Қонуни тиб

Агар ин [муҳра] ба сӯи пас берун ояд, зиёни ӯ ба ҳароммағз камтар бирасад, валекин андар ин ҳолат низ аз зиён расидан ва сустӣ овардан ба асаби андар зери ин [маҳал] ҷойдошта чора нест ва бинобар он пойҳо бемадор шаванд ва мушакҳои обгаҳу мақъад суст бигарданд.
Барои ба ҷои хеш боз овардани он ба қувваи қавӣ, фишори сахт ва зарбаи дардоваре эҳтиёҷ биафтад, ки аз он қариб дандонаҳои муҳра бишкананд ва гоҳе пеш аз он, ки ба ҷои хеш бидарояд, дандонаҳояш аз ин шикаста бошад.
Гоҳе ин [муҳра] ба сӯи яке аз ду бар берун ояд ва андар ин бобат мо андар ҷое сухан рондем, ки андар он ҷой аз кӯжӣ сухан мерафт ва инро ба қадри кофӣ аз он ҷой бояд ба даст овард. Нишонаи ин гуна [баромадагӣ] чунин аст, ки андар он ҷой ё барҷастагӣ ва ё камрафтагие дарёбӣ ва он чунин бинамояд, ки гӯӣ дандонаҳои он [муҳра] шикастаанд. Шикастани дандонаҳо чандон боке надорад, вале андар берун омадани муҳраҳо бими ҳалок бувад.
Фасли бисту дуввум андар илоҷ
Ба ҳангоми баромадане, ки ба сӯи пеш ва аз [муҳраҳои] пушт аст, умеди беҳӣ кам бувад ва кам биафтад, ки ба муолаҷаи он муваффақ шаванд, вале ба ҳангоми оне, ки ба сӯи пас берун ояд, эҳтиёҷ бад-он аст, ки бо ду зону беморро чун доштани ходими гармоба сахт бидоранд ва муҳраро ба қуввати тамом зер кунанд. Ё ӯро бар шикам бихобонанд ва бо пошнаи пой сум зананд ва ё мисли завола молидани нонвой ӯро бо чӯбак бимоланд. Агар ҳол аз ин ҳам шиддатнок бошад ва [баромадагӣ] нав руй дода бошад, ба гуфтаи Буқрот бояд як тахтаеро бигиранд ва дарозиву бари он ба андозае бошад, ки бемор андар вай ҷой бигирад ва ё дуконеро ба ҳамин андоза ба наздики девор ба дарозои он бигузоранд ва дурияш аз девор беш аз як қадам набошад. Бар вай фарши нарме аз барои тани бемор барандозанд. Сипас беморро гармоба карда, бар он тахта ва ё дукон ба рӯй бихобонанд. Баъд беморро аз болои сина ду бор бо тасма бипечанд ва сарҳои онро аз зери бағал бароварда, андар миёни ҳар ду шона гиреҳ андозанд. Сарҳои тасмаро ба як чӯби дарозрӯяи шабеҳ (193) ба дастаи ҳован бибанданд ва он чӯбро ба наздики сари тахтаи ниҳодашуда ва ё дӯкон бар замин рост ниҳода, ба дасти хизматгоре бидиҳанд, ки бар сари бемор истодааст, то онро нигоҳ бидорад ва сари фурӯсӯви он ба ягон чизе такя кунад ва сари бирсӯвини онро касе, ки ба наздики сар истодааст, ба ҳангоми ҳоҷат бикашад.
Ҳар ду пойҳоро низ бо тасмаи дигаре аз барсӯи зону ва аз барсӯи шитоланг бибанданд. Низ бо банди дигар ҷойҳоеро бибанданд, ки барсӯтар аз маҳалли ҷамъоии ронҳост. Сарҳои ҳамаи ин бандҳоро ҷамъ сохта, бар чӯби дигаре чун чӯби пеш ёдкарда бибанданд, ки низ шабеҳи дастаи ҳован бувад ва онро ба наздики он сари тахтаи ниҳодае, ки пойҳои бемор бад-он сӯст, мисли рост кардани чӯби аввала рост кунанд. Сипас ба дастёрҳо бифармоянд то ин чӯбҳоро ба сӯи мухолиф бикашанд.
Аз миёни мардум бархеҳо аз барои ин гуна кашидан афзорҳое, яъне тирҳоеро ба кор бибаранд, ки ба наздики ду сари тахтаи бузург ва ё дукон, яъне бар ду тарафе,
ки аз сӯи сару пои [бемор] аст, бар тахта рост кунанд ва чун ин тирҳоро бигардонанд, бандҳо бар онҳо бипечанд ва кашида шаванд. Ҳар гоҳ кашидан бад-ин гуна бувад, бояд мо бо буни ҳар ду каф кӯжиро бифишорем [99] ва агар моро бар вай нишастан лозим ояд, низ чунин кунем ва аз ҳеҷ чиз бимнок набошем.
Агар муҳраҳо бо ин гуна чизҳо рост нашаванд ва агар бемор бардошти фишурдан кунад, бояд андар девори наздикӣ баробар ба кӯжии [бемор] тоқчае бикананд, ки ба дарозо шабеҳи мизоб ва ба андозае бувад, ки дарозии тоқча як зироъ буда, аз муҳраи бемор начандон барсӯтар ва на фурӯсӯтар набошад. Гузашта аз ин бояд тоқчаро аз бози аввал канда бошанд ва маҳз ба ҳамин сабаб андар оғоз мо гуфтем, ки тахтаро ба наздики девор биниҳанд.
Сипас мо як тахтаи андозааш миёнаро гирифта, як сарашро андар тоқчаи девор ва миёнаи он ва ё ҳар ҷое аз онро, ки ба кӯжӣ бирасад, [бар кӯжӣ] биниҳем. Сипас сари дигари онро ба қадре ба фурӯсӯ зер кунем, ки муҳраҳо ба таври равшан ростшуда бинамоянд. Буқрот гуфтааст, ки як худи кашидан аз ғайри тахта ин гуна баромадагиро рост кунад. Ӯ низ гуфтааст, ки як худи зер кардан бо тахта низ чунин кор кунад. Агар ин рост бошад, пас, ба кор бурдани кашидане аз ғайри зер кардан номақбул нест, ки андар ибтидои навъи бо номи «лағжидани муҳра ба сӯи пеш» маъруф мо онро ёд кардем. Бояд баъд аз рост кардан тахтаи чӯбинеро ба кор бурд, ки паҳнои он ба қадри се ангушт ва дарозияш ба қадре бошад, ки кӯжӣ ва бархе муҳраҳои дурустро низ фаро бигирад. Бар вай пораи катонӣ ва ё тибитӣ бипечанд, то сахтӣ наоварад ва сипас бар муҳра ниҳода, бо бандинаи шоиста бибанданд. Бемор бояд ғизоҳои латиф бихӯрад. Агар баъди ин бақияе аз кӯжӣ боқӣ бимонад, боистӣ бо доруҳои ковоку нармкунанда муолаҷа карданро ба кор бурд ва баробари он тахтаеро ба кор бибаранд, ки мо онро хеле тавсиф намудем. Баъзе одамон тахтаи арзизӣ ба кор баранд.
Агар муҳра ба яке аз ду бар баромада бошад, онро бо ёрии як ва ё ду тахта рост карда, бибанданд.
Баромадагии [муҳраи] гардан, ки ба сӯи пас аст, илоҷпазир аст. Бояд беморро бар пушт хобонда, сарашро ба барсӯ бикашанд ва муҳраҳояшро бо зер кардану сила намудан рост кунанд. Ҳар гоҳ ки рост шуд, бар вай зимоди қависозанда ва аз болои он пораҳои тахтаеро мувофиқи гардан ва ба андозаи дарозии он ниҳода, бибанданд.
Сипас онро ба сар ва сина ба тавре баста монанд, ки бандина бар болои гулӯ наояд. Инро баъди як чанд рӯз бикушоянд. Риштаҳоеро, ки бо онҳо [бандинаҳоро] бибанданд, бар ҳайати шерозаи домони ҷома бисозанд, зеро гирдашакли он ранҷовар аст.
Фасли бисту севвум андар берун омадани думмоза
Думмоза ҳар гоҳ берун ояд, онро аз тариқи даст бишиносанд ва андозаи бузургии баромадагиро низ аз тариқи даст ва бад-ин гуна бишносанд, ки бемор на танҳо аз маҳалли берун омадагӣ ва аз наздики зону пойро дароз кардан натавонад, балки қат кардани зону ҳам барои вай сахт душвор бошад.
Тадбири он бад-ин гуна бошад, ки агар ҳар гоҳ рост кардан бихоҳӣ, бояд ангушти (194) миёнгинро ба мақъад то баробари маҳалли [баромада] бидарорӣ, сипас бо он сахт ба барсӯ бардошта, бо дасти дигарат маҳалли думмозаро бидорӣ, то рост бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор