Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ниҳодани тахтаҳо бошад аз қабили корҳоест, ки бароят пӯшида нестанд, вале набояд онҳо ба дарозо то панҷа ва буни ангуштон бирасанд, балки агар наздик будани шикастагӣ ба бандкушои панҷа тақозои чунин [дарозӣ] накунад, бояд онҳо аз ин андоза андаке кӯтоҳтар бошанд.
Лекин ба ҳоли [тақозои дарозӣ] низ набояд онҳо ба бандкушоҳои ангуштон бирасанд.
Ҳар гоҳ [шикастагиро] тахта ниҳода, бастанд, бояд [дастро] ба шакли зовия ба гардан биовезанд ва хусусан агар шикастагии он ба фурӯсӯ наздик бошад, бояд онро бо пораи паҳне биовезанд, ки соидро тамом ба дарозо фаро бигирад, зеро агар гарданбанд танҳо ба маҳалли наздики шикастагӣ бирасад ва дигар бахшҳо бад-он такя накунанд, ногузир печидагӣ падид ояд ва [устухон] ба муҷиби тақозои майли каф майл кунад. Баръакс, бояд каф ва бештари соид андар гарданбанд ҷойгир бошанд. Агар шикастагӣ ба барсӯ бигарояд, бояд овехтан тавре бошад, ки маҳалли шикастагӣ озод биистад ва ҳар ду сӯро аз ҷониби каф ва аз ҷониби оринҷ бибардоранд, зеро агар миёни онҳо озод биистад, ин барои ростии шакл кумак хоҳад кард. Гарданбандро аз пораи нарм бигиранд ва бояд тавре биовезанд, ки [дастро] на чандон хобида дорад ва на чандон кушода. Бисёр бошад, ки [шикастагии] соид зуд ва қариб ба бисту ҳашт рӯз беҳ шавад.
Фасли ёздаҳум андар баёни шикастагии хурдаи даст

Ин устухонҳоро кам биафтад, ки бишкананд, зеро ниҳоят сахтанд. Агар ягон сабабе ба онҳо осеб расонида, онҳоро аз ҷои хеш билағжонад, вале нашиканад, андар ин ҳол ғояти дармон тақрибан он чизе бошад, ки андар боби баромадагӣ ёд кардем.
Фасли дувоздаҳум андар баёни шикастагии устухонҳои ангуштон

Инҳоро низ кам биафтад, ки бишкананд, балки онҳоро лағжидан ориз бигардад. Гуфтаанд, ки агар онҳоро шикастагӣ рӯй диҳад, бояд беморро бар курсии баланд бинишонанд ва бифармоянд, то кафи худро бар курсии ҳамворе биниҳад. Сипас хидматгор устухонҳои шикастаро бикашад ва пизишк бо нарангушт ва ангушти шаҳодат онҳоро рост кунад. Агар нарангушти [бемор] ба фурӯсӯ гароида бошад, бояд аз барсӯ бандина ба кор бурд.
Бошад, ки омоси гарм ориз бигардад ва ба иллати ҷой доштани сустӣ андар ин устухонҳо фазлаҳои бисёре бадон сӯй омада, зуд баста ва сахт шаванд.
Ҳар гоҳ устухони ангушт ва ё ангуштеро шикастагӣ ориз бигардад ва агар он нарангушт бошад, боистӣ онро бо бандинае бибанданд, ки хосси ӯст ва низ якҷоя бо каф бибанданд, то устувор биистад ва наҷунбад. Агар шикастагӣ ба яке аз дигар ангуштон ориз бигардад ва агар ин ангушти шаҳодат ва ё ангушти хурд бошад, бояд онҳоро бо (216) [ангуште] бибанданд, ки бад-онҳо наздик бувад. Агар [ангушти шикаста] аз қабили ангуштҳои миёнгин бошад, бояд онро бо ду ангуште бибанданд, ки аз ду бари он истодаанд ва ё ҳамаи онҳоро пайдарпай ба якдигар бибанданд ва ин аз ҳама хубтар хоҳад буд, аз баҳ

ри он ки ангуштон устувор истода, наҷунбанд ва онҳо,
яъне устухонҳои шикаста, чунон бигиранд, ки гӯӣ онҳоро бо тахтаҳо баста бошанд.
Фасли сездаҳум андар баёни шикастагии устухони паҳн ва сурин

Устухони сурин бо вуҷуди қавӣ будан бошад, ки ба нудрат бишканад. Ин гоҳе онро ба тариқи суда шудани атроф рӯй диҳад, гоҳе ба дарозо шикофта шавад ва гоҳе бахши дарунии он ба сӯи андарун ронда шавад. Бошад, ки баъд аз ин гуна ҳолатҳо низ аз қабили дард, халидан ва карахт шудани соқу рон оризаҳое ба амал оянд, ки ба оризаҳои ҳангоми шикастани бозу ва дӯш баамалоянда наздикӣ доранд.
Ҳар гоҳ устухони паҳне, ки бартар аз думмоза аст, бишканад ва ё мушакҳои он пора-пора шаванд, кори муолаҷа душвор бигардад ва яке аз ду сурин коҳиш ёбад.
Илоҷи ин чунин бошад, ки беморро бар шикам бихобонанд ва ду марди нерӯманд ба кашидани ронҳо пардохта, ҳар як як рони ӯро бикашанд. Як [нафари дигар] аз дастҳои бемор бидорад, то барои аз худ рондан ба касони ронкашанда дар наафтад. Ду шикстабанд андар ин ҳангом сахт ва ба таври қавӣ ҳар ду сурини ӯро молиш диҳанд, то рост бигарданд. Сипас зимод омода сохта, бар [маҳалли шикастагӣ] биниҳанд. Баъд бемор бар як чизи гӯймонанде бихобад, ки аз пораҳо ва монанди онҳо сохта шуда, дорои сахтист. Ин муолаҷа низ қариб ба он тарзест, ки бо он шонаро муолаҷа кунанд.
Ҳар гоҳ агар ин [устухон] аз сӯи сурин бишканад, илоҷаш чун илоҷи шикастагии дӯш бошад. Бояд бар баста тарифизоӣ кунанд ва рифодаҳоро ба тавре биниҳанд, ки ҳамебояд ва бояд бар ҷои паст хуб истинод дошта бошанд.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни шикастагии рон

Ҳар гоҳ рон бишканад, ба кашидани қавию сахт эҳтиёҷ биафтад ва сипас онро бар ҳайати табиие рост кунанд, ки аз кӯжии бари берун ва андаке фурӯрафтагии бари дарун иборат аст ва ба ҳоли дурустӣ ҳамеша бар ҳамин гуна ҳайат бувад. Ба ҳангоми шикастани васат, ё сари барсӯвин ва ё сари фурӯсӯвини [рон] он ҳолатҳоеро риоя кунанд, ки андар боби бозу ёд карда шуданд ва онро ба барсӯ кашида банданд, то ҳолати ҷобаҷоии шикастагӣ нигоҳ дошта шавад. Гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рон бишканад, ба сӯи пеш ва берун бозгуна шавад, зеро вай ба табъ аз ин сӯ паҳншакл аст.
Онро бо дастҳо, бандинаҳо ва бо намудҳои гуногуни кашидани баробар рост кунанд. Агар шикастагӣ андар миёнҷо бошад, як бандинаро аз барсӯи шикастагӣ ва дигарро аз фурӯсӯви он бибанданд, вале агар шикастагӣ аз миёна ба як сӯ майл намуда, ба сари рон наздиктар бошад, бояд пойбандеро гирифта, миёнаи онро пашм бипечанд, то гӯштро набурад ва ин миёнаҷои ӯро бар зиҳор ниҳода, ду сари онро ба сӯи сари [рон] бибаранд ва ба дасти хидматгоре бидиҳанд, ки онҳоро ба фурӯсӯ бикашад. Агар шикастагӣ андар маҳалли наздик ба зону афтида бошад, мо бандинаро аз барсӯи шикастагӣ бибандем ва гӯшаҳои онро ба дасти касе бидиҳем, ки онро ба барсӯ бикашад. Зонуро низ бо бандинае устувор нигоҳ дорем, ки бар гирди он печида бошем.

пешина
аз 1215
навбатӣ