Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин гуна [интизорӣ] танҳо ҳангоме таҳаммулпазир аст, ки агар пардаи «уммуддимоғ» номдоштаро чизе фишурда ва ё халида набошад, зеро халидан муҷиби худи ҳамон замон падид омадани омос ва ташаннуҷ бигардад ва бошад, ки ба сакта бибарад. Бинобар ин бояд он устухонро зуд берун овард ва агар сакта рӯй дода бошад, [аз ин тадбир] ҳис зуд бозояд.
Агар сӯрохӣ ҷой дошта бошад, ҳол беш аз ин шитобкорӣ тақозо кунад.
Агар косаи сар шикаста, пардаи мағз берун омада, омос карда бошад, ки инро «саморуғ» хонанд, бояд ҳамин гуна шитобкориеро пеш бигирӣ, ки мо ёд кардем, вале агар аз интизор будан чора набошад, то ду-се рӯз интизор бош. Андар бештари ҳолатҳо ба рӯзи дуввум онро муолаҷа кунанд.
Буридани устухонро ё бо арраи борики ёдшуда ва ё аз тариқи хурд ва пай дар пай сӯрох кардани он маҳалле ба амал оваранд, ки аз он ҷой боистӣ устухонро шикаст, вале ин кор хатарнок аст, зеро бошад, ки ба нохост ба сӯи парда бигузарад. Аммо агар ҳилаеро ба кор бибаранд, ки мо ёд кардем, некфарҷомтар хоҳад буд.
Оид ба чигунагии ин илоҷ бошад, мо он чизеро боистӣ ёд кунем, ки пешиниён гуфтаанд. Эшон гӯянд: Бояд нахуст сари каси маҷрӯҳро тарошид ва андар он ду чоки якдигарро бар кунҷи [107] рост бурандае ба амал овард, ки ба шакли чалепо ҳамдигарро бибурранд. Яке аз ин ду чок бояд он чоки аввалие бошад, ки аз кӯфт хӯрдан падид омадааст. Сипас пӯсти андар зери чаҳор кунҷ бударо бояд бархезонд, то устухоне, ки онро гирд буридан ҳамехоҳӣ, ба тамомӣ бараҳна бигардад. Агар аз он хун ояд, андарунашро бояд бо пораи андар об ва сирко оғушта оганда сохт, вагарна бо пораҳои хушк оганда соз. Сипас аз забари онҳо рифодаеро бинеҳ, ки андар шароб ва равғани зайтун оғушта бошӣ ва бандинаеро ба кор бибар, ки аз барои он созгор бувад. Чун рӯзи дигар бирасад ва агар аз аразҳои бад чизе рӯй надиҳад, бояд ба гирд буридани устухони шикаста бипардозӣ. Яъне боистӣ бемор нишинад ва ё бифармоӣ, то бар шакле бихобад, ки аз барои шикастагӣ созгор бошад ва сипас пашм ва ё пунба андар гӯши ӯ бикунанд, то аз садои задан ба дард наояд, бандинаи ҷароҳат бикушой, ҳамаи калахшҳоро аз он бикан ва покаш кун. Баъд, ду хидматгорро бифармо бо пораҳои тунук чаҳор гӯшаи пӯсти пеш поракарда, яъне пӯстеро, ки бар фарози устухони шикаста аст, бидоранд ва ба барсӯ бикашанд.
Агар ин устухон ба табъи хеш ва ё ба сабаби шикастагии ӯро оризшуда камқувват бошад, бояд онро бо афзорҳои бурандагие бибуррӣ, ки паҳлуи ҳам гузошта шуда бошанд. Нахуст аз ҳама паҳнтари онҳоро ба кор бибар ва сипас ба афзорҳои борик онҳоро иваз бикун.
Баъд, ба мӯйии онҳо бигузар. Ба ҳангоми кофтану задан эҳтиёткорона рафтор кун, то сарро азоб дода, нороҳат насозӣ. Агар устухон қавӣ бошад, нахуст бояд бо пармаҳое онро сӯрох созӣ, ки «ғайрифурӯраванда» ном доранд. Инҳо пармаҳоеанд, ки аз сӯи дарун аз [буни] теғҳои худ барҷастагие доранд, ки онҳоро аз сахт фурӯ

рафтан ва ба пардаи [мағз] расидан боз дорад. Ҳамин тариқ устухони таркидаро бикобанд ва на якбора, балки андак-андак берун оранд. Агар мо онро бо ангушт канда битавонем, чунин кунем ва агар не, бо мӯчинак, ё анбӯр ва ғайра [барканем]. Бояд андар миёни сӯрохҳо ба қадри сари мил фосила бимонад ва бояд сӯрох то наздикии рӯи дарунии устухон бирасад. Бояд эҳтиёт шуд, ки парма ба ягон ҷои парда нарасад ва бинобар ин бояд парма ба қадри ситабрии устухон бошад ва андар ин кор пармаҳои гуногун ба кор баранд. Агар шикастагӣ танҳо андар маҳалли хамгашти устухон ҷой дошта бошад, бояд сӯрох фақат то ҳамон хамгашт бирасад.
Ҳар гоҳ устухонро кофта гирифтем, бояд дуруштиҳои устухони сарро, ки аз буридану кофтан ба амал омадаанд, ё бо афзори сованда ва ё бо яке аз афзорҳои бурандае, ки шабеҳи теғ аст, ҳамвор созем. Пеш аз ин андар зери афзор чизе биниҳем, ки рӯи пардаро бипӯшад ва онро муҳофазат кунад. Агар чизе аз устухонҳои хурд ва шохаҳои онҳо боқӣ бимонад, бояд онро ба оҳистагӣ баргирифт ва сипас ба муолаҷа намудан бо фатилаҳо ва марҳамҳо бипардохт. Ба ҳақиқат, ин яке аз намудҳои аз ҳама осон ва камзиёни муолаҷа бувад.
Ҷолинус гуфтааст: «Ҳар гоҳ бахше аз устухони сарро кушодӣ, ба зери он миқтаъеро бидарор, ки охири бахши наскшакли он барҷастаи ҳамвор ва дамаш ба дарозо бошад, то паҳноии наскшакл (210) бар забари сифоқ такя кунад. Бар фарози он бояд бо болғаи хурд бизад ва устухони сарро бибурид. Ҳар гоҳ мо чунин кор бикунем, ҳоҷат ба тамом бароварда гардад, яъне ҳатто агар шахси муолаҷакунанда хоболуд бошад ҳам, пардаро ҳеҷ ҷароҳат нарасад, зеро парда ба рӯи паҳни афзори наскшакл дучор ояд ва ин афзор ҳар гоҳ ба устухони сар биравад, онро беозор бибурад. Яъне бахши охири наскшаклу гирди он миқтаъро аз пас биронад ва ӯ устухони сарро бибурад. Аз барои баркандани ин устухон ягон тарзи дигаре ёфтан наметавон, ки аз ин тарз дида осонтару зуданҷомтар бошад. Он намуди муолаҷа, ки бо ёрии арраҳо ва афзорҳои бо номи «ҷунифдис»203 маъруф иҷро карда мешавад, пизишкони навбаромад онро ба иллати нохубияш накӯҳидаанд. Ин буд гуфтаи мо андар баёни муолаҷаи устухони саре, ки онро шикофта шудан ориз гардида бошад. Худи ҳамин намуд муолаҷа ба айнаш аз барои дигар намудҳои шикастагие, ки устухони сарро падид ҳамеоянд, созгор аст, вале чун мо [онро барои] илоҷи шикофтагӣ ёд карда бошем ҳам, ҳамчун намуна аз барои дигар [намудҳои шикастагӣ] овардаем».
Фулус204 гуфтааст: «Ҷолинус низ моро таълим додааст, ки устухонро ба чӣ миқдор бояд бурид ва гуфтаи ӯ чунин аст: «Аммо оид ба чӣ миқдор аз устухони иллатнок буридан бояд гуфт, ки агар қисме аз он сахт суда шуда бошад, бояд онро ба тамом берун андохт. Вале ба ҳангоми он бахш аз устухон, ки аз он шикофтагиҳое сар зада, ба андозаи хеле дароз тӯл кашидаанд, – зеро бошад, ки чунин ҳол ориз бигардад, – агар бидонӣ, ки бад-ин сабаб ягон чизи зиёнваре рӯй нахоҳад дод ва агар дигар феълҳое, ки иҷро карданашон лозим аст, ба таври шоиста иҷро шуда бошанд, андар ин ҳол набояд ин шикофтагиҳо то охирашон мавриди тадбир қарор бигиранд».

пешина
аз 1215
навбатӣ