Қонуни тиб

Сипас, баъди муолаҷа бо оҳан бояд пораи катонии якқабатаро ба андозаи бузургии ҷароҳат бигирӣ ва андар равғани гул оғушта, бар даҳони ҷароҳат бипӯшонӣ.
Баъд аз он пораи дуқабата ва ё сеқабатаро гирифта, андар шароб ва ё равғани гул оғушта созӣ ва тамоми ҷароҳатро равғани гул бимолӣ. Сипас аз болои он пораи ҳар чи бештар сабукеро бинеҳ, то он бар пардаи мағз гаронӣ наоварад ва баъд аз болои он бандинаҳои паҳнро ба кор бурда, онҳоро ба андозае бибанд, ки танҳо пораҳои [бар ҷароҳат ниҳодаро] нигоҳ доранду бас. Сипас тадбиреро пеш бигир, ки афрӯхтагиро таскин бидиҳад ва табро бибарад ва пардаи [мағзро] ҳар доим аз боло бо равғани гул тар соз. Ба рӯзи севвум бастаро бикушой, ҷароҳатро пок кун ва бо доруе дармонаш кун, ки гӯшт бирӯёнад ва афрӯхтагиро фурӯ нишонад. Бар парда, бар он ҷое, ки гӯшт ҳамерӯяд, аз доруҳои хушке, ки «доруҳои сар» ном доранд, ягон хокаеро бипош. Андар баъзе ҳолатҳо агар моро эҳтиёҷ биафтад ва агар устухонҳои барҷастае ҷой дошта бошанд ва ё аз барои зуд рӯидани гӯшт [лозим бошад, доруҳои мазкурро] бар устухон [бипошем].
Низ чунин [беморонро] бо дигар доруҳое муолаҷа кунем, ки андар боби муолаҷаи ҷароҳатҳо ёд намудем».
Фулус гуфтааст: «Бисёр бошад, ки пардаи сарро баъди муолаҷа бо оҳан омоси гарм рӯй дода, ҳатто аз андозаи ситабрии устухони сар ва ситабрии пӯст низ баланд барояд ва баробари он сахтие ба амал ояд, ки табиатро ҳаракат кардан нагузорад. Ин гуна одамонро бисёр вақт азҳамкашидагӣ ва аразҳои дигари баде падид оянд ва аз паси ин гуна чизҳо марг фаро расад. Омоси гарм ё ба сабаби устухони барҷастае, ки пардаро бихалад, ё ба сабаби гаронии фатилаҳо, ё ба сабаби сардӣ, ё бисёрии таом, ё бисёрии ошомиданӣ ва ё ба ягон сабаби дигари ноаёне андар парда рӯй диҳад. Агар омоси гарм аз иллати намоёне бархеста бошад, бояд он иллат зуд бартараф карда шавад, вале агар аз ягон иллати ноаёне падид омада бошад, андар бартараф кардани он бикӯш ва агар ягон монеае набошад, раг задан ба кор бибар. Агар монеа бошад, пас, коҳиш додани таомро пеш гир ва ё тадбире [ба кор бибар], ки омосҳои гармро ба ислоҳ биоварад. Мисоли ин дорурезӣ кардан бо равғани гарми гул ва ё бо обест, ки андар он хитмӣ, ҳулба, зағир, бобуна ва монанди инҳоро ҷӯшонида бошанд. Зимодҳоеро ба кор бибар, ки аз орди ҷав, оби гарм, равған ва зағир сохта бошанд. Низ пиҳи мокиёнро бар пашмина ниҳода, ба кор бибар ва бо он сару гардан ва паси сарро тар бисоз.
Андар гӯшҳо ягон равғанеро аз равғанҳо бичакон, ки гармиро паст кунад. Беморро андар хона андар оби гарм нишонда, равғанмолӣ бикун. Агар омоси гарм давом кунад ва ягон чизе аз истеъмоли доруи ба як бор исҳоловаранда монеъ набошад, чунин кор бикун, зеро Буқрот чунин фармоишро муқаддам доштааст».
Фулус гӯяд: «Агар парда сиёҳ бигардад ва агар ин сиёҳӣ андар рӯи он ҷой дошта, аз сабаби доруи муолаҷашуда ба амал омада бошад, зеро доруи сиёҳ гоҳе чунин таъсир бирасонад, (211) бояд аз ангубин як бахш ва аз равғани гул се бахш гирифта, биомезанд ва пораеро бо он андуда, бар пардаи [мағз] бигузоранд. Агар сиёҳӣ андар парда аз худи он падид омада, то ба умқи он расида
бошад ва хусусан агар ҳамроҳи он нишонаҳои дигари баде низ ҷой дошта бошанд, бояд аз саломат мондани ин бемор ноумед шуд, зеро ин бар нобуд шудани гармии модарзодӣ далолат кунад».
Ман шахсеро дидам, ки сарашро осеби шикастагӣ расида буд ва чун баъди як сол устухони сари ӯро кофта гирифтанд, сиҳат шуд. Ин аз он сабаб чунин буд, ки шикастагӣ андар нармаи сар ҷой дошт ва аз сабаби тир хӯрдан ба амал омада, дорои таровишгоҳ буд. [108] Бинобар он пардаро осебе нарасид, баръакс, аз табоҳ шудан эмин ёфт.
Ҷолинус гӯяд: «Ба ман одамеро нишон доданд, ки нармаи сар ва инчунин устухони гижгоҳияш ба дарозо шикаста буд. Ҳамаи устухонро ба ҳоли хеш гузоштам, вале ба ғарази маълум бахше аз устухони нармаро буридам. Ин кифоят намуд ва он мард шифо ёфт».
Фасли дуввум андар баёни шикастани дандонхона
Донишманди [мазкур] гуфтааст: «Агар дандонхона ба андарун фурӯ равад, вале ду ним нашуда бошад, ба ҳангоми чунин шикастани дандонхонаи рост ангушти ишорат ва миёнгини дасти чап ва ба ҳангоми шикастани дандонхонаи чап ангушти ишорат ва миёнгини дасти ростро андар даҳони бемор бидарор ва бо он кӯжии шикастагиро аз дарун ба сӯи берун бардор ва бо дасти дигар аз берун онро бидор. Баробар шудани онро аз тариқи баробар шудани дандонҳои андар вай ҷойгирифта хоҳӣ донист.
Агар дандонхона ду ним шуда бошад, онро аз ду сар бо ёрии як хидматгоре, ки онро бикашад ва хидматгори дигаре, ки онро нигоҳ бидорад, ба сӯи муқобил бикаш. Сипас пизишк ба рост кардани он ба тавре ки ёд кардем, бипардозад ва дандонҳоеро, ки каҷ шуда, аз ҷои хеш баромадаанд, ба якдигар бибандад.
Агар баробари шикастагӣ ҷароҳат ва ё шохпораи устухоние ҷой дошта бошад, ки бихалад, пас, онро бишикоф, ва ё [ҷароҳатро] фарохтар бисоз ва шохпораро берун ор.
Баъди ба ҷои худ баргардондани [устухон] ва рост кардани он дӯхтанро ба кор бибар ва рифодаҳову доруҳои гӯштрӯёнанда бинеҳ».
Ӯ гӯяд: «Бастани он бад-ин гуна аст: миёнаи сарбандро бар мағокии паси сар ниҳода, ду сари онро аз ду бар аз забари гӯшҳо гузаронида, ба сари дандонхона бибаранд, сипас аз он ҷой ба сӯи мағокӣ боз оранд, баъд ба зери дандонхона гузаронда, аз болои рухсораҳо ба сӯи нармаи сар бароранд ва сипас аз он ҷой низ ба фурӯсӯи мағокӣ баргардонанд. Бояд як бандинаи дигареро бар пешонӣ ва паси сар бибанданд, то ҳамаи печҳои печидаро устувор бидорад. Гоҳе аз болои ин ягон тахтаи сабукеро бибанданд.
Агар ҳар ду дандонхона аз сари худ ҷудо шуда бошанд, бояд ҳар дуро бо ду даст андаке пас бикашанд, сипас онҳоро ба ҳам баробар сохта, ҷобаҷо кунанд, ба чӣ гуна ҷой гирифтани дандонҳо нигаранд ва дандонҳои пешинро бо риштаи заррин бибанданд, то сохти онҳо дигаргун нагардад. Миёнаи бандинаро бар паси сар биниҳанд ва сари онро ба сӯи сари дандонхона оранд. Беморро бифармоянд сукуту оромӣ ихтиёр кунад ва сухан нагӯяд ва ба ӯ аз ошобаҳо ғизо бидиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор