Қонуни тиб

Бинобар ин Ҷолинус гуфтааст, ки қуниюн, – ба гумонам ин беш ва ё ягон заҳри қотили дигарест, – (219) инсонро бикушад, вале сорҳоро не, аз баҳри он ки андар сорҳо танҳо баъд аз гузаштани муддате ба дил бирасад ва андар ин муддат ба таъсири тан гирифтор шуда, баъди ин мутаассиршавӣ ӯро ҷуз ба ғизо табдил ёфтан дигар коре набошад, вале андар инсон ба сабаби фарохии гузаргоҳҳо, шиддати гармӣ ва ба таври қавӣ ҳаракат кардани шараёнҳои кашанда қабл аз [мутаассир шудан] зуд бирасад. Ман мегӯям: Ин як ҷиҳати масъала аст, лекин муносабатҳои миёни қувваҳои коргару корпазир низ яке аз омилҳоест, ки бояд ба назар гирифт. Аз куҷо маълум аст, ки қуниюн агар имконият ёбад, нисбат ба мизоҷи паҳни ба таври мутлақ андар ҳайвон буда заҳр аст, то ӯ ба ҳоли имконият ёфтан, чунончи нисбат ба инсон, кушанда ва ба ҳоли имконият наёфтан, чунончи нисбат ба сор ғайри кушанда бувад?
Шояд қуниюн андар қиёс ба мизоҷи сор заҳр набошад ва агарчи ба ғизо табдил наёбад ва мисли расиданаш ба дили инсон ба дили он низ ба осонӣ бирасад ҳам, вале ӯро накушад.
Ӯ гӯяд: «Бархе пиразанон андар оғоз миқдори бисёр каме аз бешро бихӯранд, сипас пайваста то одат кардани табиат ва ба муқобили [беш] ҷуръат пайдо кардани он ин корро давом диҳанд ва он ҳеҷ зиёне нарасонад». Руфус чунин ҳикоят кунад, ки канизаконро заҳр бихӯронанд, то ки ба ёрии эшон подшоҳонеро бикушанд, ки бо эшон муҷомаат кунанд. Мизоҷи чунин [канизакон] ба ҷое бирасад, ки оби даҳони эшон ҷонваронро бикушад ва ба оби даҳони эшон мурғон наздик наоянд.
[112] Фасли севвум чӣ гуна огоҳӣ пайдо кардан бар намудҳои гуногуни заҳрҳо
Гоҳе бад-онҳо аз тариқи он сифатҳое огоҳӣ пайдо кунанд, ки андар тан падид оянд. Агар чизе шабеҳи сӯзиш, буридан, печиши ноф ва хӯрда шудан ба амал ояд, бидонанд, ки заҳр аз қабили доруҳои гарми тези тунд буда, мисоли инҳо зирних, марги муш ва симоби кушта мебошад. Агар афрӯхтагии сахт, дамидагии рагҳо, арақ омадан, сурхии чашм, тоса ва ташнагӣ падид оянд, ин далолат бад-он кунад, ки чунин [заҳр] танҳо ба сабаби гармии хеш заҳр аст ва мисоли он фурбиюн мебошад. Агар хоболудӣ, карахтӣ ва хунуксармо ба амал оянд, ин далолат бад-он кунад, ки заҳр аз ҷумлаи доруҳои карахткунанда аст, вале агар ҷуз афтодагии қувват, арақи сард ва аз ҳуш рафтан чизи дигаре падид наояд, пас, ин аз ҷумлаи заҳрҳое бошад, ки бо маҷмӯи гавҳари хеш бар зидди инсон бароянд ва ин бадтарини заҳрҳо бувад.
Гоҳе бад-онҳо аз тариқи бӯйҳо огоҳӣ пайдо кунанд: ё аз тариқи бӯй кардани тамоми тан, чунончи аз тани каси афюн ошомида бӯи он ояд; ва ё аз тариқи бӯй кардани ягон андоми тан, чунончи ба ҳангоми ошомидани заҳрҳои уфунатоваре аз қабили харгӯши дарёӣ, ақуни
тун ва коғна аз даҳон бӯй ояд. Гоҳе бар [заҳр] аз тариқи қай овардан огоҳӣ пайдо кунанд. Ҳар гоҳ каси заҳрхӯрда қай кунад, шубҳае нест, ки гавҳари он чи, ки бад-ӯ додаанд, ба чашм хӯрад ва ё онро аз тариқи бӯй ва ё таъм бишиносанд. Масалан, бар мурдосанг, гач, хуни афсурда ва шири баста чашм биафтад ва ҳамчунин афюнро бо бӯй ва харгӯши дарёию ғукро бо бадбӯии [шабеҳи бадбӯии арақи инсон ва гӯшт] бишиносанд.
Фасли чаҳорум нишонаҳои бад
Ҳар гоҳ каси заҳрхӯрдаро беҳушӣ оғоз ёфта, чашмонаш бозгуна шаванд ва сиёҳии онҳо нест бигардад, умеди [саломат ёфтан] нест. Агар чашмонаш сурх ва забонаш овезон бигарданд, низ ҳамчунин бувад. Афтодагии набз ва арақи сард далели бад аст ва андар ин гуна ҳолат кам биафтад, ки [бемор] зинда бимонад.
Фасли панҷум қонуни муолаҷаи касе, ки ба ӯ заҳр додаанд
[Муолаҷаро] набояд ба таъхир гузошт, балки баробари ҳис кардани [заҳр] ва пеш аз пароканда шудани таъсири он андар тан зуд [ба муолаҷа] бипардозанд. [Ба бемор] оби гарм, ё равғани кунҷид ва ё равғани зайтун дода, қай оваранд ва ҳар қадар ки битавонанд, андар ин кор муболаға кунанд. Беҳтар он аст, ки андар таркиби [доруи қай] каме шибит ва бура низ бидароянд. Гоҳе бо равғани зайтун ҳузаз ва пиҳи ғоз биомезанд. Он чиро, ки аз барои қай овардани [заҳр] ва ғайри он биошоманд, агар оби бисёр ва ё ғизои бисёр бошад, низ писандида аст, аз баҳри он ки агар онҳо қай наоваранд, вале қувваи заҳрро шикаста, онро мағлуб хоҳанд сохт.
Ҳар гоҳ [бемор] ба қадри имкон қай кард, бояд шири бисёр биошомад, зеро он зиёнварии заҳрро бишканад ва агар беморро аз он қай ояд, боке надорад. Низ, агар ҷӯшонидаи тухми газнаро бо равғани зард биошоманд, заҳрро аз тариқи қай ва исҳол берун ронад. Сипас бояд шир ошомид ва маска аз шир ҳам беҳтар бошад. Ҷӯшонидаи тухми катон, инчунин шароби ширин бо пиҳи гудохтаи ғоз ва низ оби хокистари ток ҳамчунин буванд. Баъд аз қай овардан, хусусан агар ҳис кунанд, ки (220) сӯзиш ба фурӯсӯ раванда аст, бояд ҳуқнарезӣ намуд. Агар бетоқатӣ аз ин беш бошад, доруе ба кор бибар, ки ҳам қай оварад ва ҳам исҳол ва аз ошомидани шир ғофил мабош.
Агар туро эҳтиёҷи ба [бемор] додани, масалан, тарёки гили набишта ба миён ояд, чунин кун, зеро ин [дору] аз барои рондани заҳр ба ғоят ёридиҳанда аст ва хусусан агар онро андар оғози кор [ба бемор] бидиҳанд, ӯ заҳрро, чунонки ҳаст, қай кунад.
Нусхаи он: ду мисқол донаи даҳмаст, ду мисқол гили набишта ва ду мисқол бехи савсани осмонгунро гирифта, бо равғани зайтун маъҷун созанд. Як ошомидании он як бундуқа бувад.
Низ, аз ҳар кадоми донаи баласон, зуфои хушк, тухми шалғами даштӣ, мурчи сафед ва сиёҳ, дорфилфил, ваҷ, анисун, фатросолиюн, асорун, зираи кирмонӣ ва тухми банг чаҳор драхмигӣ, аз сунбул ва шукуфаи изхир панҷ драхмигӣ, аз салиха ҳаждаҳ драхмӣ ва аз ҳамомо ва заъфарон шаш драхмигӣ гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва ба андозаи як боқиллои румӣ ба бемор биошомонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор