Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд аз рост кардан бояд онро бо бандинаҳои қавӣ бибанданд ва бархе аз бандинаҳоро ба сӯи панҷаи пой бибаранд ва бархеро ба сӯи шитоланг бурда, андар он ҷойҳо бибанданд. Бояд аз асабе эҳтиёт шуд, ки аз пас бар болои пошна ҷой дорад, то бандина бар вай нафишорад. Бояд беморро чиҳил рӯз аз роҳ рафтан боз доранд, зеро агар ин гуна одамон пеш аз тамоман беҳ шудан роҳ рафтан бихоҳанд, андом аз фармони эшон рӯй тофта, муолаҷа барбод биравад.
Агар устухони пошна аз ҷаҳидан билағжад, чунонки ин ҳол бисёр ориз бигардад ва ё агар андар ин маҳал омоси гарме падид ояд, бояд ин андомро аз тариқи бар рӯй хобонидани бемор, кашидану баробар кардани андом,

бо дорурезиҳое, ки омосҳои гармро таскин диҳанд ва аз тариқи ба кор бурдани бандинаҳои мустаҳкам рост кунанд. Бояд бемор оромӣ гузинад ва то пурра беҳ шудани андом аз ҷой наҷунбад. Шитолангро бояд то ангуштон бибанданд ва пошнаро кушода бигузоранд.
Фасли сиву якум андар берун омадани устухонҳои панҷаи пой

Тадбири ин ба тадбири берун омадани устухонҳои панҷаи даст наздик аст. Гоҳе (197) агар бар вай пораеро биниҳӣ ва бо пойҳоят то рост шудан сум занӣ, кифоят хоҳад буд. Сипас онро зимод намуда, ба наҳви ёдшуда бибанданд.
Худой донотар аст.

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ АСОСҲОИ ҲАМАГОНИИ ШИКАСТАГӢ

Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ андар баёни шикастагӣ

Шикастагӣ ин парокандагии пайвастагиест, ки хоси устухон бувад. Навъе аз он ба шакли пошхӯрда ба амал ояд, ки агар бахшҳои он сахт реза бошанд, онро «кӯфтагӣ» хонанд ва гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки аз ғайри пош хӯрдан ба амал ояд. Ғайри пошхӯрда мумкин аст рост ва мумкин аст шох-шох бошад. Шикастагии рост гоҳе бар паҳно ва гоҳе ба дарозо биафтад. Оне, ки бар паҳност, гоҳе ба шакли аз ҳам ҷудо ва гоҳе ғайри ҷудошуда ба амал ояд. Оне, ки ба дарозо биафтад, яъне ҷағ оварда ва кафида, ба таври аз ҳам ҷудо наафтад.
Гурӯҳе намудҳои шикастагиро номҳо ниҳода, шикастагии бузурги бар паҳно ва ба андарун рафтаро «шикастагии турбмонанд», «бодрангмонанд» ва «шохчамонанд», шикастагии ба дарозоро «шикастагии химча», шикастагии ба дарозо равандаю паҳншавандаро «ҳилолӣ» ва «шохчашакл» ва шикастагии ҷузвҳояш ниҳоят хурдро «шикастагии пистӣ», «далидагӣ» ва «гавзӣ» гуфтаанд.
Ҳар гоҳ шикастагӣ пурра ба амал ояд, он баробарие, ки ба ҳасби қонуниятҳои пайвастагии табиӣ андар миёни ду устухон воҷиб аст, боқӣ намонад, балки ба зарурат аз баробари якдигар будан берун оянд. Бинобар он аз сабаби ин дуршавӣ ва зарурат андар пардаҳову гӯштҳои гирди он сихзанӣ падид омада, дард ҳис карда шавад ва аз паси он омос ба амал ояд. Агар ин ҷудошавӣ гирди бешохпораҳо бошад, андом ба осонӣ бозгуна бигардад.
Агар андоми шикаста ба сӯи берун майл кунад, ба гуфтаи Буқрот беҳ аз он аст, ки ба сӯи андарун майл карда бошад, зеро асабҳои андар он ҷой бо ӯ дучоршаванда бисёр буда, онҳо ба дард оянд.
Ҳар гоҳ шикастагӣ ба наздики бандгоҳ биафтад, деворҳову шерозаҳои гирди мағокие аз ҳам резанд, ки сари дигар устухонро андар хеш фурӯ бурдааст ва бандгоҳ омодаи берун омадан бигардад. Агар [101] шикас

тагӣ ба наздики бандгоҳ афтида, дубора бисабзад, ҳаракат ба сабаби сахтии [он ҷо] ба душворӣ давом кунад ва душбизе, ки падид ояд, барои нарм шудан эҳтиёҷ ба гузаштани як муддате дорад. Душвортарини ин онест, ки андар бандгоҳҳои устухонҳои хурд биафтад. Агар бандгоҳе, масалан, бандгоҳи шитоланг ба офариниш тангтар бошад, низ ҳамчунин хоҳад буд.
Шикастагии аз ҳама ба душворӣ сабзандаю фароҳамоянда онест, ки гирд буда, сипас майл карда бошад. Ин гуна шикастагӣ танҳо вақте бигирад, ки бастаи бо ҳандоми аҷиб бар вай бастаро ҳар қадар ки мумкин бошад, дарозтар нигоҳ доранд ва он ғизоҳову доруҳоеро бихӯранд, ки чунонки баъд ёд хоҳем кард, хунро аз барои ин ғараз омода созанд. Чунонки ёд кардаанд, бадтарин шикастагӣ онест, ки ба сӯи дарун бошад, на ба сӯи берун. Аммо он чи ки оид ба ҳалокатовар будани кандашавии мағз гуфтаанд, гуфтаи бемаънист, зеро мағз чизи гудохташавандаи нарми часпак буда, канда нахоҳад шуд.
Гоҳе баробари шикастагӣ гӯшти гирди шикастагиро аразҳое аз қабили ҷароҳат, хунравӣ, омос ва кӯфтагӣ ориз бигарданд, ки агар бо ягон тадбири боздорандаи уфунат чора насозанд ва ё теғ назананд, аз он хӯра бихезад.
Маҳалли шикастаро андар касони калонсол бо ёрии дард, маҳалли воқеъшавии сабаби шикананда ва бо дастдаст кардан муайян кунанд, вале андар кӯдакони хурдсол аз тариқи дард, омос ва сурхие бинамояд, ки аксар вақт андар эшон ориз бигардад.
Фасли дуввум андар баёни ҳукмҳои сабзиши устухонҳо ва зидди он

Агар устухонҳои шикастаро ба ҳоли пештара бозоранд, андар кӯдакон ва касони [умрашон] ба эшон наздик мумкин аст дубора бисабзанд, зеро қувваи аввалии
эшон ҳанӯз боқист. Аммо андар касоне, ки ба синни барноӣ ва боло аз он расидаанд, устухон насабзад, балки бар фарози он аз моддаи куркуракӣ кафшере падид ояд, ки миёни ду устухонро ба ҳам ҷамъ созад ва аз ҷинси он кафшере бошад, ки мисгарон аз ду пора арзиз барои пайвастани мис ва ғайра ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ