Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Илоҷи ин якест ва ин [баромадагӣ] аз ҷумлаи онҳоест, ки бояд зуд ба пас гардонидани он шитофт, вагарна боиси бемориҳову офатҳо гардида, ба изофаи он баргардониданаш душвор шавад. Аз ҳама осонтар баргардондани ӯ ҳар чи зудтар баргардондан аст, зеро агар пас гузошта шавад, сахт бигардад, омос кунад, мушакҳо бидаванд ва табҳои монда ва сардардҳои доимӣ авҷ гиранд, чаро ки ба ҳангоми он азҳамкашидагии мушакҳо ба шиддат бувад. Бошад, ки (189) ҳол душвор бигардад ва беморро андар рӯзи даҳум бикушад. Гоҳе ин гуна [касонро] чунин ориз бигардад, ки аз шикам фазлаҳои зардавии бисёр ва холис биравад ва [аз даҳон] низ ҳамин гуна чиз қай кунанд. Бинобар ин бояд зуд ба муолаҷа шитофт. Тариқаи тадбири ӯ чунин аст: як нафар сари [бемор] бидорад, шикастабанд нарангушти худро андар даҳони ӯ бидарорад ва беморро бифармоянд, то аз ҳама сӯ манаҳро суст бидорад, зеро бо вуҷуди баромадагӣ андар он ҷой мушакҳоеанд, ки манаҳро кашидан нагузоранд. Сипас [шикастбанд] манаҳро ба росту чап ҷунбонида, якбора бикашад ва баъд пас бигардонад. Манаҳ бад-он ҷое аз пас бидарояд, ки аз он ҷой берун омадааст, вале онро бояд ба ҳадде кашид, ки бар ҳамон истод (пойгоҳ) рост бигардад. Нишонаи рост шудани он ба ҳам рост шудани чаҳор дандони пешин ва пӯшида шудани даҳон бувад. Сипас онро бо рифода ва мумравғани мум ва равғани гул бибанданд ва ба ҳоли хеш бигузоранд, ҳар чи зудтар беҳ хоҳад шуд.
Агар зуд ба [муолаҷаи] он напардохта бошанд ва сахтӣ падид омада бошад, андар ин ҳол бояд ба нарм сохтани он пардохта, андар гармоба бо оби гарм ва равған ба қадри зиёд дорурезӣ кунанд, то нарм бигардад. Сипас шикастабанд аз паси бемор нишинад ва манаҳи ӯро то ҷойгир шудан пас бикашад ва баъд аз он бибандад.
Сипас бояд бемор бар болини дарунаш ниҳоят нарм бихобад ва як нафар сарашро бидорад ва ҷунбидан нагузорад, то ӯ ба тамом дуруст бигардад.
[97] Фасли ҳаштум андар берун омадани охурак

Ӯ гӯяд:199 Охурак аз сӯи дарун боз нагардад, аз баҳри он он ки вай бо сина пайвастааст, на гусаста ва бинобар он аз ин сӯ ҳеҷ наҷунбад. Агар онро аз берун сахт бизананд ва ҷудо шавад, андар ин ҳол ӯро ҳамчуноне муолаҷа кунанд, ки ба вақти шикастан муолаҷа хоҳанд кард.
Аммо он сари охурак, ки аз сӯи дӯш буда ва аз он мунфасил аст, бисёр берун наояд, зеро мушаке, ки ду сар дорад, ӯро аз баромадан нигоҳ дорад ва низ, сари дӯш ӯро [баромадан] нагузорад. Ичунин охурак сахт ҳаракат накунад, зеро вай аз барои он ниҳода шудааст, ки синаро фарох дорад ва густариш бидиҳад. Бад-ин сабаб охурак аз миёни ҷонварон танҳо хоси инсон гардонида шудааст. Агар охурак ба ҳангоми кӯфт хӯрдан ва ё ягон кори дигаре ба ҳамин монанд берун ояд, ӯро бо даст ва ё бо рифодаҳои бисёре рост карда, ба ҷояш бидароранд, ки бар вай ниҳода ва ба таври муносиб баста бошанд. Ин гуна илоҷ аз барои сари дӯше низ созгор аст, ки аз ҷой

лағжида бошад ва онро ба ҷои хеш баргардондан бихоҳанд. Он чи ки охуракро бо дӯш бибандад, устухони куркуракист. Ин андар касони лоғар мавриди иштибоҳ қарор гирифта, чун билағжад, каси бетаҷрибаро гумон ояд, ки сари бозу аз ҷойгоҳи хеш боз шуда, берун омадааст, зеро андар ин ҳангом сари шона тезтар бинамояд ва маҳалле, ки аз он ҷой [устухон] берун омадааст, фурӯрафта ба назар бирасад.
Лекин боистӣ ин ҳолро бо далелҳо фарқ кард. Яке аз нишонаҳои ин ҳол чунин аст, ки даст ба сар нарасад ва ба дӯш низ ҳамчунин.
Фасли нуҳум андар берун омадани дӯш

Дӯш гоҳе берун ояд, вале шона бошад, андар берун омадани он шубҳа аст ва беруноии ӯро кори сахт бузург бишмаранд. Лекин пайвандгоҳи дӯшро аз сӯи бозу гоҳе чунин ориз бигардад, ки ба осонӣ берун ояд, аз баҳри он ки мағокии вай чандон жарф нест ва бандакҳояш ноустувор ва гузашта аз ин нарми бориканд ва барои он чунинанд, ки ҳаракатҳо ба осонӣ бианҷоманд.
Баромадани ин [бандгоҳ] аз он ҷой, ки маълум аст, бисёр ба назар намоён буда, вале ҷуз ба як сӯй берун наояд, чунки вай ба барсӯ берун наояд, ба иллати он ки фузунии дӯш ӯро боздорад, на ба сӯи пас берун ояд, аз баҳри он ки шона ӯро нагузорад ва на низ ба сӯи шикам берун ояд, аз баҳри он ки мушак дусара буда, баробари боз доштани сари дӯш ӯро низ аз сӯи пеш боз дорад. Лекин ин [бандгоҳ] ба сӯи дарун ва ё ба сӯи берун ба баромадан майл намуда, андаке бад-он сӯй билағжад. Аммо ба фурӯсӯ, хусусан андар касони борику лоғар, бештар берун ояд, зеро андар чунин касон бо сабуктарин сабабе андом берун ояд ва боз ба ҷои худ бидарояд, вале ин ду ҳол андар касони фарбеҳ ниҳоят ба сахтӣ гузарад. Ҳар гоҳ ба ҳангоми зодани душвор, чунонки медонӣ ва ё ба ҳангоми шикофтани ҷанин бозу берун ояд ва сипас онро зуд ба ҷояш барнагардонанд, чунин [бозу] минбаъд ба дарозо насабзад ва агарчи онро сипас ба ислоҳ оранд ҳам, оринҷ борик боқӣ бимонад ва гоҳе андар бархе касон низ ситабр нагардад, балки чун борикии бозуву соид кӯтоҳу борик боқӣ монад, вале ин андар бисёр касон пуррагӣ ёфта, аксар вақт хубҳол бигардад, (190) лекин ба ҳар ҳол кӯтоҳ буда, пойҳои пеши росуро монад. Аммо рон бошад, аз ҳар ду намуди нуқсон холӣ нахоҳад буд. Ҳар гоҳ бозуро бар паҳно шикастагӣ ориз бигардад ва сипас беҳ шавад, баромадагии ӯро ҷуз баъди шикастани ин маҳалли беҳшуда наметавон ҷойгир намуд.
Фасли даҳум нишонаҳои берун омадани бозу

Нишонааш ин аст, ки ба наздики сари дӯш тиҳигоҳ ва
хамидагие ба назар бирасад, вале ин [нишона] танҳо хоси он нест, балки ба сабаби бозгуна шудани сари шона
низ чунин бинамояд. Гӯшаи дӯши дигарро агар на андар худи он ва на андар устухоне, ки сари вай аст, ба сабаби ягон кӯфтагӣ ва ё ғайри он лағжидагӣ ориз нашуда
бошад ва бо дармон ранҷи онро таскин дода, онро саҳл
напиндошта бошанд, андар ин ҳол вай тезтар аз ин сари [дӯш] бинамояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ