Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз ҳама беш таровидани ин гуна [моддаро] аз сӯе бояд ҳимоят намуд, ки аз барсӯст, вале гоҳе агар андоми барсӯвин заиф бошад, андоми фурӯсӯвин фазлаи худро ба сӯи он биронад.
Бандинаҳову тахтаҳоро набояд ба андозае сахт бибаст, ки ғизову хунро расидан нагузоранд ва ин яке аз сабабҳои боздорандаи сабзиши устухон бувад. Буқрот ба ҳангоми [шикастаҳои] рӯ ба омосидан дошта, аз барои дафъи омос бандинаҳоро бо мумравғанҳои гардонандаи модда ва бо равғани зайтуни норасиду мум тақвият медодааст.
Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бандинаҳоро билфеъл бо бод ва ё об сард бигардонанд, то пеши омос гирифта шавад ва гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки омосро, масалан, бо равғани бобуна ва ё шароби қабзкунанда таскин бидиҳанд ва ин гуна [шароб] омосро ҳал карда, андомро қувват бахшад. Ҳар ҷо ки реш бошад, бад-он ҷой мумравған ҳаргиз нарасонанд. Гоҳе ба доруе, аз қабили равғани зайтун бо мастако ва уша эҳтиёҷ биафтад, ки дорои хусусияти қувватбахшӣ ва ҳалкунандагӣ буванд.
Умуман, агар бандинаро ба ҳоле ба кор бибаранд, ки шикастагӣ нав буда, ҳанӯз омос нагирифта бошад, бояд ин гуна [бандина] аз катон, сардгардонида ва гардонандаи модда бувад. Гоҳе як худи обу сирко андудан кифоят кунад ва гоҳе мумравған ва он чизҳоеро ба кор бибаранд, ки ёд кардем. Агар бандинаро баъди омос кардан ба кор бибаранд, беҳтар он аст, ки аз пашм бошад ва онро андар равғани ҳалсозандаи омос ва нармкунандаи он оғушта бошанд. Ба ҳар ҳол бандинае, ки бар вай мумравған биниҳанд, ин бандинаи фурӯсӯвин буда, он аз ангезиши дард эминӣ бахшад ва хусусан ҳангоме [хуб аст], ки пизишк бандинаро пайваста нигоҳ надорад ва чун дард бархезад, барои пешгирии он бандинаро бикушояд ва аз нав бибандад. Хусусан агар андар ин миён реш ҷой дошта бошад, набояд мумравған ба кор бурд, зеро ин гоҳе боиси уфунат бигардад, балки ба ҷои он (202) шароби сиёҳ биниҳанд. Аксари шикастагиҳои гуногун бо реш буванд ва бинобар он онҳоро аз мумравған дур бояд бидошт ва бо шароби қабзкунандае кифоят намуд, ки рифодаи дарозро андар он тар карда бошанд. Мо барои тилоҳои шикастагӣ як боби алоҳида биоварем.
Ҳар гоҳ бастанро аз маҳалли лозима оғоз намудӣ, онро як чанд бор печида, ба қадри афзоиши бузургии шикастагӣ миқдори [чизҳоро] низ афзоиш бидеҳ ва ба ҳасби коҳиши ин бузургӣ ва ё ба ҳасби омосе, ки агар намудор бошад, миқдори онҳоро низ коҳиш бидеҳ. Сипас бандинаро бад-он ҷой боз ор ва баъд аз он то маҳалли дуруст расидан онро давом бидеҳ. Ин буд бандинаи якум.
Сипас, бандинаи дуввумро омода сохта, ба шикастагӣ ду-се бор бипеч ва баъд андак-андак ковок тоб дода, ба фурӯсӯ бибар. Сипас бандинаи севвумро ҳозир соз ва ҳамин гуна амал намуда, ба барсӯ бибар, то ҳар ду бандина барои гардонидани фазлаҳо аз сӯи андом, рост сохтани он ва бар ғаразе бо ҳам ҳамкорӣ кунанд, ки аз ҳайъати ин бастан мурод аст. Андар дур бурдани бастаи ба ду сӯ низ аз ҳад нагузар, вагарна рагҳои андом баста ва ғайри қобили ғизоёрӣ хоҳанд шуд ва бошад, ки андом бо ҳамин барҷомонда гардида, аз кор монад. Баръакс, бо бандинаи ба барсӯ бароянда оғоз намуда, сипас банди

наи ба фурӯсӯ фурояндаро ба кор баранд. Баъд аз он бандинаеро бибанданд, ки аз фурӯсӯви бандинаи фурӯсӯвин оғоз ёфта, ба барсӯи бандинаи болобароянда биравад ва гӯӣ ин ҳар ду бандинаро муҳофазат мекарда бошад. Аз ҳама сахттар ба наздики шикастагӣ бибанд. Ғараз аз якеи ду бандина зидди ғарази бандинае бошад, ки бо он ба сӯи андом модда кашидан бихоҳанд ва бинобар он инро андар зери андом дур аз он бибанданд ва пайваста ковоктар бисозанд. Ин бандинаи мухолиф аст.
Ин буд ҳоли бандинаҳое, ки аз зери тахтаҳо оянд ва андар ин ҷой низ бандинаҳоеанд, ки аз забари тахтаҳо оянд.
Аммо бандинаи аз ҳама забарин бояд ба гунае бошад, ки андомро ҳамчун як пораи ягона бе ҳаракат бидорад ва печидан нагузорад.
Агар шикастагии бар паҳно тамом бошад, бояд банд аз ҷиҳати иҳота кардан ва шиддатнокӣ яксон биафтад, вале агар бештари шикастагӣ ба як сӯй бошад, ки ин аз қабили шикастагии устухонҳои дурӯғини паҳлу бошад, бояд эътимоди бастагӣ бар ҷонибе бошад, ки шикастагӣ андар он сӯй бештар аст. Ба ҳангоми [шикастагӣ] набояд шаклҳои бастан пай дар пай дигар карда шаванд, зеро аз ин он чи ки бо бастан рост карда мешавад, табоҳ бигардад ва ин ба иллати печидагие, ки гоҳе аз ин [сабаб] ба амал ояд, дард аз худ ба ҷой бигузорад. Бадтарин бастан онест, ки ташаннуҷ биоварад ва агар онро сахттар банданд, дард биангезад ва агар ковоктар банданд, каҷӣ ба амал орад.
Буқрот чунин [тариқаро] дуруст шуморидааст, ки бандинаро як рӯз бикушоянд, як рӯз не. Ин аз он ҷиҳат беҳтар аст, ки бемор рамида намегардад ва ё ба беҳудакориву хоридан намепардозад, ки ба сабаби ногузир ба сӯи андом кашида шудани рутубати тунуки сӯзишнок падид ояд ва гоҳе ин [рутубат] ба зардоб табдил ёбад. Беҳтарин ҳангом аз барои мурооти хубии бастагӣ ва риоя намудани шартҳои ёдшуда ин ҳангомест, ки баъди рӯзи даҳум то наздикиҳои рӯзи бистумро фаро бигирад. Ин ҳангом ҳангоми оғози падидоии душбизи кафшеркунанда бувад. Сипас, агар устухон бо устухон часпида бошад, ниҳоят сахт набанд ва маҳалли бастагиро нафас бидеҳ, то фишурда гардида, душбизро боз надорад ва ё онро ба миқдори кофӣ ба амал омадан нагузорад ва бинобар он ҷуз ба қадри тунуку ночиз падид нагардад. Вале агар душбиз ба амал омада бошад ва ба андозаи берун аз эҳтиёҷ бузург шудан гирифта, рӯ ба ифрот ниҳад, андар ин ҳангом яке аз боздорандагони он ин сахт бастан аст. Ба кор бурдани доруҳои қабзкунандаи боздоранда низ ҳамчунин буда, онҳо пеши ғизоро бигиранд ва душбизро ба қадре қавӣ бигардонанд, ки ғизо андар он нуфуз кардан натавонад.
Вале низ набояд пеш аз вақт ба дам додани [андом] пардохта, бастаро барандохт.
Фасли ҳаштум андар чигунагии тахтаҳо

Гавҳаре, ки аз он тахтаҳои шикастабандӣ бисозанд, бояд
ҷомеъи хусусиятҳои сахтӣ, қаишӣ ва нармӣ бувад. Мисоли ин қано (найнайза), чӯби харзаҳра, чӯби анор ва монанди инҳо мебошанд. Бояд ситабртарин бахши тахта он
маҳалле бошад, ки аз ду сӯй бар шикастагӣ бирасад, пас, боистӣ ситабртарин тахтаҳо нахустини онҳо бошад, ки ӯ аз сӯи шикастагӣ ва ё аз сӯи аз ҳама шикастатар ниҳода шавад, вале паҳлуҳо бояд тунуктар буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ