Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Лабҳои тахтаҳо бояд ҳамвор бошанд ва бо баста на дурушт, балки ҳамвор бирасанд. Агар тахтаҳоро аз чаҳор сӯй биниҳанд, бебимтар бувад ва агар аз дарозии онҳо миқдоре зиёдатӣ кунад, боке надорад, зеро агар онҳо назди як бандгоҳ сар карда, то бандгоҳи дигар бирасанд, вале худи бандгоҳро напӯшанд, анадар ин кор ҳеҷ зиён ва хасорате нахоҳад буд. Дарозтарин тарафи [тахта] он тарафе бошад, ки аз сӯи ҳаракати майли андом ояд ва баробари ин бояд тавре бошад, ки на гаронӣ оварад, (203) на сахт зер кунад ва на бифишорад. Бандинаҳо набояд ба таври хеле зиёд аз тахтаҳо кӯтоҳ бошанд, вагарна тахтаҳо заҳматовару зеркунанда хоҳанд буд. Агар чизе аз ин қабил мушоҳада кунӣ, [тахтаро] кӯтоҳ кун, то ҳадди эътидол падид ояд. Набояд тахтаҳо ба ҷои бараҳнаи бегӯшт ва асабноки устухонӣ бирасанд.
Фасли нуҳум тафсил ва тафсири чӣ гуна ба кор бурдани тахтаҳо

Ҳангоме ки бояд тахтаҳо бигузоранд, баъди гузаштани панҷ рӯз аст ва беш аз ин то он вақтест, ки агар аз офатҳо эминӣ бошад. То бозе, ки андом рӯ ба бузург шудан дорад, бояд ниҳодани тахтаҳоро ба таъхир андохт ва бисёр бошад, ки шитобкорӣ андар ин кор боиси падид омадани офатҳое аз қабили омосҳо, хориш ва обилаҳо бигардад.
Лекин ҳар гоҳ ниҳодани тахтаҳоро ба таъхир гузоштӣ, бояд андар он ҷой аз қабили бо сарбандҳо хуб бастан ва хуб рост кардан ягон чизе бошад, ки қоиммақоми он бошад, вале агар чунин корҳое номумкин бошад, он гоҳ агарчи аввали ҳол бошад ҳам, аз ниҳодани тахтаҳо чора нест. Тахтаҳоро бояд бандинаҳо ва рифодаҳо ба таври устувор, рост, часпида ва хуб ҷой гирифта нигоҳ доранд ва бояд бахши аз ҳама ситабри онҳо ба маҳалли шикастагӣ рост ояд. Якбора сахт набояд фишурд, балки андак-андак онҳоро бикашанд ва баробари он бояд бемор ҳоли хешро худ бисанҷад.
Агар бандинаҳову рифодаҳо [тахтаҳоро] ковок медошта бошанд, набояд онҳоро бисёр ниҳод ва бисёр печид, зеро агар онҳо ковок бигиранд, бастагӣ суст ояд. Бандинаҳои барсӯвинро бар тахтаҳо набояд тавре печид, ки онҳоро каҷ созанд ва аз ҳоли хуб нишастагӣ берун оранд.
Бандинаҳоро андар марҳалаи аввал, хусусан агар хориш падид ояд, бояд ба зарурат на аз пеши худ ҳар ду рӯз як бор кушод. Андар ин ҳангом бояд он кореро кард, ки мо фармудем.
Ҳар гоҳ аз бози бастан ҳафт рӯз бигзарад, [бандинаҳоро] пас аз муддати дарозтар, яъне ҳар чаҳор-панҷ рӯз як бор бикушой, зеро андар ин ҳангом бими хориш ва омос ҷой надорад. Инчунин андар ин айём бастаро каме суст кунанд, то монеи нуфузи ғизо набошад. [104] Агар тахтаҳоро ҳеҷ набошад, то бист рӯз нокушода нигоҳ дошта битавонӣ ва аз ин ҳеҷ зиёне нарасад, накушой. Лекин гоҳ-гоҳе на ба ягон сабаби намоён, балки аз барои эҳтиёткорӣ, бо хабар шудан аз падид омадани ягон чиз ва нигаристан ба гӯшти бараҳна, ки оё рангу ҳолаташ ди

гаргун шудааст, ё не, онҳоро бикушоянд.
Пеш аз ин донистӣ, ки шиддати бастагӣ набояд ба ҳадде бирасад, ки монеи расидани ғизо ба шикастагӣ бигардад, зеро шикастагӣ ҷуз ба ёрии хун ва ғизои қавии ба сӯяш оянда нахоҳад сабзид. Қатъи назар аз он ки часпидагӣ мушоҳада карда бошӣ ҳам, вале зинҳор андар гирифтану барандохтани тахтаҳо шитоб накун, зеро аз ин мумкин аст чунин ориз бигардад, ки душбиз дигар мустаҳкам нагардад ва бинобар он андом каҷ шавад.
Агар тахтаҳо аз ғайри ниёзмандӣ бар андом биистанд, беҳтар аз он аст, ки онҳоро пеш аз бениёз шудан барандозӣ. Шитобкорӣ накун ва ин корро ба таъхир биандоз!
Фасли даҳум адар баёни шикастагии бо ҷароҳат

Ҳар гоҳ бо шикастагӣ ҷароҳат як ҷо биафтад, бояд шикастабанд ниҳоят бо эҳтиёт шикастабандӣ кунад, бигузор тахтаҳоро аз маҳалли ҷароҳат дур бидорад ва бар ҷароҳат он чи аз марҳамҳо ва хусусан марҳами зифтӣ ҳамебояд, биниҳад. Гурӯҳе аз [пизишкон] фармоянд то ду бари ҷароҳатро бибанданд, вале худи ҷароҳатро кушода бигузоранд. Ин ҳангоме хуб аст, ки агар ҷароҳат бар забари худи шикастагӣ набошад ва сипас бояд бар болои ҷароҳат ягон пӯшиши дигаре бошад, ки онро аз ҳаво бипӯшонад. Вале агар [ҷароҳат] бар забари шикастагӣ бошад, бояд андар сохти бастагӣ ҳилае ба кор бурд, то он аз ҳама сӯ устувор ояд, аз рӯи ҷароҳат андаке яксӯтар биафтад ва бар ҳайате бувад, ки аз барои ин ғараз созгор бошад ва [низ бояд] рифодаҳоро андар шароби сиёҳи тундтар тар намуд. Ин ҳила чунин аст: як тарафи бандинаро бар лаби ҷароҳат ниҳода, сипас ба вуреб ба сӯи пас бибаранд ва бандинаи дигарро гирифта, бар лаби дигари фурӯсӯвин биниҳанд. Сипас давоми бастанро ба тавре, ки лозим аст, анҷом диҳанд ва ба вуреб бипечанд, то худи ҷароҳат кушода боқӣ бимонад ва мобоқии он устувор [баста] бошад. Як бандина ба забар барояд ва дигар бандина ба зер фуруд ояд, ба маҳалли шикастагӣ сахт баста шуда, ҷароҳат бароят кушода боқӣ бимонад ва ҳар гоҳ ки бихоҳӣ, болои онро бикушоӣ. Ту метавонӣ аз баробари он бар тахтаҳо сӯрох бисозӣ, то ба сӯи он дору фиристонда шавад ва аз тариқи он берун кашидани зардоб мумкин бигардад. Ин ҳар ду намуди [кушода боқӣ мондани ҷароҳат] бояд ба тавре бошад, ки онро пӯшидан мумкин бошад, зеро кушода гузоштани ҷароҳат хусусан ҳангоми сармо бад аст, вале бояд ба он фақат фишор надиҳанд. (204) Шабона боистӣ бипӯшонанд.
Ҳар гоҳ ҷароҳат дуруст шавад ва агар тахтабандиро пас гузошта бошӣ, тахтаҳоро ба кор бибар ва ё агар маҳалли ҷароҳатро аз тахта холӣ гузошта бошӣ, бар он тахта бибанд. Ҳар гоҳ агар барои муолаҷаи махсус ҳар саҳару бегоҳ чизи болои ҷароҳатро кушодан бихоҳанд, бояд ин кор мумкин бошад ва албатта, андар ин ҳангом ба бандинаи шикастагӣ ҳеҷ нарасанд. Буқрот гуфтааст: Агар ҷароҳат тоза бошад, бояд онро аз миён бандина бибанданд, вале агар пешина буда, баъд аз пухтан рим карда бошад, бояд аз барсӯи он ба бастан оғоз намуда, то миёнаи он бирасанд. Яке аз корҳои хуб ин аст, ки бандинаҳое, ки аз болои ҷароҳат ҳамеоянд ва хусусан забарини он ҳо сахттар баста шаванд, то пеши таровиданро ба сахтӣ бигиранд, валекин сахтии он бояд ба ҳасби таҳаммул бошад ва ҳар қадар, ки аз ҷароҳат дуртар бираванд, [бандинаро] нармтар бипечанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ