Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

ки бар паҳност, бояд ҳар ду устухонро ба ғояти имкон
буда ба ҳам рост кунанд, инро аз тариқи истоди бахшҳои солим ба назар бигиранд ва бингаранд, ки оё он чи
аз ин устухон аст, бо ҳамтои хеш аз устухони дигар баробар истодааст, ё не. Сипас онро бибанданд. Андар ин
миён бояд чизҳоеро ба эътибор гирифт, ки аз ҷумла шикастапораҳо, фузуниҳо ва рахнаҳо мебошанд. Агар шикастапораҳо ба ҳам ҷойгир карда нашаванд, миёни устухон ва сабзидани он ҳоил бигарданд. Агар онҳоро бишкананд, низ андар миёни ду лаби устухон боқӣ бимонанд
ва нагузоранд, ки онҳо ба якдигар зич шаванд. Ё агар онҳоро дур кунанд, фароғие боқӣ бимонад, ки андар он пайваста зардоб ҷамъ шуда, аз он чунин ориз бигардад, ки
худ бигандад ва андомро низ бигандонад ва илова ба ин
часпоиш устувор наояд, зеро устуворӣ ҳангоме ҳосил
бигардад, ки шикастапораҳову фузуниҳо андар баробари бахшҳои дигари муқобили онҳо устокорона ҷойгир карда шаванд. Бинобар ин аз кашидани ниҳоят сахте ё бо
даст, ё бо банд ва ё бо афзорҳои дигаре чора нест ва
бояд ҳар қадар ки мумкин аст, дуртар кашид, то баробариҳои миёни ду устухон ва миёни фузуниҳову даҳонаҳои онҳоро фурӯбаранда дуруст бигиранд ва бастагӣ рост
ояд. Ҳар гоҳ [шикастагиро] кашида, баробар кардӣ, яъне
агар баробаристии дуруст ҳосил кардӣ, савоб он аст, ки
кашидагиро андак-андак сар диҳӣ ва баробаристиро риоя
кунӣ, то ба дигар сӯй майл накунад. Ҳар гоҳ [устухон]
ҷойгир шуд, бо дастат дубора ҳоли ҷойгиршавиро бисанҷ ва агар андар он ҷой ягон барҷастагӣ ва дигар чизро дарёфтӣ, онро бо дастат рост кун. Сипас аз бастан бо
бандинае чора нест, ки андомро ба ҳоли оромӣ нигоҳ
дорад, вале набояд чандоне сахт баст, ки сахт дард оварад ва чандоне нарм, ки нигоҳ доштан натавонад ва фуруд
ояд. «Беҳтарини корҳо миёнаи онҳост». Бандина бояд
андар ҷое, ки бад-он сӯй майл аст, аз ҳама сахттар баста
шавад. Агар шикастагӣ тамом бошад, бояд сахтии бандина аз ҳама сӯ баробар бошад, вале агар шикастагӣ андар як сӯй бештар бошад, бояд бандина андар он сӯй сахттар ояд. Агар ба изофаи шикастагӣ чизе аз шикастапораҳо ва устухонҳои [102] хурд ҷой дошта бошад ва агар
онҳо ранҷовару дардовар бошанд, бояд ба рост кардани
онҳо пардозӣ, вале агар дардовар набошанд, ба онҳо диққат надеҳ ва даст нарасон. Агар, масалан, аз онҳо хаш-хаше шунида шавад, пас, умеди он аст, ки бар рӯи онҳо
душбиз давида истодааст, вале агар аз ин умеде набошад,
андар ин ҳол набояд аз ҳоли онҳо бепарво буд. Агар аз
сабаби шикастапораҳо андар гӯшт даридагӣ падид омада бошад, дуруст нест, ки мисли ҷоҳилон ба фарох сохтани он даридагӣ бипардозанд, лекин воҷиб он аст, ки
ҳар ду устухон ба ғоят рост карда ва бе ҳеҷ каҷӣ ба ду
сӯй кашида шаванд, зеро аз каҷ кашидан андар ин ҳангом табоҳии бузурге ба миён ояд. Ҳар гоҳ устухон кашида шуд, ба шикастапора рӯй оварда, онро ба ҷои хеш
бигардон ва бибанд. Агар барнагардад, даридагиро фарох насоз, балки ба қадри эҳтиёҷ намадпора ҳозир кун
ва андар он ба андозае сӯрох кун, ки шикастапора андар
он бидарояд. Бар болои он порае аз пӯсти нармро ба андозаи вай бинеҳ ва инро низ мисли намад сӯрох кун. Сипас устухонпораро аз онҳо бигузарон ва бар пӯсту намад

ба ҳадде зер кун, ки онҳо ба фурӯсӯ бираванд ва устухон аз сӯрох то буни хеш берун ояд. Сипас онро бо арраи дасткорӣ арра кун. Ин арраи борики тунуки тезе бувад, ки арраи шонасозонро монад. Гоҳе буни он бахшеро, ки эҳтиёҷ ба ҷудо кардан дорад, бо парма як чанд сӯрохҳои пай дар пай кунанд, ки маҳалли мавриди шикастан қарордодаро фаро бигиранд. Ин кор хусусан андар ҷое аз хатар холӣ нест, ки агар аз паси устухон ягон ҷисми гиромие ҷой дошта бошад, вале гоҳе [шикофтан] некфарҷомтар аз афзорҳое аст, ки бо ҳаракату задану буридани худ [андомро] ба ларза оваранд. Гоҳе ҳила ба кор бурда, пармаро бар болиштаке аз гавҳар бигзоранд, ки онро беш аз андозаи муайян фурӯ рафтан нагузорад ва андар ин ҳангом аз афзорҳои ларзонанда дида камтар офатнок хоҳад буд. Бинобар он, бояд андар бари шикастабандон аз ин гуна пармаҳо намудҳои гуногуне омода бошанд. Гоҳе мумкин аст шикастапора зоҳир нагардад, лекин ночор зардоб битаровад. Андар ин ҳол аз тариқи [зардоб] бар шикастапора далел бигиранд. Он зардобро бо доруҳои хушккунанда ва банданда муолаҷа кун ва сипас он кореро бикун, ки туро кардан бояд.
Агар шикастапора (200) ва пораи устухон ҷудо шуда, мушакҳоро бихаланд ва дард диҳанд, ногузир бояд чок кард ва барои он чи ки берун бояд ояд, тадбири берун омадан ва барои он чи арра кардан бояд, чораи арра кардан дид. Агар чизи шикастаю резашуда бисёр бошад ва онҳо бисёр шикаста ва резашуда бошанд, ночор бояд ҳамаро берун овард, вале агар шикастагӣ бе реза шудан бошад ва берун кашидану шикастани он ҷои бисёреро фаро бигирад, маҳалли аз ҳама иллатноки онро бибур ва боқиро ба ҳоли хеш бигзор, зеро андар ин кор ҳеҷ зиёне нест, вале андар буридани ҳамагон зиёни бузург бувад.
Фасли чаҳорум андар панди шикастабанд

Шикастабанд бояд майли устухони шикастаро тааммул кунад. Ӯ андар ҷиҳате, ки майли устухон бад-он сӯй аст, кӯжӣ ва андар ҷиҳате, ки устухон аз он сӯй майл кардааст, камрафтагӣ хоҳад дарёфт. Аксар вақт инро аз тариқи ламс метавон муайян кард. Низ, дард андар ҷиҳате шиддат ёбад, ки майл бад-он сӯй бувад ва [садои] хашхаш низ аз он гувоҳӣ диҳад. Сипас ӯ кори худро бар ҳамин поя бино кунад.
Бояд шикастабанд ба ҳар ҳол дасти худро бар маҳалли шикастагӣ ниҳода, ба нармию латифӣ як чанд бор ба барсӯву фурӯсӯ бибарад ва агар ягон лағжидагӣ, ё барҷастагӣ ва ё шикастапораеро дида бошад, онро хуб бишиносад, то ӯро аз ғайри зарурат дубора бастани беҳудае лозим наояд, ки он боиси ташаннуҷ ва ё дард бигардад.
Набояд пеш аз офияти тамом ба ростии ба чашм намоён саргарм шуд, зеро бошад, ки омос бисёре аз баднамудиву каҷиҳоро бипӯшонад.
Ҳар гоҳ шикастабанд шикастагиро тааммул кунад ва бибинад, ки агар онро хуб рост накунад, андом баднамуд бигардад ва агар онро хуб рост кунад, боиси ташаннуҷу таби душвор мешуда бошад, андар ин ҳолат беҳтар он аст, ки инро ба ҳоли хеш бигзорад ва даст назанад. Агар барои бастан ба он даст занад, вале устухон аз ин рӯй тофта, ҷойгир нашавад, набояд андар ин кор сахткӯшӣ намуд ва чӣ гунае набошад, онро ҷабран ба ҷои хеш бидароварад, зеро аз ин беморро [осебе] бузургтар аз каҷ мондани устухон хоҳад расид.

пешина
аз 1215
навбатӣ