Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бибинӣ, ки андар ҷиҳати зери бағал сари бозуи беруномадаро барҷастагии гӯймонанде бувад ва бибинӣ, ки бозу мисли часпидани бозуи дуруст бар паҳлу хуб начаспад ва ба сӯи он ҷуз ба сахтӣ ва дарди сахт наздик наояд. [Бемор] ҳарчанд бикӯшад, то дасташро бардошта, ба гӯши хеш бирасонад, чунин кор аз ӯ наояд ва ҳаракатҳои дигар низ барояш маъзур бошанд. Ин нишонаҳо гоҳе ба сабаби лағжидагӣ, омос ва ё кӯфтагӣ низ ба вуқӯъ оянд.
Фасли ёздаҳум илоҷи баромадагии бозу

Аммо илоҷи он бахш аз ин баромадагӣ, ки сабук аст ва [низ] он [баромадагие], ки андар тани кӯдакон ва касони нармтан руй бидиҳад, бад-ин гуна бувад, ки [шикастабанд] як дасташро дароз карда, ба зери бағал то ба наздики сари бозу бидарорад ва онро дошта, ба барсӯ бифишорад ва бо дасти дигар бозуро ба фурӯсӯ бикашад. Гоҳе андар кӯдакон чунин имконият бишавад, ки сари бозуро бо ангушти миёнгин рост намуда, бо худи ҳамон даст [дасти бачаро] бикашанд.
Ба ҳангоми баромадагии душвортаре, ки андар танҳои қавӣ рӯй бидиҳад, роҳи аз ҳама осон ин аст, ки шикастабанд пояшро андар паҳлуи бемор дароварда, пошнаи худро ба наздики сари бозу ва ё гӯяке ҷой кунад, ки ё хушк бошад ва ё агар омосида бошад, онро равған бимоланд. Ӯ [пояшро] ба наздики сари бозу ба ҳоле бимонад, ки бемор бар пушт хобида бошад ва ба дасташ дасти ӯро рост ва чунон бикашад, ки гӯӣ аз шона баркандан бихоҳад. Сипас дасташро каме ба андарун тоб дода, [бозуро] ба ҷояш бидарорад. Ин дурусттарин ва осонтарини ҳамаи роҳҳо бувад. Роҳи дигар ин ки шикастабанд як марди қавии аз бемор ҳам баландқоматро бифармояд, то ӯ дӯши хешро андар зери бағали бемор бидарорад ва ӯро аз замин бардошта, бар дӯши худ овезон бидорад ва дасти ӯро ба сӯи шиками хеш бикашад. Агар бемор сабуксанг бошад ва танаш бар дасташ бор наоварад, ҳамроҳи ӯ чизеро низ биовезанд, ки гаронии [танро] тарҷеҳ бидиҳад. Гоҳе ба ҷои чунин мард амудеро бар замин рост кунанд, ки бар сари он гӯе аз пораҳо ва пӯстҳо сохта бошанд ва ба ҳангоми кор фармудан қоиммақоми дӯши он мард бувад. Сипас шикастабанд аз сӯи дигар дасти [беморро] бикашад ва агар эҳтиёҷ бошад, тани ӯро бо ягон боре ва ё бо ягон чизи овехтание тарҷеҳ бидиҳад.
Агар баромадагӣ мушкилу душвор бигардад ва муддати дарозе аз он бигузарад, андар ин ҳол эҳтиёҷ бад-он бошад, ки баъд аз дорурезиҳо ва гармоба кардан ягон тариқаи қавитареро [ба кор бибаранд]. Гоҳе афзореро ба кор бибаранд, ки мисли калтак бувад, яъне он як чӯбдасти кӯтоҳ ва дарозияш камобеш ба андозаи дарозии бозуст. Бар сари он як гӯе [устувор] карда бошанд, ки аз ҳама сабуктари он аз пораҳову пӯстҳо сохташуда бувад ва бо он чӯбдаст ин гӯйро андар зери бағал биронанд.
Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки онро ба кор бибаранд, як марди қавӣ чӯбдастро бар зери бағал ниҳода, вайро ба барсӯ бибардорад ва ё ду мард ӯро ба барсӯ бикашанд, то бо шикастабанде, ки дастро ҳамекашад, муқовамат карда бошанд. Як марди дигар дӯши дигари ӯро бидорад, то ба

ҳангоми пас рондан ва ё бардоштани дӯши [дардманд] он дӯш барнаояд. Шикастабанд андар ин ҳол ба доштану кашидан ва ҷунбондани даст бо чунин оҳанге бипардозад, ки гӯӣ онро аз шона ҷудо мекарда бошад ва онро андаке ба сӯи дарун майл диҳад. Ҳар гоҳ ӯ чунин кунад, бозу андар бандгоҳи хеш биафтад. Сипас гӯйро ба зери бағал сахт часпонида, онро ба барсӯи сари бозу такя диҳад. Барои он ки мабодо бозу нашиканад, бояд чӯбча ва гӯй бар ҷое такя кунанд, ки аз сӯи сари бозу бошад, на бар ҷое, ки аз зери он, зеро [агар он бишканад], баъд аз баста шудани он [бозу] ба сабаби бароят маълум ба ҷои хеш нахоҳад даромад.
Гоҳе бо ёрии нардбон бад-ин гуна муолаҷа кунанд: сари бозуро бар пойгаҳи нардбоне биниҳанд, ки онро аз тариқи печиданҳое бар ҳайати созгор нарму бароҳат карда бошанд.
Ин мард аз сӯи дигар овехта бимонад ва чун дасташро бикашанд, сари бозу андар ҷои хеш бидарояд. Лекин бояд (191) овехтан ба ҳоле бошад, ки пойгаҳи нардбон ба наздики сари бозу рост ояд, то [бозу] нашиканад.
Гоҳе ба ҷои пойгаҳи нардбон ва гӯи гирда ресмонеро ба кор бибаранд, ки андар худи ҳамон ҷояш ҷойгир кунанд, на андар ҷое дигар, зеро аз ин бими шикастани бозуст. Гоҳе бо дигар тариқаҳое муолаҷа кунанд, ки аз ин тариқаҳо ҳам дида пурмашаққатанд ва беҳтарини роҳҳо ҳамон тариқаи аввалист.
Ҳар гоҳ баромадагӣ ба ҷои худ баргардад, беҳтарини бастанаш ин аст, ки гӯйро бо бандинаҳои паҳн бо дӯш бибанданд ва онҳо чизи баргардондаро лағжидан нагузоранд. Бояд айни ҳамин бандина ва ё бандинаи дигаре аз болои он чалепо ба сӯи дӯши дигарӣ биравад ва гоҳе чалепои он бар дӯши бемор биафтад. Сипас бозуро бо бар ба фурӯсӯ бандинапеч кунанд ва оринҷу охири дастро ба барсӯ, ба ноҳияи гардан бибанданд. Бастаро то рӯзи ҳафтум ва ё беш аз он накушоянд. Ба бемор ба гунае ғизо бидиҳанд, ки худ бидонӣ. Агар [бандгоҳро] ҳар боре, ки баргардонанд, ба беҳуда баромадан бигирад, ногузир бояд доғ ниҳод ва тариқаи он бароят маълум аст.
Фасли дувоздаҳум андар берун омадани шона дар нафси худ

Зикри ин оварда шуд. Ин гуна [баромадан] аз ҷумлаи чизҳоест, ки ҳеҷ иттифоқ наафтад ва масалан Буқрот ва Ҷолинус ба ҳангоми ин гуна ҳодиса ба тааҷҷуб оянд.
Фасли сездаҳум андар берун омадани устухони [98] хурди наздики дӯш

Гоҳе устухони хурдеро, ки бар сари дӯш аст, аз ҷой лағжидан ориз бигардад ва андар ин ҳангом низ мисли ҳангоми баромадан фурӯрафтагӣ падид ояд.
Фасли чаҳордаҳум андар илоҷ

Инро набояд чун кашидани шикастагӣ кашид, балки бо ангуштон зер карда бифишоранд ва ба ҷояш баргардонда, чун бастани охурак онро бо рифодаҳо бибанданд.
Гоҳе як худи бастан низ онро ҷабран ба ҷои хеш баргардонад ва ба шиддатнокии бастан ва нигоҳ доштани [бас тагӣ] на чандоне парво кунанд, ки ба ҳангоми [бастани] охурак парво хоҳанд кард.

пешина
аз 1215
навбатӣ