Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Илоҷи шикастагиҳои ба дараҷаи бараҳна шудани устухон расида он бошад, ки андар боби решҳо ва низ пеш аз он ёд кардем, вале илоҷи шикастагии порашуда, шикастагии гардон ва монанди инҳоро бошад, андар ин ҷой ёд хоҳем кард.
Камтарин ҳолатҳои шикастагии устухони сар он бошад, ки ба ҳангоми он таркидагии қишрӣ падид омада, ба сӯи дигар нагузарад, балки то бархе аз қабатҳо расида биистад. Ин гуна таркидагӣ қариб ба ҳис андар наояд ва мисли мӯй бошад. Чунин таркидагиро низ бояд ба андозае тарошид, ки аз он ҳеҷ чизе боқӣ намонад. Агар барои ба ҳила намудор сохтани таркидагӣ моеи сиёҳеро бар вай рехтанӣ бошӣ, то он бештар намудор бигардад, чунин бикун ва сипас битарош, то нишонае боқӣ намонад. Бояд андар назди ту совандаҳои гуногунандоза мавҷуд бошанд.
Нахуст аз ҳама паҳнтари онҳо ва сипас ба тадриҷ хурдтари онҳоро ба кор бибар. Ҳар гоҳ таркидагиро тарошидӣ, ягон доруи хосси сарро бад-он бинеҳ ва ин барои ту кифоят бошад. Доруҳои сар, масалан, инҳост: бехи савсани осмонгун; орди говдона; (208) кӯфтаи кундур; зарованд; қишрҳои бехи говшир; мурр; анзарут; хуни сиёвушон; ва ҳар гуна доруе, ки бе сӯзиш хушкӣ оварад. Бо илоҷи решҳо низ инро муолаҷа кунанд.
Агар ҳадс бизанӣ, ки таркидагӣ ба рӯи дигар гузаштааст ва тарошидан ҷуз аз тариқи ба он сӯ гузаштан онро маҳв нахоҳад кард, андар ин ҳол зинҳор аз ҳад зиёд натарош, балки то куҷое, ки расида бошӣ, андар он ҷой биист ва ҳоли пардаи [мағзро] бишинос, ки чӣ гуна аст.
Агар ӯ вазъи худро нисбат ба устухон нигоҳ дошта бошад, офат камтар ва эминӣ зоҳиртар бувад, омос камтар, некфарҷомтар ва хурдтар падид ояд ва рими пухта зудтару пурратар зоҳир бигардад. Вале агар садма пардаро аз устухон ҷудо карда бошад, ин яке аз ҳолатҳоест, ки ба ҳангоми он хатари бештар ҷой дошта, дардҳову табҳо ва оризаҳои аз паси онҳо падидоянда бештар рӯй бидиҳанд, устухон дигар шудани рангро зудтар бипазирад, рими зардобии тунук бештар битаровад ва он дардҳо, табҳо, азҳамкашидагӣ, беҳушӣ ва аз ақл бегонашавие, ки ба сабаби саҳлгирии илоҷ ориз ҳамегарданд, андар ин ҳангом низ бештар падид оянд. Андар ин гуна ҳолат, балки андар ҳама гуна ҳолат агарчи тобистон бошад ҳам, ба эҳтиёт кардан аз сардӣ эҳтиёҷи сахт аст, зеро андар он хатари бузург ҷой дорад. Шикастагии таркидаеро, ки ба ҳангоми он ҷуз таркидагӣ чизе нест, вале ин таркидагӣ ба миқдори бисёр буда, баробари он пӯсти болои устухон бинамояд, бисёр вақт кашидану бастан ва бо доруҳои сардиоваранда зимод кардан кифоят кунанд. Лекин роҳи савобтар он аст, ки нахуст бар шикофтагӣ равғани нимгарми гул бирезанд ва сипас ду лаби ҷароҳатро ҷамъ созанд, агар дӯхтан лозим ояд, бидӯзанд, бар вай доруи хокаи хосси сар бипошанд, аз забари он пораи катонии андар сафедии хояи мурғ тар карда, сипас рифодаҳоеро, ки шароби қабзкунандаи бо равғани зайтун шикастаро ба худ ҷабидаанд ва баъд аз он дигар бандинаҳоро ниҳода, бибанданд. Бояд беморро таскин бидиҳанд,

осуда бидоранд, бихобонанд ва агар эҳтиёҷ бошад, раг бизананд. Ба ҳангоми ҳар гуна таркидагӣ ва шикастагӣ хоҳони ба тамом берун гирифтани устухон мабош, зеро на андар ҳама ҷой чунин кардан битавон, балки он чизеро ба ёд ор, ки мо андар боби ҳамагонии шикастагӣ ва шикастабандӣ тавсия намудем. Вале бисёр касоне ёфт шаванд, ки устухонро аз сарҳои эшон ба тариқаи дигаре бурида гирифта бошанд ва бар маҳалли шикастагӣ гӯшту пӯст рӯида ва эшон зинда мондаанд.
Оид ба шикастагии порашуда ва намудҳои баъди он буда бидон, ки ҳар гоҳ устухонҳои сар бишкананд, бар хилофи устухонҳои дигар буванд, зеро ба ҳангоми шикастани онҳо табиат онҳоро на мисли дигар устухонҳо бо душбизи қавӣ, балки бо як миқдори заифе аз он бипӯшонад. Бад-ин сабаб ва низ бинобар он, ки то рим ба андарун натаровад, агар шикастагӣ том бошад, бояд онро берун овард ва ё агар нотамом бошад, бояд порае аз онро бурида гирифт ва набояд ба сабзондани устухон машғул шуд. Ин корро андар тобистон беш аз ҳафт рӯз ва андар зимистон беш аз даҳ рӯз набояд ба таъхир андохт ва он ҳар андоза зудтар [ба иҷро бирасад], ҳамон андоза хубтар бувад ва [бемор] ҳар чи камтар ба офатҳои бузург гирифтор ояд.
Яке аз сабабҳои тақозокунанда ва муҷиби ин кор он бошад, ки ба ҳангоми дигар устухонҳо, на устухони сар, моддаҳоро аз тариқи бастан метавон аз сӯи онҳо бигардонд, вале чунин бастан ба ҳангоми устухони сар номумкин аст. Бинобар ин ба ҳангоми шикастагиҳои дорои як андоза бузургӣ аз берун овардани устухони шикаста чора нест, то зардоб ҳамчунон берун ояд, ки бад-он эҳтиёҷ бувад. Низ, модом ки агар андаруни устухони тахтабандишуда ва бо бандинаи фишордиҳандаю ронандаи модда басташуда зардоб падид ояд ва он аз худи ҳамон маҳал зода шуда, ба сӯи мағз бигузарад, моро ба кушодану пок кардани он эҳтиёҷ меафтида бошад, пас, чӣ гуна андар андоме [чун сар бад-ин кор эҳтиёҷ набошад]?
Пас, ногузир аз ин гуна барандохтан ва ё буридани устухон, аз кушодани маҳалли [шикастагӣ] ва то ҳангоми эминӣ ҳосил кардан, аз манъи сабзиш чора нест. Агар бими ба андарун таровидани зардоб намебуд, мо ҳеҷ гоҳ устухонро намебуридем.
Устухонро бояд аз маҳалли созгортаре бурид ва маҳалли аз ҳама созгор он бошад, ки ҷомеъи [хусусиятҳои зерин] бувад: андар баробари маҳалле биафтад, ки аз он ҷой ба хубӣ таровидани зардобро тахмин кунӣ; буридани он осон бошад; ба ларзондану ранҷи бисёр расондан кам эҳтиёҷ биафтад; ва ба изофаи ҳамаи инҳо ҷои аз ҳама дуртар аз асаб бошад, ки мисоли ин нармаи сар аст, зеро миёнаи он ба ягон растагоҳи асабҳо бар нахӯрад. Бикӯш, то ба пардаи мағз сардӣ нарасад, ки ин бад ва хатарнок аст. Тадбири [ғизоро] латиф соз ва пайваста равғани нимгарм бирез. Агар бар пардаи мағз сиёҳие бинамояд, бошад, ки андар рӯй бувад ва ҳеҷ зиёне надорад ва бошад, ки ба сабаби доруҳо бувад. Онро бо ангубине, ки бо се чанди хеш аз равғани гул омехта бошанд, муолаҷа бикун, то сиёҳиро бибарад ва бар он ҷой доруи хосси сар бипош. Агар сиёҳӣ сахт ҷойгиршуда бошад, аз он бигурез.
Агар ба таҳқиқ ба тарошидан, ё буридан ва ё берун овардани ягон чиз эҳтиёҷ бошад, зуд бад-ин кор бипардоз ва интизори он набош, (209) ки падид омадани рим андар ин маҳал ба ғоят бирасад.

пешина
аз 1215
навбатӣ