Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар баргардондану дуруст кардан дарди сахт ба амал оварда ва пизишк онро ба ҳоли шикастагӣ баргардондан битавонад, андар ин кор барои бемор осоишу роҳати бузурге хоҳад буд.
Шикастабанд бояд зуд ба бастани устухони шикаста шитофта, худи ҳамон рӯз онро бибандад, зеро агар ин кор ҳар қадар дер ба амал оварда шавад, хусусан ба ҳангоми устухонҳое чун рон, ки андар гирди онҳо мушакҳову асабҳои зиёданд, ҳамон андоза ба ҷои хеш даровардани устухон ба душворӣ бианҷомад ва андар ин кор офатҳо бисёр буванд. Бояд [шикастабанд] аз барои тезондани сабзиш аз сабабҳои ёдшуда ёварӣ ҷӯяд, ки зидди сабабҳои дерсабзианд ва саромади онҳо фаровон сохтани хуни часпак бувад.
Фасли панҷум андар баёни истоди чизи шикастабандишаванда

Ҳар андомеро, ки ҳамебандӣ, бояд ӯро истоди созгоре бошад, ки дард кардан нагузорад ва беҳтарин истод аз барои ин ғараз онест, ки ба табъ бошад. Масалан, даст ба хам истодан ва пой ба дароз кардан майл доранд. Ба изофаи ин бояд андар ин кор одати бемор ба назар гирифта шавад. Ҳамчунон ки андоми эҳтиёҷ ба овехтан доштаро бояд рост биовезанд, ҳамчунин андомеро, ки ҳолаш тақозои овехтагӣ надорад, бояд такя кунад ва бар ягон чизи ҳамвори пасте ниҳода шавад, ки то бахше аз он овезону бахше такя карда набошад.
Ҳар як андоми шикастабандишударо ҳолати овехтагӣ бад аст, чунонки ба барсӯ бардошта доштан ба ҳангоме, ки ягон монеае андар миён набошад, ӯро созгор аст. Агар ниҳоди андомро ба тавре дошта бошӣ, ки бартар аз андозаи лозимӣ ва ё фурӯтар аз он бошад, ба ҳасби майл додани банд ва ниҳод андомро тоб деҳ ва каҷ соз.
Фасли шашум андар баёни чигунагии бандинаҳо ва рифодаҳо

Бояд пораи бандина покиза бошад, зеро пораи чиркин
сахт буда, дард биангезад, бояд тунук бошад, то агар чизе бар вай тило кунанд, аз он бигузарад ва бояд сабук бошад, то бар андоми дардманд гаронӣ наоварад. Бояд бандина аз маҳалли дуруст як миқдори қобили мулоҳазаеро фаро бигирад, зеро ин андоми басташударо аз лағжидан хубтар ва маҳкамтар нигоҳ дорад. Андар ин кор низ
набояд ба ифрот рафтор кард, зеро аз ин андом тангмасом гардида, ғизо гирифтан натавонад. Изофа ба ин он
миқдор аз бастанеро, ки мо тавсия дорем, рутубати ба сӯи
андоми бемор таровандаро бештар фишурда, аз он ҷой
дуртар биронад ва чизи ба сӯи он ояндаро бештар баргардонанда бувад. Бандинаи паҳн аз барои ин ғараз хубтар аст. Вай сахттар биистад ва бештар фаро бигирад, вале ин ба ҳасби он чи ки барои ҳар як андом мумкин аст
вобаста мебошад. Масалан, он чи ки аз барои ин кор андар сина ба кор биравад, андар даст ва он андомҳое, ки паҳн

нестанд, ба кор рафтан натавонад, зеро ин андар онҳо номумкин аст, балки агар андар онҳо бандина паҳн гардонида шавад, бар мисоли истодан андар он андом андар инҳо низомнокии худро нигоҳ доштан натавонад. Бинобар он (201) андар амсоли инҳо бояд бар паҳноии аз се то чаҳор ангушт кифоят намуд. Мисоли ин занд, охурак ва монанди инҳост. [Бандинаи паҳнро] андар онҳо ба кор бурдан наметавон, балки агар бо бандинаи борик баста нашаванд, аслан номумкин аст. Аз болои охурак бандинаи паҳнро наметавон гузаронид ва андар ин гуна ҳолат ба бисёр печонидан эҳтиёҷ биафтад, то ки он қоиммақоми бандинаи паҳн бигардад. Бандинае, ки бипечанд, агар паҳниаш се-чаҳор ангушт ва дарозияш се зироъ бошад, кофист.
Рифодаҳоро гоҳе аз барои он бигузоранд, ки то бандинаҳоро барои истодан ёрӣ диҳанд, балки онҳо ду синфанд.
Ғараз аз як синф баробар доштанест, ки андомро суд бахшад ва бояд кӯшид, ки миёни қабатҳои он кушодие наафтад, онҳо ҳар гуна болои ҳам хоб нараванд ва бояд бо онҳо фароғиҳо пур бигардад. Ғараз аз синфи дигар он бошад, ки бо он бандинаро бипӯшанд ва дубора онро ҳамвор созанд, то бандина яксон бипечад, яксон бихобад ва андар як ҷой сахттару андар ҷои дигар ковоктар наояд ва низ то тахтаҳо бар вай хубтар бихобанд. Пас, аз ин ду синфи якум барои бандинаҳову сарбандҳо ва синфи дуввум барои тахтаҳо будаанд. Бандинаи зерин моддаҳоро бидорад ва дуввумӣ каҷ шудан нагузорад. Қабатҳои рифодаҳо бояд андар он ҷое биафтанд, ки андар он ҷой бандина қавитар аст. Онҳоро ба қадри имкон андар ҷое бештар биниҳанд, ки андом давра бигардад ва шумораи онҳо низ бояд ба андозаи даври он бошад. Гоҳе ба истеъмоли рифодаҳои хурде эҳтиёҷ биафтад, ки як рифодаи [бузург] онҳоро бипӯшад ва ба дарозои бандинаи бар маҳалли [иллат] воқеъ аз болои онҳо бихобад.
Бастане, ки онро «дурӯя» ва «дусара» хонанд, бастанест, ки ба намуди зерин онро ба кор баранд: миёнаи пораеро, ки бо он маҳалли иллатро ҳамвор бидоранд, бар ин маҳал биниҳанд ва ин маҳал андар зери ду нимагоҳи пора қарор бигирад. Сипас ҳар як аз ин ду нимаро ба ҷиҳати мухолиф бибаранд ва андар печидани онҳо бо ҳар ду даст ба тавре амал кунанд, ки машҳур аст ва ҳоҷат ба баён нест.
Фасли ҳафтум андар тафсир ва тафсили чигунагии бастан

Бояд бастанро аз маҳалли шикаста оғоз намуда, аз он
ҷой ба сӯе бирафт, ки рӯ ба бузург шудан дорад ва андар
он ҷой бандинаро аз ҳама сахттар бибанданд ва ё андар
он ҷое бояд бандина аз ҳама қавитар баста шавад, ки шикастагӣ аз ҳама қавитар аст. Умуман, [103] ҳам маҳалли
шикастагӣ ва ҳам маҳаллеро [аз ҳама сахт бибанданд],
ки ба гардонидани моддаҳо аз он сӯй ва ба нигоҳ доштани вазъи он ҷой эҳтиёҷ аст. Ин [тадбир] аз омосидан
эмин бидорад ва гузашта аз ин бошад, ки омосидагиро
ҳал кунад. Эмин будан аз омосидан дар навбати худ аз
гандидани устухон эмин дорад. Лекин ин аз зардобе, ки
агар андар худи устухон ва то мағзи он падид омада,
мағзу устухонро фосид карда бошад, суде надорад. Ин
эҳтиёҷ ба шикастан, кушодан ва роҳ додан ба рим аст, то берун ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ