Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъд, агар омоси гарм ориз нагардад, лабҳои [шикофтагиро] ҷамъ созанд ва бо марҳам дармон кунанд. Агар онро омоси гарм ориз бигардад, бо рифодаҳое бипӯшонанд, ки андар равған оғушта бошанд. Ба бемор ғизо бидиҳанд, бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки омоси гармро фурӯ нишонанд ва [беморро] бар паҳлуе бихобонанд, ки барояш сабук бошад.
Фасли ҳаштум андар баёни он шикастагие, ки муҳраҳоро ориз бигардад

Фулус гуфтааст: «Гоҳе гирдаҳои муҳраҳоро кӯфтагӣ рӯй бидиҳад, вале шикастан бошад, онҳоро кам ориз бигардад. Андар ин ҳолат пардаҳои ҳароммағз ва ё худи ҳароммағз фишурда шуда, асабҳо андар дард бо онҳо анбозӣ намоянд ва аз паси ин, хусусан ҳангоме марг рӯй диҳад, ки агар ин гуна [шикастагӣ] муҳраҳои гарданро ориз шуда бошад. Бинобар ин, бояд мо пешакӣ гуфтугӯ намоем ва аз марги баамалоянда хабар диҳем. Агар имконияти он бошад, ки роҳи хатарнокро пеш гирифта, устухони озордиҳандаро аз тариқи шикофтан берун оваранд, бояд чунин кард, вагарна чунин [беморонро] бо тадбири ғизоие чора кунанд, ки омоси гармро таскин бидиҳад. Агар ягон чизе аз бахшҳои барҷастаи муҳраҳо, ки онҳоро [фузуниҳои] «хоршакл»
номанд, боқӣ бимонад ва агар мо онҳоро ҷустуҷӯ кардан бихоҳем, зуд андар зери ангуштон биафтанд, зеро оне, ки аз ҳам рехтааст, ҳаракат намуда, аз маҳалли худ дур шавад. Ин гуна [боқимондаҳоро] аз тариқи шикофтани пӯст аз сӯи берун бояд берун бикашем. Сипас [чокро] аз тариқи дӯхтан ҷамъ созанд ва дармонҳои гӯштсабзонанда ба кор бибаранд. Агар аз устухони пушт чизе фурӯтар аз миён ва думмоза бишканад, бояд ангушти шаҳодати дасти чапро андар мақъад бидарорем ва бо дасти дигар ҳар қадар ки мумкин аст, онро рост кунем. Агар ҳис бикунем, ки устухони шикастае ҷудо шудааст, инро низ бояд аз тариқи шикофтан ба тавре берун овард, ки мо ёд кардем. Сипас бандина ва илоҷеро ба кор бибарем, ки муносиби мақъад буванд.
Фасли нуҳум андар баёни шикастагии бозу

Устухони бозу ҳар гоҳ бишканад, аксар вақт ба сӯи берун бигарояд. Бояд он кореро кунӣ, ки чунонки донистӣ, ба ҳангоми ба ҷои хеш боз овардани шикастагӣ кардани ин гуна кор воҷиб аст. Яъне онро бо даст бисов, ба ғоят ҳамвор кун ва бо бандинаи ба барсӯ раванда бибанд ва агар ба сӯи [дӯш] наздик бошад, [бандинаро] ҳеҷ набошад то ба он ҷой бибар ва андар он ҷой устувор кун.
Сипас, бандинаи фурудояндаро ба тавре ки донистӣ, бибанд ва агар [шикастагӣ] ба сӯи оринҷ наздик бошад, [бандинаро] ҳеҷ набошад аз он ҷо бигузарон. Баъд, бо бандинаи севвуме бибанд, ки аз фурӯсӯ ба барсӯ ояд ва дастро каме таҳ карда, биовез ва нагузор, ки кушода овезон бошад, зеро ин бад аст. Аз ҳама беҳтар он аст, ки бозуро хусусан агар аз назди оринҷ шикаста бошад, ба шак

ли кунҷташкилдиҳии оринҷ ба сина бибанданд, то он наҷунбад. Агар шикастагӣ ҳанӯз наомосида бошад, бандинаро бо обу сирко ва ё оби танҳо тар кун ва онро аз катони бараш чаҳор ангушт бисоз, на ғайри он. Агар шикастагӣ ба риму омос кардан оғоз карда бошад, бандинаро аз пашмина бигир ва онро андар равған оғушта соз.
Агар туро имконият бошад ва ягон чизе халал нарасонад, инро то ҳафт ва ниҳояташ то даҳ рӯз боз накун. Сипас [дастро] бикушой ва тахтаҳо барбанд. Агар эҳтиёткорӣ туро ба дигар коре водор созад, ба рӯзи севвум бикушой ва ин ҳамон тадбирест, ки Буқрот бад-он майл дорад, зеро он ҳарчанд кори сабзишро ба таъхир биандозад, вале бисёр офатҳоро бартараф хоҳад кард. Аммо оид ба чӣ гуна ниҳодани тахтаҳо [бояд гуфт], ки он чи мо бароят андар бобҳои [дигар] баён кардем, бояд кифоят бошад. [Тахта]бастаро ҳадди ақал то чиҳил рӯз накушой.
Агар аз барои хуб ҷойгир кардан ба кашидани сахт эҳтиёҷ бошад ва агар ин кор аз дасти худат наояд ва ёрии (215) касони ёридиҳанда низ туро кифоят набошад, беморро бар курсии баланде бинишон, ки аз нишаста дида бештар ба рост истодан наздик бошад, [110] бояд зери бағалашро бар пиллаи нардбон ва ё ягон чизи бад-он монанде, ки андар боби баромадагӣ донистӣ, ҷойгир кунад ва бояд он маҳалро пешакӣ ҳамвор сохта, бароҳату нарм гардонида бошанд. Сипас бояд ягон чизи гаронеро бар оринҷи ӯ биовезанд, то онро ба фурӯсӯ бикашад.
Ҳар гоҳ [устухон] ба андозаи дилхоҳ кашида шавад, он гоҳ вайро рост кунанд.
Агар аз тариқи бастани сарбандҳои қавӣ аз фурӯсӯ ва барсӯви шикастагӣ, [ба пушт] хобондани бемор ва сарбандҳои бастаро ба зеру забар кашидани мардони боқувват туро бениёзӣ ҳосил шавад, ин кофист. Агар шикастагӣ андар миёнаи бозу афтида бошад, бандинаро тавре бинеҳ, ки аз ду сари бандкушо ба андозаи баробар дур бошад, вале агар [шикастагӣ] ба як сӯ наздиктар бошад, бандинаро ба як тараф бисёр наздик ва аз тарафи дигар дур бинеҳ. Агар танҳо шикофта шуда бошад, онро бо илоҷи шикофтагӣ муолаҷа бикун ва сахт бибанд.
Фасли даҳум андар баёни шикастагии соид

Бошад, ки ҳар ду занд якҷо бишкананд ва бошад, ки яке аз онҳо. Агар яке аз онҳо бишканад, шикастагии занди фурӯсӯвин бадтару қабеҳтар аз шикастагии занди барсӯвин бувад. Аз баҳри он ки маҳз занди фурӯсӯвин соид ва борбардоранда аст, аз ин сабаб шикастанаш бад бувад ва азбаски аз гӯшт орист, бинобар он шикастанаш қабеҳтар бувад. Дигар ин ки [шикастагии занди] барсӯвин ба осонӣ илоҷпазир буда, кашидани андаке ӯро кифоят кунад, вале занди фурӯсӯвин чунин нест ва хусусан агар ҳар ду якҷоя шикаста бошанд.
Бояд ба вақти кашидани андом ба қуъ, ки он буни каф аст, такя кунанд. Дараҷаи сахтии бандинаро бад-ин гуна бидонанд, ки агар аз сабаби он андар ангуштон омоси андак ва камдард падид омада бошад, пас, бандина муътадил аст, вале агар [омос] тамоман вуҷуд надошта бошад, [бандина] суст аст ва агар [омос] аз ҳад зиёд бошад, [бандина] сахт бувад ва боистӣ онро сусттар намуд.

пешина
аз 1215
навбатӣ