Қонуни тиб

Фанни шашум
АНДАР БАЁНИ ЗАҲРҲО,
ки аз панҷ мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ АСОСҲОИ ОН ЧИ, КИ АЗ ҲОЛИ ЗАҲРҲОИ
ОШОМИДАШАВАНДА БИДОНАНД ВА ГУФТОРИ МУФАССАЛ ОИД БА
РОҲҲОИ МУОЛАҶАИ ЗАҲРҲОЕ, КИ ЗАҲРҲОИ ҲАЙВОНӢ НЕСТАНД
(218) Фасли нахустин
гуфтори ҳамагонӣ
андар баёни эҳтиёт кардан аз заҳрҳои
ошомидашаванда ва илоҷи онҳо
Ҳар киро бими он бошад, ки ба ӯ заҳр хоҳанд дод, бояд аз ғизоҳои таъми бисёр туруш, ё шӯр, ё тез ва ё ширин дошта ва сербӯй ҳазар кунад, зеро заҳрдиҳандагон [аз ин роҳ таъм ва бӯи заҳри] ба дасиса диҳандаро бишкананд.
Набояд ба ягон ҷое, ки дар он гумони [заҳрдиҳӣ] аст, ба ҳоли гуруснагии сахт ва ё ташнагии бисёр бирафт, зеро ҳар кадом аз ин ду ҳолат ба сабаби рағбати зиёд он чизеро пинҳон бидорад, ки мебоист дониста шавад. Вале агар ба каси шикамаш аз таому шароб пур заҳр бидиҳанд, заҳрро ду ориза ба амал ояд: яке ин ки [заҳр] андар миёни [ғизоҳое, ки шикамро] пур кардаанд, пинҳон бигардад; ва дуввум ин ки рагҳо [аз ғизо] пур буда, заҳр ба сӯи онҳо гузаштан натавонад. Гоҳе мумкин аст андар миёни [таомҳои хӯрда] чизе208 бошад, ки бо ин заҳр мухолафат намояд. [Чунин шахсро] низ лозим аст, ки ба тариқи эътибор [ҳамеша] доруҳоеро бихӯрад, ки зиёни заҳрҳоро бартараф кунанд. Мисоли ин масрудитус, ки судмандии он санҷидашуда аст ва ё маъҷуни гили арманӣ бувад. Анҷир бо барги судоб, чаҳормағз ва намаки нимкӯфта ҳамчунин аст. Миқдори онҳо бад-ин гуна бувад: аз судоби хушк бист бахш, аз чаҳормағз ду бахш, аз намак панҷ бахш бигиранд. Ҷадвор андар рондани зиёни ҳама гуна заҳр таъсири шигифтовар дорад ва буҳо низ ҳамин гуна аст, вале ман инро таҳқиқ накардаам, ки оё он ду ва ё як доруст.
Низ, аз тухмҳои хурди шалғам якуним дирам гирифта, бо матбух биошоманд. Судобу намак ҳам ҳамин гунаанд.
Каси ҳазаркунанда набояд ҳазар карданаш ҳамагӣ аз он бошад, ки каси дигар ба ӯ аз тариқи таом ва ё шароб [заҳр] хоҳад дод, зеро гоҳе ӯро на аз тариқи пиндоштааш [заҳр диҳанд], балки ба тасодуф чунин рӯй диҳад, ки ягон чизи палиде чун чалпоса, ғундаи нешдор ва каждум андар чизи пухташаванда ва ё андар хумҳои шароб афтида бошад. Чаро ки бисёре аз ҷунбандагони зиёнкор бӯи шаробро дӯст доранд ва ба сӯи он шитофта, гоҳе андар хумҳо афтида бимиранд ва гоҳе аз он ҷо шароб хӯрда,
андар он қай кунанд. Бинобар он бояд аз чизҳои зери сақф ва аз чизҳои андар зери дарахтони бузург ва шохсорҳо монда эҳтиёт шуд.
Фасли дуввум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни заҳрҳои ошомидашаванда
Заҳрҳо ду намуд доранд: яке он, ки бо кайфияти доштаи хеш таъсир кунад; ва дигар оне, ки бо сурат ва маҷмӯи гавҳари хеш кора кунад. Намуди якум ё чун харгӯши дарёӣ хӯрандаи гандонанда аст, ё чун фурбиюн афрӯзандаи гармиоваранда аст, ё чун афюн сардиоварандаи карахткунанда аст ва ё чун мурдосанг роҳҳои нафасгириро андар тан бибандад. Мисоли оне, ки бо маҷмӯи гавҳари хеш кора кунад, инҳост: беш; ҳалоҳил, ки он ба гуфтаи [мардум] самғи ё беш, ё шохаҳои сунбул ва ё чизи дигаре мебошад; шохаҳои сунбул; заҳраи паланг; ва монанди инҳо. Инҳо бадтарини заҳрҳо буванд. Инчунин, бархе аз заҳрҳо ба як андоми муайян ҳамла оранд, масалан, коғна бар обгаҳ ва харгӯши дарёӣ бар шуш [ҳамла кунанд], вале бархе дигар чун афюн бар тамоми тан ҳамла кунад. Ҳар [заҳре], ки аз тариқи табдили мизоҷ, ё гандонидан ва ё ҳамла овардан бар андом бикушад, равост, ки баъд аз гузаштани муддате кора кунад, вале [заҳри] гандонанда ҳар қадар бештар андар тан бимонад, ҳамон андоза таъсираш бадтар бигардад. Саломат мондан аз он ба ҳал шудани он ва оқибатҳои он вобаста аст, ки ин [ҳалшавӣ] ё ба воситаи арақ кардан ва монанди он ва ё ба воситаи илоҷи муқобили [заҳр] ба амал ояд.
Бидон, ки зиёноварии доруҳои карахткунанда ба мизоҷҳои гарм аз як ҷиҳат заифтар ва аз як ҷиҳат қавитар аст ва кадом аз ин ду ҷиҳат ғолиб ояд, ҳукм ҳукми ӯ бошад.
Яъне аз он ҷиҳат ки мизоҷи гарми дил бо онҳо муқовамат меварзад, таъсирашон заифтар бошад ва аз он ҷиҳат ки гавҳари сарди гарони онҳо аз тани гарм латифӣ ёфта, шараёнҳо бо ҳаракати қавии хеш ба ҳангоми қабз шудан онҳоро кашида бибаранд, бинобар ин, зиёнварии онҳо андар танҳои гарм хусусан [ба иллати] зидди мизоҷи онҳо будан аз ҳама сахттар аст. Чунин ба назар бирасад, ки андар баёни заҳрҳои гарм низ ҳамин гуфтаро бояд гуфт, зеро мизоҷи гарм аз тариқи рондан аз сӯи дил ва ҳал кардани қувват ба онҳо муқовамат кунад, вале шараёнҳо ба сабаби мизоҷи гарм онҳоро бикашанд ва боз ҳамон гуна [ҳолат] ба амал ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор