Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ шакли [манаҳ] андаке тағйир ёбад, бастаро ба шарте бикушой, ки агар омоси гарм ориз нашуда бошад, вале агар ориз шуда бошад, ба кор бурдани доруҳои рехташаванда ва зимодҳоеро фаромӯш накун, ки аз барои ин созгор буда, [омосро] таскин бидиҳанд ва ба таври муътадил ҳал созанд. Устухони манаҳ аксар вақт пеш аз се ҳафта бигирад, аз баҳри он ки вай нарм аст ва дорои мағзи бисёр буда, ин [мағз] ӯро пур созад».
Фасли севвум андар баёни шикастагии бинӣ

Бахши барсӯвини бинӣ устухон ва бахши фурӯсӯвинаш куркурак аст ва ин куркуракро на шикастан, балки кӯфта шудан, пахшшудаву паҳн шудан ва ба як сӯ шудан рӯй бидиҳад. Аммо бахши барсӯвини устухони онро гоҳе шикастан ориз бигардад. Ҳар гоҳ бинӣ бишканад ва агар онро муолаҷа накунанд, боиси гум шудани ҳисси бӯёӣ бигардад ва низ мумкин аст сахт шуда, бар ҳоли каҷӣ бимонад ва ростсозӣ напазирад. Бинобар ин бояд аз рӯзи нахустин зуд ба [муолаҷаи] он пардохта, таъхири он аз даҳ рӯз нагузарад.
Бидон, ки агар шикастагии бинӣ то ба маҳаллҳои барсӯвини он бирасад ва ё андар худи он ба амал ояд, беҳтарин тадбир андар ин ҳангом он бошад, ки мили оростаи ҳамворро бигиранд ва ба нармӣ андар бинӣ дароварда, то дуртарин маҳалли сӯрохи он бирасонанд. Онро бо як даст бидоранд ва бо дасти дигар биниро то рост шудан ростсозӣ кунанд. Сипас ба нармӣ фатилаеро андар он бидароранд, ки шакли ростшударо нигоҳ дорад ва аз ҳама беҳтар он аст, ки ин [фатила] аз катон бошад. Агарчи офат ҷуз андар як сӯрох набошад ҳам, вале ба тақозои эҳтиёт андар ҳар ду сӯрох [фатила] бидароранд. Гоҳе андар мағзи фатила (212) як пар биниҳанд, то он созгортар бигардад. Сипас онро зимод кун ва бар вай пораи зимодандуда бичаспон. Фатиларо то замоне, ки [шикастагӣ] ба ғоят мустаҳкам нагардад ва насабзад, берун наовар. Биниро бо ягон бандина набанд, ки аз он паҳн бигардад, вале агар андар он ягон каҷии хеле бузург ва кӯжие ҷой дошта бошад, ки аз бастан беҳ шавад, [чунин хоҳанд кард].
Агар [осеб] андар бахшҳои фурӯсӯвин афтида бошад, онро бо ду ангушти ҳар ду даст, масалан, бо ҳар ду ангушти шаҳодат ва ё бо ҳар ду ангушти хурд метавон рост намуд. Агар андар ин ҳол омос падид ояд, марҳами диёхилун сахт хуб аст, зеро он омосро таскин диҳад ва низ шакли росткардагиро нигоҳ дошта, қувват бахшад. Доруе низ ҳамчунин бувад, ки аз сирко, равғани зайтун, нони сафед ва кӯфтаи кундур бисозанд ва бар вай хокистар пошида, [бар бинӣ] зимод кунанд.
Агар шикастагӣ ба шакли кӯфтагӣ ва суда шудан бошад, андар ин ҳол биниро танҳо ҳангоме ба ҳоли дуруст метавон боз овард, ки онро бишикофанд, устухони порашударо берун оранд ва сипас дӯхта, аз болояш доруҳои хока бипошанд.
Агар куркуракро майл ва лағжиш рӯй дода бошад, онро ҷабран рост кун ва сипас ба тавре бибанд, ки ӯро бад-он ҳол нигоҳ дорад, яъне бандинаро кашида, ба он

сӯи гардан бибанд, ки [бинӣ] аз он сӯй майл карда бошад. Яке аз тадбирҳое, ки чунин бастанро осонтару беҳтар бигардонад, бад-ин гуна бувад: шерозаи қавии ҷома ва ё ягон тасмаи як ангушт паҳнро бигир ва ба як сари он сирешуми моҳӣ, ё сирешуми пӯсти гов, ё самғ ва ягон чизи часпандаи дигаре молида, бар он паҳлуи бинӣ бичаспон, ки аз он сӯ майл карда бошад ва бигузор то хушк шуда, биниро ба сахтӣ ба ҳоли хеш боз орад. Сипас он тасма ва ё пораро ба ҳадде бикаш, ки бинӣ рост шавад ва ба сӯи мухолифи майли аввала майл кунад. [Сари] онро ба сӯи гардан бурда, ба тавре бибанд, ки биниро бар ҳамон ҳайъат нигоҳ дорад ва бо зимоде, ки ҳамебояд, онро зимод кун.
Фасли чаҳорум андар баёни шикастагии охурак

Охурак ё ба сабаби бори гарон бардоштан, ё ба сабаби сахт афтидан ва ё ба сабаби сахт кӯфта шудан бишканад.
Дигар ин ки шикастабандии охурак душвор аст ва ба нарм муомала кардан эҳтиёҷ дорад. Андар бобати шикастабандии он гуфтаанд: агар он аз наздикии сари сина бишканад, кам биафтад, ки сари бозу ба фурӯсӯ билағжад.
[Донишманди мазкур] гӯяд: «Агар охурак ду ним шавад, беморро бар курсӣ нишон [ва бифармой], то як хидматгор бозуеро, ки охурак аз он сӯй шикастааст, бидорад ва ба берун ва низ ба барсӯ бикашад ва як хидматгори дигар гардан ва дӯши муқобилро ба андозаи мавриди ниёз бикашад. Сипас пизишк ба рост кардан пардохта, бо ангуштон он ҷоеро, ки барҷаста аст, зер кунад ва он ҷоеро, ки фурӯрафта аст, кашида берун орад. Агар андар ин ҳангом ба кашидани бештаре эҳтиёҷ бафтад, андар зери бағал гурӯҳаи бузурге биниҳанд, ки аз пораҳо сохта бошанд ва оринҷро зер кунанд, то ба паҳлуҳо наздик ояд, зеро оринҷро ҳар тавре ки бихоҳӣ, кашидан битавонӣ. Агар сари охурак ба сӯи андарун бисёр шикаста, бо кашидани пизишк ба ислоҳ наояд ва ба иллати бисёр фурӯрафтагӣ барнаояд, беморро бар пушт бихобон, бар зери дӯшаш болини дуқабата бинеҳ ва дӯши ӯро ба фурӯсӯ зер кун, то устухони охурак барояд. Сипас онро бо ангуштонат рост ва дуруст карда, бибанд.
Агар аз даст бурдан бар он [маҳал] бемор хала ҳис кунад, пас андар зери он маҳал шохпораи устухонест, ки бихалад ва бинобар ин он ҷойро бишикоф ва шохпораро берун овар, вале ин корро хусусан агар шохпора реза шуда бошад, бояд бисёр ба эҳтиёт иҷро кунӣ, то ки он пардаи синаро чок насозад. Афзори муҳофазаткунандаи пардаро ба зери устухон бидарор ва сипас устухонро зер кун. Агар омоси гарм ориз нагардад, шикофтаро бидӯз ва бигузор гӯшт бигирад, вале агар ягон омоси гарме падид омада бошад, пас, рифодаҳоро андар равған тар карда [бинеҳ].
Агар ба ҳангоми шикастан сари бозу ҳамроҳи бораи охурак ба фурӯсӯ фуруд омада бошад, бояд бозуро бо бандинаи паҳне овехта, бар ноҳияи гардан бибардошт. Агар пораи охурак ба барсӯ гароида бошад, ки ин кам рӯй диҳад, бозуро набояд биовехт. Худованди охураки шикаста бояд бар пушт бихобад ва тадбири [ғизояшро] латиф созанд. Охуракро як моҳ ва ё камтар аз он баста доранд.
Аммо оид ба бандинаҳои охурак дахл карда, гуфтаанд, ки охурак аз сӯи дарун боз намешавад, зеро он бо бозу пайваста аст, на гусаста ва бинобар он аз он сӯй ҳеҷ наҷунбад.

пешина
аз 1215
навбатӣ