Қонуни тиб

Сипас бояд бемор бар паҳлуи дуруст бихобад ва рони дурусташро андар миёни он ду паҳлударӣ ва аз зери чӯбе, ки рави нардбонро монад, дароварда, дароз кунад ва рони дардмандро аз болои он равак бигузаронад, то сари рон бар болои он савор бигардад. [100] Пеш аз ин бояд бар равак ҷомаеро аз тариқи бисёр печидан густурда бошанд, то равак ронро озор надиҳад. Сипас тахтаи дигареро бигиранд, ки ба таври муътадил паҳн буда, дарозияш ба андозае бошад, ки аз сари рон то ба шитоланг бирасад. Онро ба дарозо аз дарун ба зери соқ биниҳанд ва ба он бибанданд, то вай [пойро] аз сари рон то шитоланг нигоҳ дорад. Сипас ё аз тариқи ба кор бурдани чӯбе ба кашидан бипардозанд, ки ба даста монанд аст, чунонки онро ба ҳангоми [рост кардани] кӯжӣ би кор бибаранд ва ё ба тариқае [ба кашидан бипардозанд], ки пеш аз ин ёд кардем. Бояд соқро ҳамроҳи тахтаи бо вай баста якҷоя ба фурӯсӯ бикашанд, то сари рон бо ёрии ин гуна кашидани сахт андар ҷои хеш бидарояд.
Низ тариқаи дигарест, ки ба ҳангоми он сари ронро аз ғайри ба тахта рост кардани бемор бидароранд. Ин тариқаро Буқрот сутуда, гуфтааст, ки бояд дастҳои беморро бо тасмаи нарм якҷоя ва ҳар як пояшро бо тасмаи қавии нарм ба ҳар як шитоланг ва бар ҳар як зону [алоҳида] бибанданд, бояд ҳар кадоми онҳо аз ёраш ба андозаи чаҳор ангушт дур бошад ва бояд соқи дардманд аз дигарӣ ба андозаи ду ангушт дарозтар кашида шуда бошад. Беморро аз сар биовезанд ва аз замин ба қадри ду зироъ дур бошад. Сипас як ғуломи ботаҷрибаи барно бо бозувони хеш аз бахши ситабртарини рони бемор, аз он ҷое, ки сари рон низ андар он ҷой аст, оғуш гирифта, якбора бар бемор худро биовезад. Ҳар гоҳ чунин кунанд, бандгоҳ бо сабуктарин маҳмезае ба ҷои хеш бидарояд.
Ин тариқа аз дигар тариқаҳо аз баҳри он осонтар аст, ки ба корҳои зиёд эҳтиёҷ надорад, лекин бисёр муолиҷакунандагон аз уҳдаи ин кор ба хубӣ набароянд, аз баҳри он ки эшон ба иллати осон будан онро написанданд.
Агар баромадагӣ ба сӯи берун бошад, бояд беморро ба тавре ҳамвор бихобонанд, ки мо ёд кардем ва сипас бояд пизишк бо пойрам аз берун онро ба дарун биронад, вале пеш аз ин як сари пойрамро андар мағокие ҷой кунанд, ки мо ёд кардем, то бад-он такя кунад. [Андар ин ҳол] бархе дастёрон аз ноҳияи рони дуруст истода, ӯ низ пойрамро бидорад ва пеши равиши онро бигардонад, то аз ҳад зиёд ронда нашавад.
Агар баромадагӣ ба сӯи пеш бошад, бояд беморро нахуст кашид ва сипас як марди боқувват буни кафи дасти рости худро бар пайғулаи дардманд биниҳад ва бо дасти дигар онро фишор дода, баробари ин ба фурӯсӯ ба ноҳияи зону биравад.
Агар баромадагӣ ба сӯи пас бошад, ҳоҷат нест, ки беморро (196) аз замин бардошта, [пояшро] ба фурӯсӯ бикашанд, балки боистӣ ӯро бар ягон чизи сахте биниҳанд, чунонки ба ҳангоми ҷудо шудани сурин ба сӯи берун ҳамон тавре, ки андар боби кӯжӣ ёд кардем, низ чунин кунанд. Беморро бояд бар тахта ва ё дӯкон бар рӯй хобонда, бикашанд ва бояд бандинаҳоро на бар сурин, балки бар соқ баста бошанд, чунонки пеш аз ин мо ёд кардем.
Низ бояд бо тахта бар рӯдаҳо ва ҷойгоҳе зер карданро ба кор бибаранд, ки пайвандгоҳ бад-он сӯй берун рафтааст.
Ин буд гуфтаи мо оид ба намудҳои беруноие, ки аз сабабҳои намоёни пешомада суринро ориз бигардад.
Лекин гоҳе сурин ба сабаби рутубате берун ояд, ки ӯро падид омада бошад, чуноне ки шонаро низ ҳамин гуна бувад. Андар ин ҳангом бояд доғ ниҳодан ба кор бурд, чунонки мо инро андар маҳалле ёд кардем, ки андар он ҷой аз ин гуна доғниҳӣ сухан ронда будем.
Фасли бисту ҳафтум андар берун омадани зону
Зону зуд бароянда аст ва гоҳе бидуни сабабе аз ғайри тез роҳ рафтан ва ё андаке лағжидан берун ояд, чунонки зерманаҳ бисёр вақт бе сабаб аз ғайри даҳонфожа берун ояд.
Зону ба ҳама сӯй берун ояд, вале на ба сӯи пеш, зеро андар он ҷой чашмаи зонуст ва ӯро берун омадан нагузорад.
Фасли бисту ҳаштум андар баёни илоҷи он
Беморро бар сандалӣ наздик ба замин нишонанд ва ҳар ду пояшро андаке бардоранд. Сипас як марди боқувват ҳар ду дасташро ба барсӯ ва ба фурусӯ сахт бикашад ва шикастабанд бандгоҳро ҳамчун баромадагии умумӣ ба ҷои хеш баргардонад ва бандад.
Фасли бисту нуҳум андар берун омадани разфа, ки он чашмаи зону бувад
Агар инро беруноӣ рӯй диҳад, бояд пойро дароз хобонда, чашмаро ба ҷояш баргардонанд. Сипас ба зери зону пораҳоеро биниҳанд, ки хам шудан нагузоранд ва бар вай тахтаҳое барниҳанд, ки чашмаро ба ҷиҳати майл кардааш боз омадан намонанд. Ҳар гоҳ он қавӣ шуда бичаспад, зонуро на якбора, балки оҳиста-оҳиста хам кунанд, то нарм бигардад.
Фасли сиввум андар берун омадани бандгоҳи пошна ба наздики шитоланг
Гоҳе шитоланг берун ояд ва чун берун ояд, барои баргардондани он ба кашидани қавӣ, илоҷи қавӣ ва зер кардани қавӣ эҳтиёҷ биафтад. Сипас боистӣ қариб чиҳил рӯз
бемор роҳ наравад, то дубора берун наояд. Аммо ба ҳангоми лағжидани андак-андаке фурӯ кашидан ва сипас
баргардондан кифоят бувад, вале ба ҳангоми тамоман
берун омадан ба гуфтаи пешиниён бояд онро бикашанд,
вале барнагардонанд. Эшон гуфтаанд, ки бояд беморро
бар пушт бар замин бихобонанд ва андар миёни ронҳои
ӯ ба наздики рӯдаҳо як мехи дарози қавиеро сахт андар
замин бизананд, то ҷасади ӯро ба ҳангоми аз пойҳояш
фурӯ кашидан ҷунбидан нагузорад. Гузашта аз ин бояд
ин мехро пеш аз хобондани бемор бизананд. Агар тахтаи бузурги мо ёдкардае, ки андар миёни он чӯби дигареро рост задаанд, андар пешат мавҷуд бошад, бояд кашиданро бар фарози он тахта иҷро намуд. Бояд як дастёре ронро дошта бикашад ва дастёри дигаре ё бо даст
ва ё бо банде бар хилофи дастёри аввалӣ пойро бика шад, пизишк бо дасташ баромадагиро рост кунад ва як дастёри дигаре пои дигарро ба фурусӯ бидорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор