангӯш, росан ва сарв биафкан.
Як зимод аз барои шикастагӣ ва лағжидагие, ки бо омоси гарм бошад: бист дирам моши сафедкардаро бо муғос, гулнор ва ақоқиё гирифта, зимод кунанд ва он сахт қавӣ бошад. Аз ҷумлаи ҳамин гуна доруҳо барги мӯрд, лозан, сукк, заъфарон ва гил мебошад.
Низ як дору, ки аз барои кӯфтагӣ ва сустӣ хуб буда, барои шикастагӣ, лағжидагӣ ва баромадагӣ судманд аст:
муғос, хитмӣ, ақоқиё, гил, сабр ва мурро бо оби мӯрд тило кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ