Қонуни тиб

Фанни панҷум
АНДАР БАЁНИ ШИКАСТАБАНДӢ,
ки аз се мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ БАРОМАДАГӢ
ВА ОН ЧИ КИ БАД-ОН ВОБАСТА АСТ
Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ
андар баёни баромадагӣ
Мо мегӯем: Баромадагӣ ин комилан берун шудани устухон аз ҷойгоҳи хеш ва аз он вазъи табииест, ки андар ҳамсоягии [андоми] ҳамҷавори хеш дорад. Агар пурра набаромада бошад, ин ҳолро «лағжидани пайвандгоҳ» ба сӯи андарун ва ё ба сӯи берун хонанд, ки онро аз тариқи даст-даст кардан бишиносанд. Ин лағжиш нопурра буда, гурӯҳе онро «васй» номидаанд. Агар аз ранҷи расида устухон набарояд, лекин (187) гӯшти гирди он кӯфта шавад, инро «ваҳн» хонанд ва ин на аз ҷумлаи лағжиш бошад.
Бошад, ки бандгоҳро ҳолати севвум ориз бигардад, яъне кашида шуда, дарозии табиияш биафзояд ва ба ҳадди баромадан нарасад, вале омодаи зуд баромадан бигардад. Ин ҳол бисёр вақт андар бозу ва рон ба амал ояд.
Бархе аз мардумонро бандкушоҳо омодаи зуд баромадан аст, аз баҳри он ки мағокии устухони бандкушоҳои эшон жарф нест, сари устухоне, ки андар онҳо бидароянд, на хуб андаромада бувад ва пайвандакҳое, ки онҳоро ба низом бидоранд, устувор нестанд, балки андар офариниш заифу борик ва ё тар буда, пазирои дароз шудан буванд, ё мумкин аст ба сӯи онҳо рутубатҳои часпаку лағжонандае битарованд ва ё мумкин аст шерозаи мағокиҳои он устухонҳои бандкушоҳо, ки [сари дигар устухонҳо] бад-онҳо бидароянд, шикаста ва мағокиҳои онҳо ҳамвори рахнанок ва бедевора бошанд.
Бархе бандкушоҳо зуд, бархе ба душворӣ ва бархе дигар ба таври миёна барояндаанд. Мисоли бандкушоҳои ба осонӣ бароянда пайвандгоҳи зонуст, аз баҳри он ки бандакҳои он нарм буда, бинобар сабаби судмандиҳои андар [илми] ташреҳ маълум нарм офарида шудаанд. Аз ин ҷост, ки [пайвандгоҳи зону] зуд бароянда гардидааст ва ба ҳамин сабаб низ бар вай кулча ниҳода бошад, вале ба изофаи ин зуд ба ҳоли дурустӣ боз ояд, зеро осонии баргаштан ҳамсанги осонии баромадан ва душвории баргаштан ҳамсанги душвории баромадан буванд. Бандкушои дӯш низ андар касони лоғар, на касони фарбеҳ, ба ҳамин наздикӣ дорад.
Аммо мисоли [пайвандгоҳҳои] ба душворӣ бароянда бандкушоҳои ангуштон буда, онҳо қариб аст, ки набароянд, балки пеш аз баромадан бишкананд ва ё пайвандгоҳи оринҷ низ чунин бувад. Бинобар ҳамин ба ҷои хеш баргаштани онҳо сахт душвор аст. Мисоли [пайвандгоҳҳои] миёнаҳол пайвандгоҳи сурин бувад.
Гоҳе чунин ориз бигардад, ки ба яке аз сабабҳо чизи на ба осонӣ бароянда ба осонӣ берун ояд [96] ва андар ин ҳол низ ба осонӣ баргардад. Масалан, гӯяки суринро чунин руй диҳад, ки аз рутубат пур шавад ва бинобар он баромаданаш осон бигардад ва баробари он баргаштанаш низ ба осонӣ бувад, чунончи худованди ирқуннасоро чунин ориз бигардад, ки суринаш ҳар замоне берун ояд ва ба андак кӯшише боз ба ҷои хеш бидарояд ва сипас дубора берун омада, боз ба ҷои хеш баргардад. Ин танҳо ба доғ мондан эҳтиёҷ дорад, на чизи дигар.
Душвортарин баромадагӣ онест, ки баробари он сари пайҳои борики як устухонро бо дигар устухон мечаспонанда биканад ва ин гуна [баромадагӣ] кам биафтад, ки ба ҳоли табиии хеш боз ояд. Аксар вақт ин [баромадагӣ] сари сурин, сипас сари бозу ва ҳар ду занди пойҳоро аз сӯи шитоланг рӯй диҳад. Агар баромадагӣ барнагардад ва шикастагӣ начаспад, андар ин ҳол баромадагӣ бадтар аз шикастагӣ бувад.
Фасли дуввум нишонаҳои ҳамагонии баромадагӣ
Бандкушоро афтодагӣ ва мағокии ғайри одӣ падид ояд, чунончи ба ҳангоми баромадани устухони дӯш ва ба ҳангоми баромадани бандкушои пой ҳамин гуна ҳол ба таври намоён ориз бигардад. Аз ин ҳам намоёнтар андар бандкушои гардан падид ояд. Муқояса яке аз роҳҳои дуруст муайян кардани он аст, яъне [бандкушои] иллатмандро бо бародари дурусти он андар худи як бемор, на ғайри ӯ, бояд муқояса намуд. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки бандкушо ҷунбидан наметавонад, ҳукум бад-он кун, ки баромадагӣ баромадагии пурра аст, вале агар он ба ҳама сӯй ҳаракат кунад ва ба ҳамаи ҳудудҳои лозимии худ бирасад, пас, ӯро ягон иллате нест, ки ба баромадагӣ алоқаманд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор