Қонуни тиб

Агар аз берун бо зарбаи сахт бизананд, ҷудо бигардад.
Андар ин ҳол онро рост карда, бо ҳамон илоҷе муолаҷа кунанд, ки шикастагии инро муолаҷа хоҳанд кард. Аммо он саре, ки аз сӯи дӯш ва гусаста аз он аст, чандон бисёр берун наояд, аз баҳри он, ки (213) мушаки ӯ дусара буда, ӯро берун омадан нагузорад ва сари шона низ ӯро нигоҳ дорад. Инчунин, худи охурак низ чандон сахт наҷунбад, зеро вай чунон гардонида шудааст, ки танҳо синаро ҷудо кунад ва онро фарох созад. Бад-ин сабаб охурак [109] аз миёни ҷонварон танҳо хосси инсон бувад. Агар охуракро аз сабаби гӯштӣ ва ё чизи дигаре аз ҳамин қабил берун омадан ориз бигардад, ӯро бо даст ва бо ниҳодани рифодаҳои бисёр ва бандинаҳои мувофиқ рост намуда, ба ҷои худ бидароранд. Айни ин муолаҷа низ барои сари дӯше созгор аст, ки лағжида бошад ва ӯро ба ҷои хеш баргардонанд. Он чизе, ки охуракро бо дӯш ҳамебандад, устухони куркуракист ва он андар одамони лоғар касро ба ғалат биандозад, зеро ҳар гоҳ вай билағжад, каси бетаҷриба гумон кунад, ки сари бозу ҷудо шуда, аз ҷои хеш берун омадааст. Андар ин ҳол сари шона тезтар ва маҳалле, ки аз он ҷой [устухон] берун омадааст, фурӯрафтатар бинамояд.
Лекин инро бояд бо он далелҳое муайян созӣ, ки минбаъд онҳоро хоҳӣ санҷид.
Фасли панҷум андар баёни шикастани шона
Аммо шонаро кам биафтад, ки маҳалли паҳни он бишканад ва аксар вақт он чи аз шикастагӣ ӯро ориз бигардад, андар шерозаҳо, паҳлуҳо ва шохаҳои он ориз бигардад.
Ҳар гоҳ шикастагӣ рӯй диҳад, онро аз тариқи ламс ва аз тариқи он халидане бишиносанд, ки баъди [шикастан] ҳис карда шавад. Лекин бисёр вақт ӯро кафидагие падид ояд, ки аз тариқи дуруштии ба ламс дарёфташаванда, дарди маҳаллӣ, агар хала бошад, аз тариқи хала ва инчунин аз тариқи набудани дигар нишонаҳои [шикастагӣ] аз он огоҳӣ ёбанд. Гоҳе онро ба сӯи андарун шикастан рӯй диҳад ва ба ин фурӯрафтагии падидомада, [садои] хаш-хаши оҳистае, ки ҳангоми даст задану таҳқиқ кардан ба гӯш бирасад, карахтие, ки дасти аз он сӯй бударо падид ояд ва дард далолат кунанд. Илоҷи ин низ чунин аст, ки ба нармӣ бикашанд, бо ҳусни кордонӣ аз сӯи пеш ба ҷой бидароранд ва баробар кунанд. Ба пиндори ман гоҳе ба миҳҷама ниҳодан эҳтиёҷ биафтад, то [миҳҷама] ӯро ба пас бикашад ва баробар созад, вале бояд эҳтиёт шуд, ки аз тариқи ҷамъ сохтани модда зиён наоварад.
Ба ҳангоми шикастани шохаҳои шона агар аз он нороҳатӣ ва сихзании ранҷоваре падид ояд, аз берун овардани онҳо чора нест, вале агар ором бошанд, онҳоро ҳамвор кунанд ва бо бандинаҳое бибанданд, ки шабеҳи бандинаҳои охурак буванд. Худованди шикастагии шона бояд танҳо бар паҳлуи дуруст бихобад.
Фасли шашум андар шикастагии сари сина
Сари синаро гоҳе шикофтагии холис падид ояд ва гоҳе ба сӯи андарун бишканад. Намуди якумро аз тариқи
[садои] чарсасе, ки ба ламс ва шунавоӣ дарёфта шавад, аз тариқи он чи, ки аз ҷудоии ду бахши он дарёбанд ва аз тариқи ба дарозо давидани дард бишиносанд. Аммо [намуди] дуввумӣ бошад, гоҳе аз паси он аразҳои баде аз қабили зиқи нафас ва сурфаи хушк падид оянд. Бошад, ки худованди он хун партояд ва бошад, ки аз сабаби он гандидани ҳиҷоб ба амал ояд. Илоҷи ин гуна [беморон] чун илоҷи касест, ки андар дӯшаш чунин ҳолат рӯй дода бошад. Агар [шикофтагӣ] ба фурӯсӯ гароида бошд, пас, он илоҷеро ба кор бибаранд, ки аз барои нороҳатии охураки ба сабаби шикастагӣ хамхӯрда таъйин шудааст. Агар [шикастагӣ] ба устухонҳои паҳлу дахл карда бошад, андар ин ҳол аз болои бандинаҳое, ки аз зер ба дарозо бар болои [устухонҳои паҳлу] ниҳодаанд, бандинаҳоеро гирдогирд ба кор бибаранд, ки аз пашмина сохта бошанд. Сипас ду сари ҳар ду бандинаро ҷамъ сохта, ба якдигар бибанданд ва ин кор бандинаҳои гирдогирд бударо кушода шудан нагузорад.
Фасли ҳафтум андар баёни шикастагии устухонҳои паҳлу
Устухонҳои ростинии ҳафтгонаи паҳлуро мумкин аст аз ду бар шикастагӣ ориз бигардад, вале устухонҳои дурӯғини паҳлуро бошад аз бари сутунмуҳра шикастагӣ рӯй диҳад, аз баҳри он ки сарҳои дигари онҳо, чунонки донистӣ, куркуракҳои устухонҳои паҳлуст ва онҳоро танҳо кӯфта шудан ориз бигардад. Шинохтани шикастагии устухонҳои паҳлу осон аст ва он аз ҳисси басовандагӣ пӯшида намонад, зеро ба ҳангоми он дуруштӣ ва ҳаракати бемаҳал дарёфта хоҳад шуд. Гоҳе агар гӯш фаро бидиҳанд, [садои] хаш-хаши оҳистае ба гӯш ояд.
Агар майли устухони паҳлу ба андарун бошад, ки ба ин аразҳои барсомӣ далолат кунанд ва гоҳе баробари он аз даҳон хун ояд, зинҳор шикастабандон аз ноилоҷӣ ба муолаҷа намудани он аз тариқи кашидан ба сӯи берун иқдоме накунанд, зеро ин кор аз ғайри миҳҷама ниҳодан душвор бувад, аз тарафи дигар ниҳодани миҳҷама гоҳе бими онро дорад, ки моддаи бисёреро бад-он сӯ кашида, ҷамъ созад ва андар он фасоди маълуме ҷой дошта бошад, вале агар миҳҷамаҳоро бо эҳтиёт ба кор барӣ ва (214) дер нигоҳ дорӣ, боке надорад.
Лекин гоҳе ба бемор ғизоҳои сахт дамоваранда бидиҳанд, то шиками эшон бидамад ва дамидагӣ шикастагиро ба танг оварда, ба берун бифишорад. Ин тадбир низ, ҳарчанд аз қабили тадбирҳоест, ки андар баъзе ҳолатҳо бад нестанд, вале сабаби бузурги падид омадани омос бувад.
Бархе аз донишмандоне, ки аз аҳли шикастабандист, гуфтааст: «Маҳалли [шикастагиро] бояд бо пашминае бипӯшонанд, ки андар равғани зайтуни гарм тар карда бошанд ва андар миёни устухонҳои паҳлу рифодаҳо бигузоранд, то он ҷойҳо пур шаванд ва бандинаро чун гирдогирд бипечанд, ҳамвор бихобад, чунонки мо инро андар боби сина тавсиф намудем. Сипас онҳоро ба андозаи муносиби ҳоли устухон чунон бибанданд, ки андар худовандони шавса ҳамин гуна бибанданд».
Агар ба мо ҳолати сахте дучор ояд ва устухон ба ҳиҷоб халида, ранҷ оварад, андар ин ҳол бояд пӯстро шикофт ва устухони шикастаи паҳлуро бараҳна сохт. Сипас ба зери он афзореро бидароранд, ки сифоқро нигоҳ дорад, то он берун наояд ва устухони халандаро бо эҳтиёт бурида бигиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор