Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли севвум
нишонаҳои гароиш

«Гароиш» он бошад, ки ягон фурӯрафтагиеро баробари барҷастагии бари дигар мушоҳада кунӣ ва ё чунин барҷастагиеро, ки андар [бандкушои] андарун рафта ба ҳис маълум аст, андар ҳамтои [солими] он дарнаёбӣ, вале баробари ин баъзе ҳаракатҳо кардан мумкин бошад.
Фасли чаҳорум нишонаҳои афзоиши дарозии бандкушо бидуни баромадан

Нишонаи ин он бошад, ки пайвандгоҳ гӯӣ овехтааст ва агар онро бифишорӣ, аз ғайри такаллуф ба ҳадди табиии хеш боз ояд ва чун ба ҳоли хеш бигузорӣ, боз ба андозаи аразӣ дароз шавад. [Низ] мағокие падид ояд, ки агар ин ҳол андар ҷойҳои начандон гӯшти зиёд дошта, масалан, андар дӯш, ҷой дошта бошад, гоҳе ангушт андар он [мағокӣ] бидарояд.
Фасли панҷум дармони гароиш ва баромадагӣ

Баромадагие, ки пизишкро дучор ояд, берун аз ду ҳол нест: ё сода аст ва ё бо аразҳои дигаре аз қабили реш, ҷароҳат, омос ва ғайра таркиб ёфта бошад. Агар бо [аразҳои] дигар якҷоя бошад, бояд дид: агар ин баромадагӣ аз қабили баромадагиҳое бошад, ки бо кашидани андаке ба ҷои хеш баргардад ва аз он реш на ба андозае сахт дард кунад, ки боиси падид омадани омоси таҳаммулнопазир бигардад, андар ин ҳол баромадагиро ба ҷояш баргардонанд, вале агар ҳол бозгуна бошад, бояд нахуст реш ва ё ҷароҳатро дармон кард ва сипас баромадагиро муолаҷа намуд. Хусусан ба ҳангоми (188) [баромадани] бандкушоҳои бузург агар мо ин гуна баромадагиро [пеш аз ҳама] муолаҷа кардан бихоҳем ва хусусан, агар ин баромадагӣ андар андоми наздик ба андомҳои сарвар ҷой дошта бошад, ин [кори мо] аксар вақт боиси ташаннуҷи бузург хоҳад шуд. Ба ҳангоми омосҳо низ ҳол ҳамчунин бувад ва бинои тадбир андар ин ҳангом бар он аст, ки мо бояд бисанҷем: агар ҳол сабук буда, боиси ангехтани дард намешуда бошад ва агар ба ҳангоми он баргардондан душвор набошад, мо баромадагиро бепарво ба ҷояш баргардонем. Агар дард ба амал меомада бошад, набояд бад-он даст расонд, вале агар мо чунин кор карда бошем ва агар бастагӣ дардовар бошад, бояд онро бикушоем. Агар баромадагӣ ба осонӣ бидарояд, омос ва решро низ муолаҷа кунем.
Агар баромадан бо шикастан якҷоя биафтад ва агар кашидан ба як сӯ ҳар ду ҳолатро чора кардан битавонад, бояд чунин кард. Донишманде ҳикоят кунад: «Боре харсанге бар гӯшаи дӯши марде афтида, пӯсту гӯштро ба ҳадде дарида буд, ки сари устухони бозу бараҳна ҳаменамуд ва аз зери он сари охурак берун рафта буд. Яке аз шикастабандони нодон ба рост кардани устухонҳо пардохта, гӯшту пӯстро бар вай биниҳод, ҷамъ сохт ва бибаст. Сипас чунин ориз шуд, ки гӯшт бӯй гирифт ва устухони андар ҷавори хеш бударо табоҳ сохта, кабудаш намуд. Ин [шахс] бе хабар аз он буд, ки чунин гӯштро боистӣ бурид ва маҳалли онро бо равғани ҷӯшони зайтун доғ ниҳод».

Ҳамчунин, агар андар ин миён омоси бузурге ҷой дошта бошад, бояд нахуст онро дармон кард.
Тадбири рост кардани баромадагии танҳои сода чунин аст: онро бар хилофи ноҳияе бикашанд, ки аз он ҷой баромадааст, то сари як устухон бо устухони дигар баробар бигардад. Сипас чун онро ба ҷое баргардонанд, ки аз он ҷой берун омада бошад, бидарояд ва бисёр бошад, ки шунидани садое бад-он далолат кунад. Баъд онро бибанданд ва бастан аз омос эмин дорад ва аз барои омос накардан ёварӣ кунад. Эҳтиёҷ ба пешгирӣ кардани омоси сахт қавӣ аз ҳама бештар аст ва бинобар он баромадагии охурак ва ё кадом андомеро, ки набошад, ҷуз баъди муолаҷа ва таскин додани омос баргардондан раво нест.
Ба андом расидани пораҳои хушк нохуш аст, зеро онҳо гармӣ оварда, омос биангезанд, баръакс, бояд онҳоро бо мумравғани сардкарда ва ё бо шароби тунде тар намуд. Вале Буқрот васият кардааст, ки кашидану баргардонидани [баромадагиро] ба ҷуз андар ҳолатҳои истисноӣ бояд то ба рӯзи севвум ва чаҳорум пас бигузоранд ва ба ҳангоми гароиш198 низ ночор бояд чунин кард ва сипас бибаст.
Агар андом чунон бишавад, ки ба ҳар як ҷунбидан берун ояд ва ҳар бор чун ба ҷояш баргардонанд, боз берун ояд, иллати ин истирхо ва рутубат буда, ногузир бояд доғ ниҳод. Агар баъд аз пасгардондани баромадагӣ ва ё лағжидагӣ сахтие шабеҳи омос боқӣ бимонад, зимодҳо ва натулҳои нармкунанда ба кор бибар, вале андар марҳалаи оғоз ба зимодҳову натулҳои қависозанда эҳтиёҷ биафтад .
Дорурезӣ кардан бе шубҳа аз болои бастагӣ беҳтар аст:
ба зимистон яке аз равғанҳои қависозандаро гарм намуда, [бирезанд] ва ба тобистон ангубинро бо оби сард.
Ғизои бандкушо баромадагонро бояд аз чизҳои қувватбахшанда сохт ва маҳз ҳамин пайвандгоҳро қавӣ сохта, ба андозаи лозимӣ устувораш бибандад.
Фасли шашум илоҷи давидани бандкушоҳо

Бояд устухони сустшударо ба андаруни қароргоҳе бозовард, ки аз он ҷой берун давида бошад ва доруҳоеро зимод намуд, ки дорои қувваи қабзкунанда ва омехта бо доруҳои гармиоваранда буванд, чунончи мозу, гулнор, ақоқиё ва монанди инҳоро бо ягон чизе аз қабили гунди бедастар, қуст ва ушна биомезанд ва низ, гоҳе масалан ба бурсғунда, абҳал ва дигар чизҳое кифоят кунанд, ки андар таркиби зимоди фатқ бидароянд. Сипас, [бандкушойро] бибанданд.
Фасли ҳафтум андар берун омадани манаҳ

Гоҳе зерманаҳро чунин ориз бигардад, ки аз хараки хеш барояд ва даҳон боз монад, вале ин ҳол кам ва нотамом биафтад. Ҳар гоҳ манаҳ берун ояд, ба сӯи пеш ва бархилофи равиши он истирхое бигарояд, ки гоҳе ба ҳангоми даҳонфожа ӯро [чунин истирхо] падид ояд ва бар якдигар ҷафс сохтани бахшҳои онро душвор бигардонад, вале манаҳ аз ҳаракат кардан бо ёрии мушакҳои аз сӯи пас оянда боз наистад .
Гоҳе баромадан аз як сӯй ба амал ояд ва андар ин ҳол худи ҳайат бад-он гувоҳӣ диҳад, аз баҳри он ки майли манаҳ ба вуреб ба сӯи пеш бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ