Қонуни тиб

Фасли нуздаҳум
андар баёни чӣ гуна ғизову об додан
ба каси мавриди шикастабандӣ
қароргирифта
Ба ӯ бояд ғизое дод, ки хуни ситабр бизояд ва на ситабри хушк, балки ситабри часпак, то ки аз он душбизи қайиши қавӣ падид ояд ва он хушк, камқувват ва зудшикан набошад. Мисоли ин гуна ғизо поча, ҳариса, рӯдаи мурғ, сар, пӯсти бузғола, барраи обпаз ва монанди он мебошад. Аз [ошомиданиҳо] шароби ситабри қабзкунанда ва аз нуқл шоҳбулут ва мағзҳое [бидиҳанд], ки талхӣ надошта бошанд. Аз ҳама гуна чизҳое, ки чун шароби тунук ва ғизоҳои бисёр гармдорузада хунро тунуку гарм сохта, аз баста шудан дур медоранд, бояд дурӣ ҷуст. Умуман, ба шарте тадбир аз ғизоҳои часпак кунанд, ки агар ягон монеае аз қабили ҷароҳат андар миён набошад, то он ба ҳасби бузургӣ ва ё хурдии худ ғизои латиф тақозо кунад ва ё бими падид омадани дард андар миён набошад. Ҳар гоҳ аз ин гуна [ҳолатҳо] эминӣ ҷой дошта бошад, бояд ғизову шароб ба кушодӣ дод.
Ҳар кӣ эҳтиёткориро дӯсттар дорад, аз барои эмин будан аз зиёноварии омос аз тадбири латифсозанда оғоз кунад. Ин чунон аст, ки гоҳе ӯро нахуст ба раг задан ва исҳол овардан эҳтиёҷ биафтад ва сипас баъди чанд рӯзи андак ин [тадбирро] ба кор бибарад. Вале гоҳе низ эҳтиёҷ бад-он бошад, ки агар бузургии душбиз ба ифрот бирасад ва гирифтани пеши он лозим ояд, тарки чунин тадбир кунанд.
Сифати як гуна [ғизои] аз барои ин ғараз созгор, ки онро ба ҳангоми баста шудани [душбиз] ба кор бибаранд:
нони сафед, орди гуринҷ, пиҳи гови фарбеҳ ва ширро гирифта, аз онҳо ҳариса созанд ва онро хуб бизананд.
Доруе, ки аз барои сабзидани шикастагӣ ба [бемор] бидиҳанд, мумиё буда, таъсири аҷиб дорад.
(207) Андар баёни ҳолатҳое, ки баъд аз шикастан ва пайваст шудани устухон ба амал омада, ночор бояд чорабинӣ шаванд: Гоҳе аз сабаби шикастагӣ гӯштро даридан ориз гардида, дигар начаспад ва агар онро бурида наандозанд, бигандад ва устухони андар зераш бударо низ бигандонад. Бинобар ин, эҳтиёҷ бад-он аст, ки онро бибуранд ва доғ биниҳанд. Гоҳе хунравӣ ориз бигардад, ки ба манъ сохтани он эҳтиёҷ бошад. Гоҳе гӯштро порашавию кӯфтагии чандон қавие руй диҳанд, ки агар онро бо нештар задан ва ё бо доруҳои пешгирикунандаи гандагӣ дармон накунанд, ба хӯра табдил ёбад. Инро бояд ба эътибор гирифт.
Гоҳе омоси гарме падид ояд, ки хатарнок бошад ва онро бояд бо тадбирҳои [хосси] худ тадбир намуд. Бошад, ки ҷароҳатҳо ба амал омада, низ ба муолаҷа намудан бо [тадбири] ёдшуда эҳтиёҷ дошта бошанд. Гоҳе бар маҳалли шикастагӣ душбизи бе андоза зиёде падид ояд, ки ба ин миқдор эҳтиёҷ набошад ва бинобар он бояд ғизоро коҳиш бидиҳанд ва аз тариқи манъи ғизо, сахт бастани [маҳалли душбиз] ва бо ёрии дигар тадбирҳое, ки ёд карда шуданд, пеши афзоиши онро бигиранд. Баъзан аз сабаби кашидан бандгоҳҳоро истирхо ориз бигардад. Гоҳе чунин рӯй диҳад, ки андар устухон зардоб зода шуда, ба сӯи мағз битаровад ва бинобар он эҳтиёҷ бад-он бошад, ки устухонро берун оранд ва барои зардоб роҳ кушоянд.
Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ ШИКАСТАГИИ ҲАР ЯК АНДОМ
Фасли нахустин
андар баёни шикастагии косаи сар
Бисёр биафтад, ки косаи сар шиканад, вале пӯст надарад, балки биомосад. Сипас, агар ба муолаҷаи омос бипардозанд ва ба шикастагӣ даст назананд, мумкин аст чунин ориз бигардад, ки устухон аз зер табоҳ шавад ва пеш аз дуруст шудан ва ё баъди он бемориҳои баде аз қабили табҳо, раъша, аз ақл бегона шудан ва ғайра рӯй диҳанд. Бинобар ин эҳтиёҷ бад-он бошад, ки пӯстро бишикофанд. Бисёр вақт ба маҳалли [шикастагӣ] бад-ин гуна огоҳӣ ёбанд, ки бемор ҳар доим ба он ҷой беҳуда даст бизанад ва он ҷойро бидорад. Андар ин ҳангом аз баргардондани ҷароҳат ба ҳоли хеш чора нест, то [106] шикастагӣ дармон карда шавад.
Чи ба ҳангоми ин гуна [шикастагӣ] ва чи ғайри он ҳар гунае набошад, бояд аз пӯст ба миқдоре шикофт, ки зардоб андар зери он банд намонад, зеро воҷиб аст, ки пӯст нигоҳдорандаи зардоб набошад, вале агар аз афзоиш ёфтани омос бимнок набошӣ ва бибинӣ, ки омос рӯ ба коҳиш аст, [андар ин ҳангом ҳоҷати шикофтан нест]. Агар шикофтагии пӯст хурд ва андар баробари яке аз шикастагиҳои бисёр ҷойдошта бошад ва ё агар омос бикафад
ва танҳо як шикастагӣ зоҳир бигардад, бошад, ки аз ин ҷиҳат хатогии зиёде рӯй дода, гумон бибаранд, ки ҷуз ин шикастагӣ ҳеҷ шикастагии дигаре нест. Бад-ин сабаб бояд ҳоли шикастагиро хуб тааммул намуд. Яке аз чизҳое, ки аз ҳадс ба савоб бибарад, ин аст, ки ба сабаби шикастагӣ ва ба кадом андоза қавӣ будани шикананда аз ҷиҳати гаронӣ, ё бузургӣ ва ё қувват тааммул кунанд ва бо ҳамин ба кадом андоза будани шикастагиро бидонанд. Ҳамчунин гоҳе аразҳое аз қабили сакта, садар, нест шудани овоз ва монанди инҳо бад-он далолат кунанд.
Гоҳе даридагии пӯст аз ҷиҳати бисёрӣ ва гуногуншаклии худ ва ё аз ҷиҳати бар як равиш афтидани худ низ бар ҳолати шикастагӣ гувоҳӣ диҳад, вале ин чунин далеле нест, ки аз ҳама сӯ далолаткунанда бошад, зеро бошад, ки шикастагии дарунӣ сершумору бузург бувад, вале бар пӯст ҳеҷ шикофтагӣ набошад ва ё шикофтагии андаке бошад. Бинобар ин ногузир барои шинохтани ҳоли [шикастагӣ] ба далолате эҳтиёҷ биафтад, ки ба ҳангоми он агар имкон бошад, аз тариқи роҳ кушодан ба биниш шикастагиро таҳқиқ кунанд. Андар ин гуна ҳолатҳо бояд пӯстро ба чалепо бибуранд ва бикананд, то устухони порашуда ба тамом бинамояд. Агар хун биравад, маҳалли пӯсткандаро бо пораи хушк оганда соз ва сипас рифодаҳои андар шароб оғушта бинеҳ ва то фардо бад-ин ҳол бигузор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор