Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар симобро андар гӯшаш рехта бошанд, бояд бар як по истода, сарашро ҳар қадар, ки битавонад, хам намояд, хусусан бо дасти бари дигар аз ягон чиз бидорад ва ба барсӯ биҷаҳад. Агар бар ҳамон бар [сарашро] биҷунбонад, низ [хуб аст]. Касе, ки бо мили арзизӣ симобро бардоштан хоста, онро андар гӯш бидарорад, то симоб бад-он бичаспад, хато хоҳад кард, зеро агар симоб андар он ҷой ва наздиктар аз он бошад, ба ҷуз алвонҷ хӯрдану ҷаҳидан дигар ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ нест, вале агар фурӯтар аз он ҷой бошад, ин гуна мил суде надорад ва бад-он ҷой нахоҳад расид.
Мурдосанг ва сӯнеши арзиз: Каси мурдосанг ошомидаро чунин ориз бигардад, ки танаш биомосад, забонаш гарон бигардад ва аз сабаби он пешобу бирозаш баста гарданд. Бошад, ки бироз банд нагардад, балки ба ғоят биравад. [Бемор] андар меъда ва рӯдагони хеш гаронӣ дарёбад ва ҳатто бошад, ки рӯдаи рост берун ояд ва кор ба саҳҷ бирасад. Андар бахшҳои барсӯвин дамиш ба амал ояд ва андар шикамаш чизе чун ғуддаи санггардида барояд. Рангаш арзизӣ бигардад, нафас танг шавад ва бошад, ки ба ихтиноқ гирифтор ояд. Гоҳе баробари ин ӯро аразҳои иловус падид оянд ва ранги тан чун ранги сурб бигардад. Сӯнеши арзиз низ ҳамин гуна бувад.
Илоҷ: Бояд зуд [ба муолаҷа] шитофта, ба тадбирҳои муштараке аз қабили қайоварӣ бипардозанд. Бояд [қай] бо чизе оварда шавад, ки хусусияти суддакушоӣ низ дошта бошад. Мисоли ин ҷӯшонидаи тухми карафс, анҷир, шибит ва бура бувад. Бояд [ба бемор] се дирам мурро бо шароб, ё сунбули румиро бо саргини кабӯтари хонагӣ ва шароб бидиҳанд ва ин илоҷи ба ғоят хуб аст. Ё ба ӯ (222) афсинтину зуфо, ё тухми карафс ва ё хусусан мурч биошомонанд ва ҳамаи инҳоро бо шароб [бидиҳанд]. Ё як дирам мурр ва ним дирам мурч [бидиҳанд], то бемор арақ кунад ва [сипас] ба ӯ шаш қирот маҳмударо бо оби ангубин биошомонанд. Ғизое, ки бояд пайваста бихӯрад, исфедбое аст, ки аз гӯшти барра сохта бошанд. Нишонаи беҳ шуданаш ин аст, ки табиат бикушояд ва пешоб ояд.
Умуман, ба доруҳои суддакушое эҳтиёҷ бошад, ки арақ оваранд, пешоб битозонанд ва исҳол оваранд.
Сафеда: Каси ошомандаи онро чунин ориз бигардад.
ки забонаш сафед шавад, андомҳояш суст бигарданд, сурфа ва ҳукакаш шиддат ёбанд, ақлаш ошуфта бигардад, тан ва мағзаш сард шуда, бихушканд ва [бемор] аз ҳуш биравад. Бошад, ки андар гулӯяш тундие ҳис кунад, андар забонча ва забони худ дуруштӣ ва хушкӣ, андар шикамаш печидагӣ, андар меъдааш сӯзиш, андар дил дард, андар сари устухонҳои паҳлу кашидагӣ ва андар нафаси худ тангӣ дарёбад. Гоҳе мумкин аст ин ба хуноқ бикашад ва ранги танаш сафед бигардад. Бошад, ки ӯро пешоби сиёҳ ва хунӣ ояд.
Илоҷ: [Илоҷи ин] мисли илоҷи мурдосанг аст. Ба [бемор] маҳмуда бо оби ангубин ва доруҳои пешобтозонанда бидиҳанд, ҳуқна бирезанд ва ӯро хоб рафтан нагузоранд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки андар [таркиби доруҳои] қайоварандаи он бидароянд, инҳост: равғани бобунаи говчашм; равғани савсан; ва равғани наргис. Андар тар

киби доруҳои он самғи олу ва дуводими210 (оби сурхи) сафедор бидароянд. Низ яке аз тадбирҳои ӯро судбахш ин аст, ки кунҷидро каф-каф хоида, бихӯрад ва аз болояш тило биошомад.
Гач: Аз гач низ он чизе ориз бигардад, ки аз сафеда ориз гардад, лекин [беморро] хуноқи сахт бигирад. Бояд онро чун илоҷи сафеда ва илоҷи саморуғи футр муолаҷа намуд. Сипас [ба бемор] луобҳои часпакиоваранда ва ошомҳои нарм бидиҳанд, то баъди нармсозии ёдшуда дуруштии гулӯ биравад. Ба исҳол овардан бо маҳмуда ва ғайри он эҳтиёҷ биафтад ва исҳолро якчанд бор такрор кунанд. Агар аз он саҳҷ ба амал ояд, онро бо дармонҳои саҳҷ муолаҷа кунанд. Яке аз чизҳое, ки аз барои гач ёд кардаанд, хокистари навдаҳои ток бо ҳошо мебошад.
Шангарф ва марги муш: Аз инҳо оризаҳое чун оризаҳои симоби кушта падид оянд, лекин бошад, ки аз сабаби марги муш исҳоли бисёре ба амал ояд ва ин беҳтарини нишонаҳои ӯст. Илоҷи ин низ айни он илоҷ аст ва сипас ошомҳои равғанӣ ва пиҳҳои нарм истеъмол кунанд.
Сӯнеши оҳан ва рими он: Аз сабаби он андар шикам дарди сахт, андар даҳон хушкӣ ва [умуман] афрӯхтагӣ рӯй дода, сардард ғолиб ояд.
Илоҷ: Ба бемор [нахуст] ҳамроҳи ягон чизи сахт исҳоловар шир бидиҳанд ва сипас равғани зард ва маска бидиҳанд, то ки он ҳолатҳо таскин ёбанд. Бар сари чунин [беморон] пайваста равғани гул, равғани бунафша ва равғани беди бо сирко шикаста бирезанд. Гоҳе ба каси [сӯнеши оҳан] ошомида порае мақнотис бидиҳанд, то оҳани андар ӯ парокандашударо ҷамъ созад ва сипас аз болои он доруҳои исҳоловарандаи ёдшударо ба кор баранд.
Гоҳе аз ин ба ӯ ҳар рӯзе як дирамӣ бидиҳанд ва баъд агар [заҳр] фурӯ рафта бошад, [ба бемор] обгӯшти серравғани лағжонанда бо равғани гов бидиҳанд, дам кашад, то онро ба исҳол оварад ва ё агар ҳанӯз андар меъда боқӣ бошад, қай оваранд.
Оҳак ва зирних: Ҳар киро аз ҳар дуи инҳо биошомонанд, ӯро печиши ноф ва реши рӯда падид оянд, вале касеро, ки зирнихи бухоркарда дода бошанд, аз ин қариб он чизе ориз бигардад. ки аз марги муш ориз бигардад ва гоҳе мумкин аст сурфаи дардовар ба амал ояд. Ҳар киро танҳо оҳак дода бошанд, ӯро хушкии даҳон, дарди меъда, ба сахтӣ омадани пешоб ва шикамрави хунӣ падид ояд. Гоҳе аз сабаби он дасту пойҳо сард бигарданд ва беҳушӣ рӯй диҳад ва бошад, ки забон бихушкад (223) ва хуноқ ориз бигардад.
Илоҷ: Нахуст аз он тадбире оғоз кунанд, ки лозим аст, сипас [ба бемор] оби гарм бо гулоб ва ё бо равған бидиҳанд, то ки қай кунад. Баъд ҷӯшонидаи тухми катон, ё ҷӯшонидаи гуринҷ, ё ҷӯшонидаи таратезакро [алоҳида] ва ё якҷоя ва инчунин афшураи панираки бӯстониро бо оби ангубин ба кор бибаранд. Пайваста ба бемор шир, луобҳо, чизҳои часпак ва равғанӣ, шӯрбоҳои равғанӣ ва хусусан бо панирак бидиҳанд. Агар ӯро сурфа падид ояд, онро бо [чизҳои] нармиоваранда муолаҷа кунанд. Илоҷи оҳак низ қай овардан, ҳуқнаҳо рехтан ва равғанфизоию нармсозӣ бувад. Илоҷи он бо илоҷи коғна наздик аст.
Яке аз тадбирҳое, ки андар бобати он ёд кардаанд, чунин аст: пешоби хар ва талхаи оҳуро гирифта, аз онҳо ба қад ри ду донг бо оби гарм ба бемор бидиҳанд, биошомад.

пешина
аз 1215
навбатӣ