Қонуни тиб

Гили набиштаро, чунонки ҳаст, агар бо шароб ба бемор бидиҳанд, низ ҳамин гуна таъсир кунад. Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар [ба бемор] даст ба ҳол мурдоргии хурӯс бидиҳанд, заҳрро бигардонад. Дигар чизҳое, ки низ ба бемор биошомонанд, афшураи фаросиюн, барги най, нордин, тухми газар, гунди бедастар, фундуқ, анҷири хушк ва судоб мебошанд.
Яке аз тадбирҳои андар ин бобат сутуда ин аст, ки [ба бемор] чаҳор дирам борзади бадбӯй ва як дирам мурр бо шароби ширин бидиҳанд.
Агар баъд аз қай афрӯхтагии сахт ба амал ояд, ба бемор барфоб ва равғани гулро сард карда, бидеҳ ва ба изофаи он боз қай овар. Албатта, бемор набояд бихобад ва на низ аз худ биравад, балки бояд ӯро бедор созанд ва андар назди ӯ ғавғо кунанд.
Ҳар гоҳ сурати ҳол [пизишкро] маълум бигардад ва заҳрро бишиносад, ҳар як намуди заҳрро бо он чизе муолаҷа кунад, ки андар боби он оварда хоҳад шуд. Ин маълум сохтан бар ду рӯй аст: якум заҳрро бидонанд, ки аз кадом ҷинс аст; ва дуввум бидонанд, ки аз кадом навъ.
Мисоли якумӣ чунин аст: агар бидонӣ, ки заҳр аз ҷинси [моддаҳои] бурандаи тез аст, онро, масалан, бо шири навдӯшида, маска ва полудаи равоне, ки бо равғани бодом ва ё равғани гов сохта шудааст ва бо ҳамаи он чизҳое муолаҷа кун, ки тезиро шиканандаанд. Ё агар бидонӣ, ки аз ҷинси [моддаҳои] алангаовар аст, пас, бо кофур, оби гул, оби кашниз ва монанди инҳо сардифизоӣ бикун ва ҳамаи инҳоро бо барф сард бисоз. Бар андомҳои сарвар масалан аз ҷомаи ғук ва ғайри он зимод бинеҳ ва ҳар доим сардифизоиро аз нав такрор кун. Яке аз чизҳое, ки андар ин гуна ҳолат сахт судманд аст, дӯғи сардгардонидаи гов мебошад. Агар эҳтиёҷ ба раг задан биафтад, раг бизананд. Ё агар бидонӣ, ки заҳр аз ҷинси [моддаҳои] карахткунанда аст, масалан, тарёк ва доруи ҳилтитро бо шароби холис ба кор бибар ва сир низ ҳамчунин аст.
Агар бидонӣ, ки он бо гавҳари хеш зиддиятнишондиҳанда аст, бо масрудитус, тарёк, доруи мушк ва подзаҳр муолаҷа бикун. Оби гӯшт ва шароб ба кор бибаранд, беморро хушбӯӣ бизананд, маҳаллеро, ки вай андар он ҷой бигирад, шамол бидиҳанд, ба ӯ [ҷомаҳои] хушбӯизада бипӯшонанд, атса оваранд, даҳони меъдаашро бимоланд, андар даҳонаш бидаманд ва мӯйҳояшро бикашанд.
Ҳар гоҳ навъи заҳрро бидонанд, онро бо яке аз чизҳои мо ёдкарда, ки хосси ин гуна [заҳр] аст, муолаҷа кунанд.
Умуман, доруҳоеро, ки ба сабаби заҳрҳо биошоманд, ё мурод аз онҳо шикастани тезии заҳр ва дигаргун сохтани гавҳари он аст, чунонки шир ва подзаҳр ҳамин гунаанд, ё мурод аз онҳо берун овардани гавҳари заҳрҳост, чунонки гили набишта ҳамин гуна бувад ва ё мурод аз онҳо муқобилият нишон додан бо кайфияти заҳрҳост, чунонки аз барои газидагии каждум ба бемор сирро андар шароб бидиҳанд.
Фасли шашум доруҳое, ки аз барои [ҳамаи] заҳрҳо муштараканд
Ин гуна доруҳо ҳамон доруҳоеанд, ки ба заҳр муораза кунанд ва ӯро ба сӯи дил рафта расидан нагузоранд.
Мисоли инҳо тарёк, масрудитус, подзаҳрҳои санҷидашуда, гили набишта, тарёки чаҳордору бувад. Гуфтаанд, ки шукуфаи харзаҳра ва барги он аз заҳр наҷот диҳанд ва низ гуфтаанд, ки [самари] сарви кӯҳӣ андар ин бобат таъсири аҷиб дошта, беҳамтост.
Аз ангудон ва бехи он ба андозаи баробар – як дирамӣ ва аз дерманаи арманӣ ду дирам гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва бо оби себ ба бемор бидиҳанд. Доруи аз [оби себ] сохта ба ғоят хуб аст. Бехи бахури Марямро агар бо шароб биошоманд, ё инчунин пудина ва тухми шалғам, низ ду дирам ғориқун (221) бо шароб, пари сиёвушон, панирак, тухму барги он ва шӯрбои он, инчунин дорчинӣ, мағзи сари харгӯш бо ду уқия сиркои хамрӣ, ё як мисқол гунди бедастар бо ду уқия равғани зайтун ва қайсум [ҳама хубанд]. Низ афшураи хори хасакро гирифта, ба бемор биошомонанд. Тухми газар ва хусусан [газари] иқлитӣ, инчунин ангужад, ҷӯшонидаи гесугуна, ҷӯшонидаи ангудони румӣ ва тухми дарахти сакбина аҷибанд.
[Як доруи] мураккаб: аз ҳар кадоми сакбинаи даштӣ, гунди бедастар ва барги най як бахшӣ ва аз пиҳи ҳанзал се чанди ҳамагон гирифта, як бундуқаи бузург аз онро ба бемор биошомонанд. Чизҳоеанд, ки таъсири онҳо ба хосиятҳои онҳо вобастааст. Масалан, гуфтаанд, ки гӯшти хушконидаи росуи даштие, ки онро пок карда, пӯст канда бошанд, аз барои бартараф кардани заҳрҳо яке аз қавитарини доруҳост.
Фасли ҳафтум як боби ҳамагонӣ андар баёни заҳрҳои ҷамодии чи маъданӣ ва чи ғайри маъданӣ
Аз ҷумла санги сурх: Чунин ҳикоят кунанд, ки аз миёни сангҳо як санги заҳрнок буда, шабеҳи марҷон аст ва як донги он [одамро] бикушад. Онро аз ҷумлаи он заҳрҳои ростиние ҳисобидаанд, ки чун беш бо маҷмӯи гавҳари хеш таъсир кунанд ва гуфтаанд, ки илоҷи он чун илоҷи беш аст. Беҳтарини доруҳо аз барои [зиёни] он подзаҳрҳо мебошанд.
Симоб:209 Аксарияти касоне, ки симоби зиндаро биошоманд, аз он зиён набинанд, вале касеро андар гӯшаш симоби зинда бирезанд, дарди сахт ва ошуфтаақлӣ ориз бигардад ва гоҳе ин ба ташаннуҷ бианҷомад. [Бемор] аз он сӯ гаронии шадид ҳис кунад ва бошад, ки аз сабаби озор дидани [113] гавҳари мағз аз сардӣ, лаппиш ва гаронии [симоб] кор ба саръу сакта бикашад.
Аммо симоби мурда ва бухоркарда бошад, бад, зиёнвар ва буранда буда, аз сабаби он аразҳое аз қабили печиши ноф, печидани рӯдаҳо, рафтани хун, гаронии забон ва гаронии меъда падид оянд, ки шабеҳ ба аразҳои каси мурдосанг ошомида буванд ва ҷисми [бемор] омос намуда, пешобаш баста бигардад.
Илоҷ: Яке аз тадбирҳои аз барои ин ғараз хуб ин аст, ки баъд аз қайоварӣ ва дигар тадбирҳои бад-он монанд ба бемор аз доруҳо, масалан се дирам мурро бо шароб бидиҳанд ва ё ба ӯ пайдарпай оби ангубин биошомонанд.
Инчунин, боистӣ аз он бо бура ҳуқнарезӣ кунанд ва си пас аз паси он ба муолаҷаи саҳҷ пардохта, ҳуқна резанд ва баробари он дилро низ бо доруҳои муштарак тақвият диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор