Қонуни тиб

Мо ин андомро ба ҳоле рост кунем, ки бемор бар рӯй хобида, соқи худро дароз карда бошад. Агар устухонпораҳои халанда ҷой дошта бошанд, онҳоро бояд ба тавре рост намуд, ки борҳо ба такрор ёд кардем, вале он бахш аз онҳоро, ки барҷастаанд, боистӣ берун гирифт. Аммо дигар чорабиниҳоро бояд ба тавре иҷро кард, ки андар боби муолаҷаи бозу ёд кардем.
Устухони рон андар панҷоҳ шаб устувор бигардад ва оид ба чӣ гуна нигоҳ доштани вазъи он баъд аз овардани [боби] илоҷи соқ хабар хоҳем дод. Бояд андар миёни ду рон андар ин ҳолат як гӯи205 аз чӯб ва ё ягон чизи бадон монанд сохтаеро биниҳанд, ки ҳайъати онро бар ҳоли ростӣ бидорад ва ба тариқаи маъруф ва баробари нигоҳубин кардан аз омосу хориши падидоянда онро бисабзонанд. Ҳар гоҳ бар рон омосе ориз бигардад, он омоси қавӣ буда, зуд ба [ҳар сӯи] рон биравад. Андар ин ҳол бояд зуд ба кушодани [бандинаҳо] пардохт, то омос пароканда шуда, аз байн биравад. Пухтаковҳои хосси он барои ту маъруфанд.
Аммо колбадҳо ва новаҳо, ки онҳо тахтаҳои бузурги барои бар фарози бандинаҳои печида хуб нишастан дорои фурӯрафтагӣ буда, пойро ба дарозо фаро ҳамегиранд, агар кӯтоҳ бошанд ва соқро пурра фаро нагирифта тамом шаванд, аз онҳо фоидаи матлуб ҳосил нахоҳад шуд, вале агар (217) дароз бошанд, бемор аз онҳо ба ранҷ ояд. Аммо ба ҳангоми кӯтоҳ будан [низ] аз ранҷоварӣ холӣ нестанд.
Судмандии дарозии онҳо андар он аст, ки агар ҳаракати бахши дурусти пой ба андозае бошад, ки хусусан андар ҳолати бехабарӣ ва хоб ба шикастагӣ зиён ҳамерасонда бошад, андар ин сурат [новаҳои дароз] он бахшро низ ҳаракат кардан нагузоранд. Ба ин гуна афзорҳо танҳо ҳангоми [111] шикастагии ниҳоят бузург эҳтиёҷ биафтад, вале бо вуҷуди ин онҳоро танҳо пеш аз омос кардани [андом] метавон ба кор бурд, зеро омос бад-ин гуна чизҳо бардошт надорад. Умуман, ин [новаҳо] як бори гарон, офату ранҷ мебошанд ва модом ки аз тариқи ҳилаи дигаре имконияти аз онҳо бениёз шудан бошад, набояд ба кор фармудани онҳо рағбат намуд. Аммо ҳолати истоди каси ронаш шикастабандӣ шуда бояд бар ҳамон тарзе бошад, ки ба ҳоли тандурустӣ бад-он одат кардааст: аз қабили доим ҷамъ доштан ва ё доим дароз кардани [пой]. Он чи, ки бештар одат шудааст, ин дароз доштан бувад.
Бидон, ки каси рон ва сурин шикаста ҳар гоҳ сиҳат шавад, кам биафтад, ки налангад. Агар шохаҳои мушакҳояш канда шуда бошанд, [мушакҳо] нахуст фурӯҳишта шаванд ва сипас дарҳам оянд.
Фасли понздаҳум андар баёни шикастагии чашмаи зону
Чашмаи зону кам биафтад, ки бишканад, вале аксар вақт
кӯфта шавад. Он чиро, ки андар он ориз бигардад, аз тариқи даст кардан ва дуруштӣ [дарёфтан] ва аз тариқи
садое, ки ба ламс дарёфта ва ба гӯш шунида шавад, метавон шинохт. Ба ҳангоми муолаҷаи он бояд нахуст соқро бикашанд ва сипас чашмаро ба ҷояш бидароранд.
Агар пора-пора шуда бошад, нахуст ҷамъ созанд ва сипас ҷобаҷо кунанд.
Фасли шонздаҳум андар баёни шикастагии соқ
Агар устухони хурди соқ бишканад, некфарҷомтар аз шикастагии устухони бузург бувад. Агар наи хурди забарин бишканад, майл ба сӯи берун ва ба пеш буда, роҳ рафтан ба ҳангоми он мумкин аст, вале агар наи бузурги зерин бишканад, соқ ба пас ва ба сӯи берун бигарояд. Агар ҳар ду най якҷоя бишкананд, ин аз ҳама бад буда, соқро мумкин аст чунин ориз бигардад, ки ба ҳама сӯ майл кунад.
Бидон, ки илоҷи шикастагии соқ бар қиёси илоҷи соид ва мисли он аст, вале ҳоли соқ аз ҷиҳати инҳирофе, ки шакли табииро ориз бигардад, мисли ҳоли бозу нест, балки он рост бимонад. Бинобар ин бояд кашидани он ба тавре бошад, ки ба ҳоли ростӣ боз ояд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни шитоланг
Шитоланг ба сабаби сахтии худ ва ба сабаби иҳота будан бо паноҳдиҳандагон аз шикастан сахт эмин аст.
Бештар чизе, ки онро ориз бигардад, ин баромадан аст ва андар баёни он сухан гуфта шуд.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни пошна
Шикастагии пошна мушкил ва илоҷаш душвор аст. Аксар вақт, ки шиканад, ҳангоме шиканад, ки одам аз ягон ҷои баланд биафтад ва бар ҳар ду пой [бар замин] ояд.
Гоҳе мумкин аст ба ҳангоми он кӯфтагӣ ориз бигардад ва ба изофаи он хун ба андаруни мушакҳо рехта, андар он ҷо афсурда бигардад. Ин гоҳе ба падид омадани аразҳои бузурге аз қабили таб, парешонақлӣ, ларза ва ташаннуҷи пой бурда расонад. Агар ба ҳангоми он омоси афсурдае ба амал ояд, ки ноаён буда, сар наоварад ва тирагии пешнабудаеро падид оварда бошад, ин нишонаи бад аст ва далолат бад-он кунад, ки [пой] рӯ ба гандидан ниҳода аст.
Агар омоси он намудор ва муқовиматкунанда бошад, ин беҳтар аст ва бошад, ки кафонидани он206 муяссар бигардад. Ҳар гоҳ шикастагии пошна бигирад, роҳ рафтан бадон дардовар бошад, вале агар ба таври шоиста нагирад, баҳрабардорӣ аз он тамом бекор бигардад.
Фасли нуздаҳум ангуштони пой
Илоҷи онҳо ба ҳангоми шикастан ва берун омадан чун
илоҷи ангуштони даст бувад. Гоҳе шикастабанд онҳоро
аз тариқи бо пой зер кардан рост кунад.207

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор