Қонуни тиб

Ҳамаи ин аз қабили он чизҳоест, ки андар бобати онҳо сухан гуфта шуд.
Фасли шонздаҳум доруҳое, ки сахтии бандгоҳҳоро нарм кунанд
Нахуст бояд аз рехтани оби гарм оғоз намуд ва сипас бар вай зимодҳову молиданиҳои нармкунандаеро биниҳанд, [105] ки аз луобҳо, самғҳо, пиҳҳо ва равғанҳо сохта шудаанд. Агар андар таркиби онҳо сиркои тез биафзоянд, фурӯравандатар хоҳанд шуд. Яке аз [доруи] ба ҳаминҳо наздик ин ба кор бурдани хурмо, равғани дунба ва равғани кунҷид аст ва маҷмӯи инҳо зимоди хубу сабуке ба шумор биравад. Орди донаи беданҷир низ ҳамин гуна буда, онро бо ним чанди худ аз равғани зард ва чаҳоряки худ аз ангубин биомезанд. Гоҳе мумравғане кифоят кунад, ки танҳо аз равғани савсан сохта бошанд.
Метавон аз ҳамаи он доруҳои нармкунандае ёрӣ бигирифт, ки андар боби сақирус ёд шудаанд. Агар дарёбӣ, ки мизоҷ ба сардӣ гароида истодааст, андар ин [доруҳо], масалан, гунди бедастар, сикангубин ва говшир биафзой.
Як доруи хуб: дурди равғани катон, дурди равғани кунҷид, ҳулбаи андар шир ҷӯшонида ва равғани гудохтаи дунбаро гирифта, ба кор бибаранд.
[Доруи] дигар: бехи хитмӣ, бехи хиёри даштӣ, муқл, уша ва говширро гирифта, бо сиркои тез ҳал кунанд ва тило созанд. Марҳами оҷӣ низ хуб аст.
Як доруи хуб: луоби ҳулба, зағир, луоби хиёри даштӣ, уша, лозан, зуфои тар, равғани савсан, пиҳи мурғобӣ, муқли нарм, борзади холис ва мағзи сари гӯсоларо гирифта, андар равған ҳал кунанд ва аз онҳо марҳам созанд.
[Як доруи] дигари қавӣ: ду ратл равғани зайтуни куҳан, ним ратл равғани савсан, чаҳоряк ратл майъаи равон, ним ратл муми зард, ду уқия сақизи хинҷак, ду уқия фурбиюн ва чаҳор уқия мағзи устухони гавазнро гирифта, аз онҳо марҳам созанд.
Як марҳаме, ки аз барои сахтии бандгоҳҳои аз сабаби шикастабандӣ ба амал омада хуб аст: як бахш уша, ним бахш лозан ва чаҳоряк бахшӣ равғани ҳино ва пиҳи мурғобиро гирифта, самғҳоро бигудозанд ва сипас ҳамаро бо ҳам ҷамъ созанд.
Як марҳами хуб: сиву шаш [мисқол] уша, як чанди он муми зард, ҳашт уқиягӣ сақизи хинҷак, муқл ва борзад ва чаҳор уқия равғани ҳиноро гирифта, самғҳоро андар сирко совида, ҳал кунанд ва сипас ҳамаи онҳоро андар ҳоване ҷамъ созанд, ки ба он ва ба дастаи он низ равғани савсан андуда бошанд.
Аз барои гиреҳзадагие, ки ҳамчун ғудда ориз бигардад ва мо андар боби ғуддаҳо онро ёд кардем, андар куҷое набошад, марҳамҳоеро ба кор бибаранд, ки мо онҳоро ҳозир баршумурдем, вале агар гунди бедастар, қуст, саргини кабӯтар ва хардалро ҳамчун зимод ба кор бибаранд, ба ғоят хуб аст.
Як доруи нармсозандаи хуб: як уқия дурди равғани савсан, як уқия дурди равғани катон, ним уқиягӣ майъаи нарм, борзад, говшир ва уша, (206) як уқия202 муқли нарм ва аз
пиҳи хирс, ё мурғобӣ ва ё ҳар кӣ аз фақеҳони довудӣ бо пиҳи хук дору карданро раво дорад, аз пиҳи хук ду уқия гирифта, аз ҳамаи инҳо марҳам бисозанд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни доруҳое, ки истирхоро қавӣ созанд
Ба ҳангоми муолаҷаи ин ба доруҳои қабзкунандаи латифе чун абҳал, сарв ва монанди он ва ё бар доруҳои қабзкунандае такя кунанд, ки бо онҳ, масалан, заъфарон, дорчинӣ ва мурр омехта бошанд. Росан, хусусан агар ҳамроҳи он ваҷ ҷӯшонида бошанд, сахт хуб аст ва инчунин хокистари ток бо пиҳи куҳан, кишрҳои шукуфаи хурмо ва ҳамаи он чизҳое [хубанд], ки андар боби сахт сохтани душбиз ёд карда шуд.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни ба кор бурдани оби гарм ва равған
Бидон, ки оби гарму равған ба ҳангоми шикастабандӣ созгор нестанд, зеро ин ду шикастагиро гирифтан нагузоранд, лекин пеш аз он ва баъд аз гирифтани шикастагӣ созгоранд, аз баҳри он ки мобоқии омос, сахтӣ, душбиз ва он хушкиеро ба таҳлил бибаранд, ки ба сабаби бандинаҳо андар асабҳо падид ояд ва баробари он ба осонӣ ҳаракат кардан нашавад. Бинобар ин ҳар гоҳ агар оби гарм, равғанҳо, пиҳҳо ва мағзҳои устухонро ба кор бибаранд, пеши ин гуна офатҳо гирифта шавад, вале андар миёни ин ду ҳангом обу равған сахт монеи сабзиши шикастагӣ буванд. Бошад, ки ин дуро танҳо андар кӯдакон ва касони [ба умр] ба эшон наздик ба кор баранд, на андар ғайри эшон. Яъне ҳар гоҳ зимодҳо бар [андоми] эшон бихушканд ва дард ба амал оранд, андар ин ҳол эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки маҳалли дардро равған бимоланд, сипас рифода ниҳода, тахтабандӣ кунанд, вале агар дард орам гирифта бошад, ба чунин кор иҷозат нест.
Пизишкон гоҳе ба ҳангоми кушодани бандинаи якум бо оби гарм дорурезӣ карданро ба кор бибаранд ва муродашон аз ин суде бошад, ки аз кашидани модда бад-он ҷой иборат аст. Бояд он об ба ҳоле бошад, ки ба нисбати бемор муътадил биафтад, зеро оби ниҳоят гарм мумкин аст андар тани пок, хусусан агар онро муддати дароз бирезанд, беш аз кашидан ҳалшавӣ ба амал оварад ва андар тани пур, хусусан агар ба муддати кам бирезанд, беш аз андоза модда бикашад. Баръакс, об баробари гарм будан, бояд муътадил бувад ва муддати рехтанаш ба андозае бошад, ки андар андом болишу дамидагӣ мушоҳада кунанд, вале чун ба пажмурдагӣ оғоз кунад, аз рехтан боз истанд. Мо андар боби баромадагӣ ба қадри лозимӣ ҳукмҳои дорурезиро ёд кардем ва боистӣ бад-он ҷой муроҷаат намуд. Ба наздики ман дӯстдоштатар ин аст, агар андар ин миён ягон дарде ҷой надошта бошад, ҷуз он чи ки ба ҳангоми оғози [иллат] аз барои эҳтиёт ба кор баранд, дигар ҳеҷ гуна равған бо оби гарм набояд ба андом расанд.
Яке аз доруҳое, ки бар бандгоҳҳои баъди тахтабандӣ ҳангоми лағжидагӣ ва кӯфтагӣ сахт шуда биниҳанд, зимоди хурмо ва дунба мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор