Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли понздаҳум андар берун омадани оринҷ

Ин бандгоҳ200 ба сахтӣ берун ояд ва ба сахтӣ баргардад, аз баҳри он ки бандакҳои андар гирди он буда сахт қавӣ ва кӯтоҳанд ва низ мағокӣ [бад-ин кор] муқовамат кунад. Гоҳе ӯро андаке лағжиш ориз бигардад ва гоҳе андар баъзе ҳолат баромадани тамом рӯй бидиҳад. Ҳар гоҳ агар берун ояд, кӯжии як бар ва камрафтагии бари дигар бад-ин гуна баромадан гувоҳӣ диҳанд. Аз ҳама бад он аст, ки агар ба сӯи пас берун ояд, зеро андар ин ҳол кашида бастани он сахт душвор бошад.
Аксар вақт занди фурӯсӯвинро беруноӣ ориз бигардад, аз баҳри он ки вай ба иллати гирифтори рафтуо будан бештар зиштҳолу қабеҳ аст. Аммо занди барсӯвинро кам бошад, ки [баромадан] ориз бигардад, вале на ба андозаи занди фурӯсӯвин зишт хоҳад буд, аз баҳри он ки вай бо панҷа201 қавитар баста аст ва камтар биҷунбад.
Ҳеҷ як аз ду занд то агар аз ёраш сахт дур нашавад, берун нахоҳад омад.
Фасли шонздаҳум андар илоҷ

Ба муолаҷаи он бояд зуд шитофт, вагарна зуд омоси гарме падид ояд, ки монеи муолаҷа бигардад ва агар андар ин ҳангом онро аз барои рост кардан бикашанд, боиси ҳалокати он хоҳад шуд ва гузашта аз ин онро ба ҳангоми ҷой доштани омос рост кардан ҳам номумкин аст. Лағжиши андакро камтарин зер кардан бо буни каф бартараф кардан битавонад ва онро ба ҷои худ баргардонад. Аммо ба ҳангоми баромадагии пурра чунин аст, ки агар ба сӯи пеш бошад, ӯро як тадбир ва агар ба сӯи пас бошад, тадбири дигаре хоҳад буд. Агар ба сӯи пеш баромада бошад, онро [бад-ин гуна] ба ҷои хеш баргардонанд: [шикастабанд] дастро ба таври шоиста омода сохта, бо кафаш як чанд бор бар дӯши аз бари ин [даст] буда бизанад ва бо дасти дигараш чун ёварӣ кунад, [бандгоҳ] ба ҷои хеш бидарояд.
Ба ҳангоми баромадагии ба сӯи пас нахуст бояд онро сахт бикашанд ва баъд ба сӯи пас бизананд. Агар аз ин роҳ [оринҷ] ба даромадан гардан наниҳад, як чанд нафари нерӯманд бозу ва соидро ҷунбидан нагузоранд ва шикастабанд ба дасташ равған андуда, ба сахт сила кардани оринҷ бипардозад, то он бидарояд. Сипас бояд онро бибаст. Соидро бо банд овехта, оринҷро андар оғоз ҳар қадар ки мумкин бошад, хам бидоранд ва баъд банди овехтаро пайваста андак-андак кӯтоҳ созанд, то кунҷи оринҷ танг бигардад.
Фасли ҳафтдаҳум андар берун омадани бандгоҳи банди даст

Баромадагии банди даст ба осонӣ боз ояд, вале ба душворӣ бидорад. Агар онро андаке бикашанд ва як андомро
бо андоми дигар баробар созанд, дубора боз ояд, лекин ҷойгир кардани он душвор бошад, аз баҳри он ки ҷисмҳои
гирди он бигрифта (192) омос кунанд ва ӯро хуб часпи

дан нагузоранд. Тариқаи кашиданаш бад-ин гуна бошад, ки як мард зандро ба сӯи пас бикашад ва шикастабанд панҷаро бар хилофи ӯ, яъне ба сӯи пеш кашида, ангуштонро [низ] аз нарангӯшт сар карда, то ангушти хурд якояк бикашад ва бо ҳамин [банди даст] рост шавад ва боз ояд.
Сипас онро зимод ниҳода, бибанданд.
Фасли ҳаждаҳум андар берун омадани ангуштон ва нишонаҳои он

Ҳар гоҳ ангуштон берун оянд, ба сӯи андарун бигароянд ва андар ин ҳангом аз дарун барҷастагӣ ва аз берун камрафтагӣ зоҳир бигардад. Устухонҳои банди дастро низ ҳол ҳамин гуна бувад.
Фасли нуздаҳум андар илоҷ

Аз ҳоли баромадагӣ ба ҷой боз овардани ангуштон андаке душвор аст. Онҳоро рост кашидан нашояд, балки бояд [бо даст] қабза намуда, бо нарангушти дасти худ, ки ҳангоми қабза кардан аз зери буни ангушт ҷой гирифтааст, [ангуштро] ба барсӯ чунон бибардорӣ, ки гӯӣ онро аз ҷой ҳамеканда бошӣ. Андар ин ҳол бибинӣ, ки ангушти баромада бидарояд ва садо бидиҳад.
Фасли бистум андар баёни аз ҳам боз шудани устухонҳои банди даст

Бояд ҳар чи аз рост кардан, ба ҷиҳати муқобил рондани ҳар як лағжидагию баромадагӣ ва тахта ниҳодану бастани онҳо мумкин бошад, бикунанд. Бояд тахтаҳоро бадин ҳол бигузоранд ва ё ба ҷои онҳо сурбпораҳоеро барниҳанд, ки бо гаронии хеш [устухонҳоро] рост намуда, вазъи онҳоро нигоҳ бидоранд, вале пеш аз ниҳодани тахтаҳо ва ё сурбпораҳо бояд ягон зимоди қавиеро аз он чи, ки медонӣ, зимод намуд ва онҳоро аз ҷой наҷунбонд.
Фасли бисту якум андар берун омадан ва лағжидани муҳраҳо

Муҳраҳо ҳар гоҳ тамом берун оянд, ин ногузир
боиси марг бигардад. Агар ба ҳангоми беруноии нотамом
онҳо хеле зиёд билағжанд ва ҳарчанд беруноии нотамом
аст, низ марговар бувад, аз баҳри он ки [муҳра] агарчи ҳароммағзро маҷоле дода, пора накунад, вале ночор онро
сахт бифишорад. Агар ин муҳраҳо [муҳраи] нахустини гардан ва муҳраи сипасини он буванд, ҷонвар аз нафас кашидан боз монад ва ҳамон замон бимирад, аз баҳри он ки
асаби нафасгирӣ фишурда шавад ва он кори худро кардан натавонад. Агар ин аз қабили муҳраҳои пушт буда,
ба сӯи шикам берун ояд, онро муолаҷа кардан нашавад
ва зуд бикушад, вале агар фурсате амон бидиҳад ва на ба
ҷое бошад, ки нафасгириро боз дорад, андар ин ҳол бирозу пешобро банд сохта, сипас бикушад. Ё агар ба ҳоле
фурсат бидиҳад, ки ҳароммағзро сахт нафишорад, ё чандоне бифишорад, ки боиси омос нагардад ва ё агар омоси андар он падид омада таскин биёбад, андар ин сурат
аз расидани ягон офате ба ҳароммағз ва асаби андар
зери он ҷойгоҳ буда чора нест ва ин боиси он бигардад, ки фазлаҳо бидуни ирода берун оянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ