Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд, онро зимод ниҳода, бибанд. Бемор бояд ғизо камтар бихӯрад, то бироз камтар ояд ва ба изофаи ин бояд чизҳои нармиоваранда бихӯрад.
Фасли бисту чаҳорум андар берун омадани сурин

Гоҳе ронро он гуна баромадане ба фурӯсӯ ориз бигардад, ки бозуро ориз бигардад ва чунон бинамояд, ки гӯӣ суст шуда бошад. Агар рон барояд, пойро на аз наздики баромадагӣ ва на аз назди зону рост кардан нашавад ва гузашта аз ин ба наздики зону аз ҳама мушкилтар бувад.
Баромадагии [сари рон] ҳам ба дарун ва ҳам ба берун бошад, вале аксар вақт ба сӯи берун ва ба нудрат ба сӯи дарун берун ояд. Гоҳе ба айни хамон сабабҳо низ ба сӯи пешу пас берун ояд. Ҳар гоҳ он ба ҳангоми зодан ва ё шикофта гирифтани ҷанин рӯй диҳад, он пой ба офариниш кӯтоҳу бориксоқ гардида, бори тан бардоштан натавонад ва беқувват, на қавӣ бувад.
Фасли бисту панҷум нишонаҳо

Аз сабаби ба сӯи андарун берун шудани сурин чунин ориз бигардад, ки пои баромада дарозтар аз ёри хеш ва зону барҷастатар бинамояд. [Бемор] пои худро аз наздикии пайғула хам додан натавонад ва пайғула дамидаву омосида бинамояд, аз баҳри он ки сари сурин андар вай ниҳон шуда бошад. Агар ба сӯи берун барояд, пой кӯтоҳ бигардад, андар пайғула фурӯрафтагӣ падид омада, аз пас андар маҳалли баробари он буда барҷастагӣ ва дамидагӣ ориз бигардад ва зону чунон бинамояд, ки гӯӣ ба сӯи андарун хам рафта бошад.
Агар [сурин] ба сӯи пеш берун ояд, пой дарозтар бигардад, бемор соқи хешро дароз кардан битавонад, вале ҷуз ба дард ёфтан ҷамъ кардан натавонад. Ӯ, албатта, қобили роҳ рафтан нахоҳад буд ва агар андаке ба такаллуф роҳ биравад, бар пошна биафтад. Бисёр бошад, ки аз сабаби он [беморро] пайғула омос гирад ва пешобаш баста шавад. Агар ба сӯи пас берун ояд, пои [бемор] кӯтоҳ гардида, онро дарозу ҷамъ кардан натавонад, вале гоҳе соқро аз тариқи хам кардани пайғула хам бисозад.
Андар пайғулааш истирхо падид ояд ва сари рон ба сӯи рӯдагон ояд.
Фасли бисту шашум андар илоҷ

Бояд зуд ба муолаҷаи он шитофт, зеро агар ба зудӣ ба
ҷои хеш баргардонда нашавад, бошад, ки рутубатҳо бадон ҷой битарованд, биганданд ва ин ҳол ба пурра табоҳ
шудани андом анҷомида, аз он хатаре сар занад, ки туро
маълум аст. Аммо ба фурӯсӯ берун омадани ронро бадин гуна тадбир кунанд, ки пойро бикашанд ва баъд аз
ба чапу рост ҳаракат додан ва ба маҳалли даромадан
рост кардан онро ба ҷои хеш биандозанд. Баъд, камарбанд

ва ё ресмонеро гирифта, аз барои пой чизе шабеҳи рикоб бисозанд ва бар соқ бибанданд ва сипас онро бар рон ва бар бандгоҳи росткарда ба андозае сахт бибанданд, ки онро доштан битавонад. Баъд онро бар дӯш тавре биовезанд, ки баробари он соқ дароз шудан натавонад.
Агар [сурин] ба андарун берун омада бошад, беморро бифармоянд, то ба рукӯъ биравад ва як нафари қавӣ ӯро аз маҳалли мезаной бидорад. Сипас шикастабанд бо дасти хеш сари ронро аз сӯи зону бигирад ва ба сӯи андарун ба ҳоле бикашад, ки сари дигари онро [ба берун] биронад ва онро якбора ба барсӯ ва ба берун сахт биандозад. Агар ягон кас аз тарафи дигар бар хилофи ҳаракат додани [шикастабанд] аз он ҷой сарбанд ва ё бандеро баста, [бо кашидан] ёварӣ кунад, хуб хоҳад буд. Сипас онро бо бандина бибанданд.
Агар ба сӯи берун баромада бошад, бояд шикастабанд як сари ронро, ки аз сӯи зонуст, бигирад ва бар хилофи ҳаракати ёдшуда ҳаракат бидиҳад ва шахси дигар андар ин ҳангом аз сари дигари он гирифта, бар хилофи ҳаракати якумӣ ҳаракат бидиҳад ва пеш аз ин бояд бар он ҷой сарбанд ва ё банде баста бошанд.
Ба ҳангоми он [баромадагие], ки ба сӯи пеш ва ё ба сӯи пас аст, бояд шикастабанд буни ронро бо тасма бибандад ва аз ҷиҳате, ки ба ҳасби майли ин баромадагист, онро ба сӯи дӯш бибарад. Марди дигаре сарҳои тасмаро гирифта, сипас ҳамаи эшон якҷоя онро ба сӯи пеш ва ё пас ба тавре бикашанд, ки бемор андар ҳаво муаллақ бимонад.
Ба ҳамин роҳ дигар намудҳои пеш ёд кардаи баромадагиро низ ба ислоҳ метавон овард.
Гоҳе инро ба ёрии пойрам муолаҷа кунанд. Сифати ин ба гунаест, ки бархе аз [пизишкон] онро ба таври хуб ёд карда гуфтааст: «Бояд андар саросари як тахта ба дарозои он хамчаҳои дарозрӯяе бикананд, ки ҳамагон ба хандақе шабеҳ бошанд ва паҳноию жарфои хамчаҳо на беш аз се ангушт ва дурияшон аз (195) якдигар на зиёда аз чаҳор ангушт бошанд, то сари пойрам андар бархе аз он хамчаҳо такя намуда, [сари ронро] ба ноҳияе рондан битавонад, ки бад-он сӯ боистӣ ронд. Бояд андар миёни тахтаи бузург ва ё дукон чӯби дигареро рост кунанд, ки дарозияш ба андозаи пой ва ситабрияш ба андозаи дастаи табар буда, ҳар гоҳ бемор бар пушт бихобад, ин чӯб андар миёни маҳалли рӯдагон ва сари рон даромадан битавонад.
Ин ҷасадро нагузорад, ки ба ҳангоми кашидани касе, ки аз ноҳияи пойҳо бикашанд, кашида шавад. Бисёр вақт ба кашидане эҳтиёҷ биафтад, ки аз барсӯ бошад. Агар ин низ ҷой дошта бошад ва ба изофаи он агар ҷасад ба фурӯсӯ кашида шавад, ин чӯб сари ронро ба сӯи берун биронад.
Кашидан ба фурӯсӯ ва хусусан кашидани пой бояд ба сифате бошад, ки пеш аз ин ёд кардем.
Агар сари рон бо ин гуна илоҷ надарояд, бояд чӯби рост ниҳодаро берун кашида, ду чӯби дигареро бар ду бари ҷои он чӯб, яъне аз ҳар баре як чӯбӣ халид, то ки ҳамчун паҳлудариҳо биистанд ва дарозии ҳар кадом аз он набояд камтар аз як қадам бошад. Сипас бар онҳо чӯби дигареро чун пойгаҳи нардбон савор кунанд, то шакли ин ҳар се чӯб ба шакли ҳарфе монанд бигардад, ки ба юнонӣ онро «это» – H хонанд. Ин шакл ҳангоме падид ояд, ки агар чӯби севвумро андар миёна андаке фу рӯтар аз ҳар ду тараф таркиб созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ