Қонуни тиб

Собуноба: Ҳоли ин ба ҳоли оҳак ва зирних наздик аст ва илоҷаш чун илоҷи онҳо бувад.
Зог ва замч: Аз ошомидани инҳо сурфаи сахт бархоста, оқибат ба сил бикашад.
Илоҷ: Шири хар, маска, шакар, шаробҳои зуфогӣ ва монанди инҳо биошоманд.
Андар баёни бар ношито оби сард ошомидан: Аз ошомидани он бар ношито, ё баъди гармоба ва ё баъди ҷимоъ бими табаҳ шудани мизоҷ ва падид омадани истисқост.
Илоҷ: [Илоҷи он] доруи куркум, доруи лок ва монанди инҳост. Гоҳе мумкин аст шароби холисе кифоят кунад, ки аз болои он биошоманд.
Фасли ҳаштум як боби ҳамагонӣ андар баёни заҳрҳои наботӣ
Беш: Ин бадтарини заҳрҳост ва каси ошомидаи онро лабҳо ва забон биомосанд, чашмҳо биҷаҳанд, пай дар пай гижа ва беҳушӣ рӯй диҳанд ва соқҳояш аз кор монанд.
[Беш] бад аст ва касе, ки аз он раҳоӣ ёбад, кам биафтад, ки бидуни гирифтор шудан ба диққ ва ё сил раҳоӣ ёбад.
Гоҳе аз бӯи он саръ падид ояд. Тирҳоро бо афшураи он об диҳанд ва ба ҳар касе, ки онҳо бирасанд, ӯро зуд ҳалок кунанд.
Илоҷ: Бояд зуд шитофта, каси [беш] ошомидаро бо ҷӯшонидаи тухми шалғам қай биоваранд. Ба ӯ пай дар пай тило ва равғани гов биошомонанд ва низ ҷӯшонидаи қишрҳои булут бо хамр бидиҳанд. Сипас дармонҳои асосии он аз подзаҳр, доруи мушк, ҷадвор ва буҳо иборатанд. Гоҳе тарёки бузург низ то андозае суд бахшад. Яке аз чизҳои бисёр хуб ин аст, ки [ба бемор] мушкро бо совидаи подзаҳр ва ё як дирам доруи мушкро бо як қирот мушк бидиҳанд. Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки бехи кабар подзаҳри беш аст. Ҳамаи подзаҳрҳо ва хусусан оне, ки шабеҳи замч буда, мисли нахҳои мурдосанг нах дорад, аз барои [беш] хубанд. Як ҷонваре, ки «бешмуш»
ном дорад, мушест, ки агар миқдоре аз онро бихӯранд, бо беш муқовамат варзида, [114] таъсири онро бибарад.
Шохаҳои сунбул: Ҳар кӣ онро биошомад, ӯро нишонаҳои сарсом падид оянд, забон сиёҳ бигардад ва аз роҳи пешоб чакра-чакра хун бичакад.
Илоҷ: Баъд аз илоҷи муштарак аз қабили қайоварӣ бо оби ҷав, равғани нимгарми гул ва ғайра бояд [ба бемор] як мисқол кофурро андар як уқия оби гул афканда, бидиҳанд, бояд ҷигар ва дили ӯро бо зимодҳои сахт сардиоварандаи бо кофуру сандал омехта зимод кунанд. Ба ӯ, масалан, писти себи туруш ва писти ҷавро бо оби барф андар гулоб карда бидиҳанд, афшураи анори туруш, афшураи бодранг, тарбузи раққӣ, оби ҷав ва оби ангури сагак ва инчунин дӯғи туруш биошомонанд.
Қуниюн: Ин доруест, ки маро маълум нест ва аз тариқи ҳадсу гумон гумон мекунам, ин чизе бошад, ки шабеҳи беш аст. Нишонаҳои хосси ин дору чунин аст: гуфтаанд, ки ҳар кӣ онро биошомад, ӯро сӯзиши шикам, ҳукак, беҳушӣ, зард шудани тамоми рӯй ва хусусан лабҳо рӯй диҳанд, нафасаш сарду бадбӯй бигардад, танаш тар ва карахт шавад, баъд аз саргаронӣ ақлаш ошуфта бигардад, (224) набзаш
хурд ва канда-канда шавад, арақи сард оварад, таб кунад ва бимирад. Илоҷи он чун илоҷи беш бувад.
Фасли нуҳум якчанд доруҳои заҳрноки гарм
Фурбиюн: Аз ин тосаи сахт ва афрӯхтагӣ ориз бигардад, сӯзиши шикам ва ҳукак падид оянд ва бошад, ки ба сабаби он шикам ба ифрот биравад.
Илоҷ: Бояд нахуст қай овард ва сипас сардифизоӣ намуд. [Ба бемор] ба зӯр равғани зард ва маска бидиҳанд ва баъд чун илоҷи шохаҳои сунбул муолаҷа кунанд. Бигзор [бемор] пайваста оби анори нордон, оби себи нордон ва оби дӯғ [биошомад].
Ширҳои исфидакширҳо: Инҳо ҳафт навъ буда, андар [Китоби] доруҳои сода баршумурда шуданд.211 Хусусан аз шири шибрам, шири истабрак ва шири лоғия ҳамчунон исҳол ва сӯзиши сахте ба амал ояд, ки аз фурбиюн ба амал хоҳад омад. Бояд қуввати онҳоро бо дӯғ, равғани зард ва маска шикаст ва аразҳои аз онҳо оризшуда, масалан, исҳоли хун ва ё пешоби хуниро бо он доруҳое муолаҷа намуд, ки андар боби худ ёд шудаанд. Гуфтаанд, ки ду дирам аз шири шибрам одамро бикушад ва илоҷи он бо барфоб оббозӣ кардан бувад. Шири истабрак бошад се дирам аз он андар миёни ду рӯз одамро бикушад ва ҷигарро пора-пора кунад. Илоҷи ин низ мисли илоҷи ҳамон аст.
Маҳмуда: Як ошомидании кушанда аз он ду дирамсанг аст ва ҳолатҳои ин низ ба он чи ки ёд кардам, наздикӣ доранд. Бояд зиёни онро бо дӯғ, писти себ, рубби биҳӣ, рубби чукурӣ ва тутум шикаст.
Мозариюн ва хомолован: Як ошомидании марговари он ду дирам буда, аз он қай ва исҳоли ба ифрот ба амал ояд. Сиёҳи онро, ки «хомолован» хонанд, бештар қаттол аст ва аз он сӯзиши сахти андомҳои дарунӣ, дарди тамоми тан, хориш ва ҳукак падид оянд ва сипас қаи балғамӣ ва кафкӣ ба амал омада, баъд аз он ҳол ба кузоз бикашад ва овоз биравад.
Илоҷ: Ночор бояд ба бемор думодум шири навдӯшида ва равғани гов бидиҳанд ва низ гулоб биошомонанд, то ин зиёни онро бишканад. Агар бадбахтӣ аз ин ҳам бузургтар бошад, аз додани тарёк, масрудитус ва доруи гили набишта [ба бемор] чора нест. Ҳар гоҳ [зиёни он] таскин ёбад, баъд аз он [ба бемор] якчанд рӯз сикангубин ва коснӣ бидиҳанд, то ки бадмизоҷӣ биравад.
Харзаҳра: Харзаҳра агар ба миқдори зиёд бошад, одамон ва чаҳорпоёнро бикушад ва ками он тосаи сахт, дамиши шикам ва афрӯхтагии сахт ба амал оварад. Вай гарми хушк, сӯзишоваранда ва буранда бувад. Обе, ки андар он харзаҳра бирӯяд, бад аст. Агар аз ошомидани ин гуна [об] чора набошад, бояд онро тақтир кунанд ва ё бо ширинивориҳо биомезанд.
Илоҷ: Бояд ҷӯшонидаи ҳулба ва хурмои сиҳриз212 ба кор бибаранд, ки он бисёр аҷиб аст. Тухми панҷангушт ва худи панҷангушт ва [инчунин] ҷӯшонидаи он тарёки [харзаҳра] мебошад. Анҷир бо ангубин, шакар, гулоб ва ҳамаи ширинивориҳо ва рубби ангур хубанд. Бо вуҷуди ин аз [истеъмоли] чизҳои равғаннок ва часпаке чора нест, ки онҳоро борҳо донистӣ ва аз паси онҳо ногузир бояд ҳуқнаҳо ба кор бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор