Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар реш сахт ғор бошад, бар макони ғорӣ бандинаро сахт бибанданд. Ҳар гоҳ ин сахтии бастан бар маҳалли часпандагии устухон рост ояд, айни муддаост, вагарна бо ҷароҳат он муомалаеро бикунанд, ки мо ёд кардем.
Ҳар гоҳ бастан то ба маҳалли шикастагӣ бирасад, низ бандинаҳоро сахттар бипечанд. Бояд истоди андомро ба тарзе бидошт, ки агар андар ҷароҳат рим ҷамъ шавад, ба осонӣ битаровад. Андар тобистон бояд бандинаҳои гирди ҷароҳатро низ сард бигардонанд, то ин ба гирифтани пеши омос кумаке бошад. Набояд бар ин мавзеъ, хусусан андар тобистон, мумравған бирасонанд, зеро бошад, ки андомро бигандонад. Баръакс, агар ба ягон доруи пасгардонандаи модда эҳтиёҷ биафтад, чунонки мо пеш аз ин баён кардем, бояд шароби қабзкунанда [ба кор бурд].
Агар баробари шикастагӣ устухон кӯфта шуда бошад, аз марги андом бимнок бош ва теғ бизан.
Умуман, бидон, ки агар ҷароҳат сахт баста шавад, аз баста таровиш ба амал ояд ва агар андар бастан хато содир шавад ва хусусан агар маҳалли ҷароҳат ковоку баъди он сахт баста шавад, омос падид ояд. Агар ҷароҳатро кушодангоҳе набошад, зардоб аз он берун омадан натавонад ва ба сӯи он дору наравад. Агар ҷароҳатро бараҳна бигузоранд, бигандад ва сард бигардад, андомро марг падид ояд ва саранҷом ба дардҳову табҳо бикашонад.
Бинобар ин пизишк бояд коре бикунад, ки миёнаи инҳо бошад ва бингарад, ки чӣ падид ҳамеояд ва пеш аз устувор гардидан онро бартараф созад.
Фасли ёздаҳум андар баёни шикастани устухони каҷгирифта

Гоҳе мумкин аст шикастагӣ бигирад, вале на ба тавре, ки бояд ва бинобар он ба дубора шикастан эҳтиёҷ биафтад. Шикастабанд бояд ҳоли душбизеро бишносад, ки каҷгирифтаро пайваста аст. Агар бузургу қавӣ бошад, аз барои дубора шикастан ба он даст нарасонад ва бошад, ки ба сабаби сахтии душбиз аз ҷои шикастагии аввалӣ шикастан нашавад ва ҷои дигарро бишканад. Бинобар ин агар барои ин кор ноилоҷӣ бошад, бояд пеш аз он нахуст ба нармсозӣ бипардозанд, то душбиз суст бигардад. Нармсозандагони он ҳамон доруҳоест, ки андар боби сахтиҳо ёд шудаанд ва мисоли онҳо андар ин ҷой пӯсти дунба, хурмо, дурдҳои равғанҳои гуногун, [пиҳҳои] гудохтаи гуногун, мағзҳои устухон, мағзи пунбадона ва монанди инҳо мебошад. Сипас [каҷгирифтагӣ] бишкананд ва баробари он пайваста бо оби гарм дорурезӣ кунанд ва андар як рӯз [беморро] якчанд бор ба обзан бидароранд. Агар ҳамаи ин суд набахшад ва санҷишу ҷунбондан аз устувории сахти он гувоҳи диҳанд, пас боистӣ аз як бар гӯштро ба қадре чок намуд, ки душбизро тарошидану тунук кардан битавон. Баъд аз он устухон бишкананд, дубора бибанданд ва ҷароҳатро бо илоҷи хоси он дармон кунанд.
Бисёр бошад, ки устухони каҷгирифтаро аз ғайри шика

стан бад-ин гуна муолаҷа кунанд, ки душбизро бо доруҳои маълум нарм созанд ва сипас чун аз тариқи рондану тахтаҳо ниҳодан онро баробар кунанд, шикастагӣ хуб ҷойгир гардида, рост шавад ва агар онро бад-ин ҳол нигоҳ доранд, душбиз низ бар вай ҳамвор барояд. Ин тадбир хусусан андар танҳои нарм аз шикастан бениёз бигардонад.
Фасли дувоздаҳум андар баёни тилоҳои шикастагӣ ва он чи ки ба равиши онҳост

Бархе аз тилоҳо барои пеши омос гирифтан ва ба ислоҳ овардани хориш, бархе аз барои сахту қавӣ сохтани душбиз, бархе барои муътадил сохтани душбизи бузург, бархе барои бартараф кардани он сахтии пайвандгоҳҳое, ки баъди шикастан падид ояд ва бархе дигар аз барои истирхое буванд, ки андар бандгоҳҳо биафтад.
Фасли сездаҳум андар баёни тилоҳои боздоранда ва он чи ки бад-ин равиш бувад ва тилоҳое, ки хоришро ба ислоҳ биоваранд

Мо андар боби бастан ишораҳое кардем, ки бояд андар ин боб дониста шаванд ва мумравғанҳову дорурезиҳоеро ёд намудем, ки аз шароби тунд ва ғайра иборат буданд. Акнун мо дубора мегӯем: Он чи аз мумравған ва ё ғайри он ба кор ҳамебарӣ, бояд (205) ба ягон ваҷҳе андар он ягон дуруштӣ набошад, баръакс, ҳар андоза, ки мумкин аст, бояд ҳамвортару нармтар бошад. Мумравғанҳоро набояд андар ҷое ба кор бурд, ки бими гандидан аст ва на андар ҷое, ки бахшҳои шикаста бисёранд, зеро ин гуна [маҳал] ба иллати он, ки аксар вақт решвара аст, барои пазируфтани гандагӣ омода бувад.
Аммо оид ба обҳои гарм ва рехтани онҳо мо пеш аз ин сухан рондем ва баён кардем, ки суди онҳо аз ҳал сохтани моддаҳои падидоварандаи хориш ва кашидани моддаи ғизоӣ иборат аст. Гоҳе низ ба онҳо ҳангоме эҳтиёҷ биафтад, ки агар бастани сахт андомро хушку фишурда сохта бошад. Ба чи андоза [ба кор бурдани] онҳо маълум аст.
Фасли чаҳордаҳум тилоҳое, ки душбизро сахт созанд

Чизҳои андар ин бобат судманд аз доруҳои рехтании қабзкунандаи латиф ва аз зимодҳои бад-онҳо монанд иборатанд, ки мисолашон инҳост: ҷӯшонидаи мӯрд; агар ба равған эхтиёҷ бошад, равғани [мӯрд] ва равғани ҳино; тилое, ки аз оби барги мӯрд ва донаи он бигиранд; ҷӯшонидаи дарахти қараз; ҷӯшонидаи бехи дардор ва ҷӯшонидаи барги он, ки сабзонандаю сахткунанда аст; зимоде, ки аз мош бисозанд ва хусусан агар андар он заъфарону мурр ҳамроҳ карда, бо шароби райҳонӣ маъҷун созанд, ниҳоят хуб аст; қишрҳои шукуфаи хурмо низ хубанд.
Фасли понздаҳум тадбири муътадил сохтани душбиз

Андар оғоз ва то ҳангоме, ки тоза аст, доруҳои қабзкунандаи ёдшударо [ба кор бибаранд]. Ин доруҳо онро
ҷамъу фишурда ва ҳаҷмашро хурд бисозанд. Сипас агар
он ба ифрот расида бошад ва хусусан агар ба наздики бандгоҳ бувад, андар ин ҳол аз шикофтани [гӯшту] тарошида то ҳадди эътидол овардани душбиз чора нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ