Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Устухонҳои аз ҳама бадсабзанда устухони бозу ва сипас соид аст. Охурак агар ба сӯи андарун бишканад, илоҷи он душвор бувад. Бадтарин шикастагии ду занд, шикастагии занди фурӯсӯвин аст, чунонки андар боби баромадагӣ ёд шуд. Аммо масъалаи рону соқ саҳлтар аст, зеро бастани устухони онҳо монеъи дароз кардани онҳо нахоҳад шуд.
Андомҳо аз ҷиҳати муддати гирифтани шикастагӣ аз ҳам фарқ кунанд. Масалан, бинӣ, чунонки гуфтаанд, андар даҳ рӯз, устухони паҳлу андар бист рӯз, зироъ ва он чи ки бад-он наздикӣ дорад, андар сиҳ-чиҳил рӯз ва рон андар панҷоҳ рӯз бигиранд. Гоҳе мумкин аст гирифтани устухони рон ба муддати дарозе кашида, то (198) се, ё чаҳор моҳ ва ё беш аз он давом кунад. Агар андом ба сабаби хато шикастабандӣ шудан ба сӯи шиками он майл кунад, беҳтар аз он аст, ки онро ба сӯи пушт майл дода бошанд ва майлаш ба сӯи гаронӣ шуда бошад.
Сабабҳое, ки аз барои онҳо шуда устухон намегирад, аз бисёр дорурезӣ кардан, бисёр кушодану бастани бастаҳо, зуд ҳаракат кардан, ба таври мутлақ кам будани хун ва кам будани хуни часпак андар тан иборатанд. Бинобар [камии хуни часпак] шикастагии касони зардамизоҷ ва касони нав аз беморӣ бархоста кам баста бигардад. Гоҳе бар баста шудани устухон падид омадани хуне гувоҳӣ диҳад, ки аз сабаби беш аз андозаи эҳтиёҷ ба сӯи шикастагӣ омадан табиат онро ҳамчун фазла биронад.
Фасли севвум андар баёни аслҳои кори шикастабандӣ ва бастан

Қоидаи шикастабандӣ ба андозаи лозима кашидани андом аст. Беш аз андоза [кашидан] боиси ташаннуҷу дард гардида, аз он табҳо бархезад ва бошад, ки истирхо падид ояд. Ин андар танҳои тар камзиёнтар аст, зеро онҳо ба кашидан созгорӣ кунанд. Кам кашидан монеи хуб часпидану ҷобаҷо шудан бигардад ва ин амр андар баромадагӣ ва шикастагӣ яксон бувад.
Ҳар гоҳ [шикастагиро] бар ваҷҳи шоиста кашиданд, ба рост кардани ду устухон бо ҳам ва ба ниҳодани рифодаҳову бандинаҳо ба тарзе ки ҳамебояд, бипардозанд ва бар фарози онҳо тахтачаҳо ва сипас бандинаҳо барбанданд. Андом бояд ба қадри имкон ором бимонад, вале гоҳ-гоҳе агар ягон офату омосе набошад, ба андозаи таҳаммули он [ҳаракат бидиҳанд], то табиати андом намирад. Ба ҳангоми кашидану бастани ҳам шикастагӣ ва ҳам баромадагӣ бояд эҳтиёт шуд, то дарди сахт ба амал наояд. Бисёр бошад, ки аз сахт бастан, дер кушодан ва ба он кам нигоҳу бин кардан андом бимирад, гандида гардад ва ба буридан эҳтиёҷ пайдо кунад.
Андар бештари ҳол мурод аз шикастабандӣ кардан падид омадани душбиз аст, вале на андар устухонҳое чун устухони сар, зеро бар вай душбиз нарӯяд. Бинобар он бояд чорабинӣ намуд, то [душбиз] на хушк, на кам ва на низ чандоне ситабр бигардад, ки аз андоза бигзарад. Пай

дост, ки бузургии душбиз ба ҳасби андом, миқдори бузургӣ ва ё бисёрии шикастагӣ ва ё ба ҳасби чизҳои хилофи инҳо ҳар гуна бувад. Андар ҳамаи ин ҳолатҳо чи кор бояд карданро аз тафсиле хоҳӣ донист, ки ба ҳангоми зикри ғизодиҳӣ ва ҳангоми зикри бастан баён карда шавад. Ба ҳангоми падидоии душбиз бояд аз ҳаракатҳои нороҳаткунанда, ҷимоъ, хашмгинӣ ва асабӣ шудан дурӣ ҷуст, зеро аз инҳо хун тунук бигардад ва бояд аз ҷойҳои гарм кӯч карда, ба ҷойҳои сард бирафт.
[Падид омадани душбизҳоро] бо зимодҳои қавии қабзкунанда, дорои каме гармӣ ва часпакиоваранда ёварӣ бидиҳанд. Андар таркиби ин зимодҳо абҳал, бурсғунда, касиро ва доруҳои фатқӣ биафзоянд. Агар шикастагиро чунин ориз бигардад, ки ба қадри қобили эътибор баста нагардад, бо вай коре кунанд, ки шабеҳи тарошидан ба ҳангоми решҳои беҳнашаванда бувад. Яъне он ҷойро бо даст ба ҳадде молиш диҳанд, ки [моддаи] часпаки тунуки фурӯмояи заиф биравад. Сипас гоҳе ин ҷойро чунин ориз бигардад, ки гарм шавад ва хуни нави хуб аз он берун омада, бар рӯи он душбизи қавие баста бигардад.
Бисёр вақт дигаргун гаштани ранги устухон ва рехтани қишрҳову пулакчаҳо аз он тақозои тарошидан кунанд.
Бар ин гуна [шикастагӣ] тахтачаҳо наниҳанд, балки агар ин кор ногузир бошад, танҳо бо бандинаи хуб кифоят кунанд.
Ҳар гоҳ шикастагию ҷароҳат як ҷо биафтанд, андар ин ҳангом шикастабандиро наметавон то ҳангоми беҳ шудани ҷароҳат ба таъхир андохт, зеро устухон сахт шуда, бастанро ҷуз ба душворӣ ва баъди кашидани сахт ва ҳолатҳои ниҳоят вазнин напазирад. Ба изофаи ин агар баробари ҷароҳат дардҳову омосҳои хатарнок ҷой дошта бошанд, андар ин ҳангом каҷ шудани андом беҳтар аз падид омадани хатари бузург бувад ва бинобар он набояд андар кори бастани ин гуна шикастагӣ муболаға намуд.
Агар баробари шикастагӣ устухон кӯфта шуда, аз он хатари хӯра шудани андом ҷой дошта бошад, бояд ин маҳалро теғ зад, то хун бирезад, зеро ин ҳол хатарнок аст, яъне андом бимирад. Чун хун бисёр рафт, бояд онро бибаст.
Бисёр вақт ба сабаби бими омос ва офати ҷароҳат эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки илоҷҳои барои андом нолозимро ба кор бурда, раг бизананд, исҳол оваранд ва ғизоро латиф созанд. Гоҳе аз сабаби бастагӣ хориш ба амал ояд ва ба кушодан ва ё рехтани оби гарм бар андом эҳтиёҷ афтад, то аз ин рутубатҳои сӯзишоваранда ҳал бигарданд.
Буқрот касони шикастабандӣ шударо андар ин ҳангом фармудааст, ки каме харбақ бимаканд ва ғаразаш аз ин кашидани моддаҳо ба сӯи андарун будааст, вале Ҷолинус аз ин бим дода, баръакс, фармудааст, ки ғориқун биошоманд, вале агар (199) ниҳоят зарур биафтад, каме сикангубини дорои қувваи харбақ [биошоманд]. Ӯ гӯяд, ки чунин кор андар замони Буқрот буд ва ду давраро аз ҳам ҷудо кардани ӯ бисёр шигифтовар аст.
Ҳар гоҳ шикастаро бастӣ, сипас он ба дард омада, бетоқатӣ оварад, роҳи савоб он аст, ки аз ин кор даст бикашӣ ва устухони бастаро бикушоӣ, бошад, ки бемор бо ҳамин аз дардҳо осуда бигардад.
Ба ҳангоми шикастагии ба дарозо андомро бо бастани сахте ҷафс созанд, ки аз ғайраш сахттар бошад ва онро ба ғоят ба андарун зер кунанд. Ба ҳангоми шикастагие,

пешина
аз 1215
навбатӣ