Қонуни тиб

Балозур: Аз балозур порашавии гулӯ ва андарун ва афрӯхтагию бемориҳои сахт падид оянд ва бошад, ки бархе аз андомҳо аз кор бимонанд. Агар аз он бираҳанд ҳам, вале ба сабаби савдоро сӯхтанаш васваса аз худ боқӣ бимонад. Миқдори кушандаи он ду мисқол аст ва гоҳе бархе аз одамонро, ки хусусан агар бо гавз хӯрда бошанд, ба хосият зиён нарасонад. Ман касеро дидам, ки онро бо гавз хуб хоид, вале аз он ҳеҷ ранҷе ба ӯ нарасид.
Илоҷ: Ба бемор равғани бодом, равғани кунҷид, маска, равғани зард, шири навдӯшида, шӯрбоҳои серравған ва он чи ки ба ҳамин равиш аст, бидиҳанд, то ки сӯзишу печиш таскин ёбад, сипас ба ӯ дӯғи говии бо барф сардкарда, равғани сардкардаи бунафша, оби ҷави сардгардонида ва обҳои сардгардонидаи меваҳоро биошомонанд ва ба тарзи сарсом муолаҷа кунанд. Яке аз чизҳое, ки бо он вайро муолаҷа кунанд, чилғӯза мебошад ва гавз бошад, подзаҳри ӯст.
(225) Кабикаҷ: Ин низ яке аз чизҳоест, ки бо тезии худ бикушад. Илоҷи он мисли илоҷи балозур буда, равғанҳо барои [дафъи] зиёни он яке аз созгортарин чизҳост.
Мавизак: Аразҳо ва илоҷи ин чун аразҳо ва илоҷи коғна аст ва мо онро баъд ёд хоҳем кард.
Судоби даштӣ: Каси ошомидаи онро барҷастани чашм ва сӯзишу афрӯхтагии сахт рӯй диҳанд.
Илоҷ: Бояд нахуст бо оби гарм ва равғани зайтун қай оваранд ва сипас бо илоҷи харзаҳра ва монанди он онро муолаҷа кунанд.
Софсиё: Ин самғи судоби кӯҳист ва мазаи он гоҳе мазаи райҳони кӯҳиро монад ва он тез бувад. Аз ошомидани он ҳар чи ки аз ду роҳ ҳамеояд, баста бигардад, забон варам кунад, қароқуру дамиш падид оянд, гулӯю меъда бисӯзанд, чашмон берун биҷаҳанд, рӯй сурх бигардад ва бошад, ки аз тезии он андар тан махмалак барояд. Бисёр бошад, ки ба беҳушӣ ва хурд гардидани нафас бибарад.
Илоҷ: [Илоҷаш] он бошад, ки зуд ба қай овардан бипардозанд ва баъд аз он ба бемор шир, равғани зард, маска ва оби ҷав бидиҳанд. Ӯро [бифармоянд], то бо равғани гул ва шири навдӯшида ғарғара кунад. Ба ӯ сикангубин ва оби афсинтин таркарда биошомонанд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки ба наздики [пизишкон] ҳамчун подзаҳри [софсиё] маъруф аст, инҳост: тухми [афсинтин]; сақизи хинҷак; бехи ангудон; ва ҷӯшонидаи овешан. Низ, гунди бедастар бо сиркои гармкарда ва ё бо ангубинро номбар кардаанд. Ин шояд ба тариқи хосиятӣ ва ё ба тариқи бо таҳлил рондани [заҳр] аз тан [подзаҳр] бошад. Аммо ба зоҳири зарурат сардифизоӣ аз ҳама созгортар аст.
Ҷаброҳанг: Аразҳо ва илоҷи он мисли аразҳо ва илоҷи кундуша ва харбақи сиёҳ бувад.
Данди чинӣ: Аз сабаби он исҳоли ниҳоят сахт ба амал ояд.
Илоҷ: Агар имконият бошад, бояд қай овард ва бо пай дар пай додани шир ва маска ва ё додани дӯғ ба [бемор] қувваи онро шикаст. Низ ба боз доштани исҳол машғул шаванд. Гоҳе аз барои зиёни он ва боз доштани исҳоли он аз тарёк кумак бигиранд.
Кундуша, харбақи сафед, артанисо, афшураи хиёри даштӣ, як намуди сиёҳдона, ки бад аст ва ғориқуни сиёҳ: Кундуша сахт маниши гаштан оварад ва гоҳе ба сабаби он хуноқ ба амал ояд. Артанисо ва харбақи са
фед низ ҳамин гунаанд ва онҳо ҳам маниши гаштан ва ҳам қай оваранд. Гоҳе онҳо чизеро ҷамъ созанд, ки ронда нашавад, балки гузашта аз ин хуноқ падид оваранд ва бошад, ки исҳол биангезанд. Ҳамаи инҳо ва хусусан харбақи сафед ва ғориқуни сиёҳ, ки аз ҷиҳати таъсир ба ҳам сахт монанданд, одамро оқибат ба беҳушӣ, афтидани қувват, арақи сард овардан ва ташаннуҷ гирифтор кунанд.Ҷолинус гуфтааст, ки набзи каси харбақи сафед ошомида андар оғоз паҳн, канда-канда, ниҳоят заиф ва ниҳоят оҳиста бигардад, аз баҳри он ки гармии модарзодӣ андар зери моддаи бисёре, ки қувваи дору якбора ба онҳо расидааст, дамгир шавад ва табиат аз уҳдаи рондани он баромадан натавонад, вале ҳар гоҳ бемор ба қай овардан оғоз кунад, [115] набзро ба сабаби зери фишор қарор гирифтани қувваи дарунӣ ноҳамвории бенизоме рӯй диҳад. Ҳар гоҳ он ба низом омада, бисёр ҳамвор бигардад, пас, ҳоли бемор рӯ ба беҳӣ ниҳода бошад, вале агар на рӯ ба беҳӣ, балки ба ҳукак ва ташаннуҷ ниҳад, андар ин ҳол набз заиф шуда, ноҳамвор ва сахт думодум ояд.
Ҳар гоҳ беморро ихтиноқ падид ояд, оҳиста бигардад ва гоҳе ба сабаби рутубат ба шакли мавҷӣ ояд. Харбақ яке аз чизҳоест, ки сагҳоро бикушад.
Илоҷ: Бояд зуд ба гардонидани он бо ёрии он чизҳое бипардозанд, ки медонӣ ва ё аз тариқи ҳуқнаи қавие мисли пиҳи ҳанзал [гавҳари] зиёноварандаи онро ба фурӯсӯ бикашанд. Сипас ихтиноқро бо он чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар боби саморуғи футр ёд шудаанд. Агар андар оғоз қай оваранд ва қай кам буда, чандон бисёр наояд, бояд шиками ӯро бо оби нимгарм пур карда, сипас қай оваранд ва баъд ин корро аз нав такрор кунанд. Агар ташаннуҷ ориз бигардад, ба бемор шир ва равғани зарди бисёр бидиҳанд, бар пайвандгоҳҳояш мумравғанҳои нарм бимоланд, пайваста обзани муътадил ба кор бибаранд ва (226) бо илоҷҳои ташаннуҷи хушк муолаҷа кунанд.
Харбақи сиёҳ: Аз ин исҳоли бисёр ва сахт ва ихтиноқ падид оянд ва агар аз он ду дирам биошоманд, ташаннуҷ оварда, бикушад. Пеш аз ин хафақон, сӯзиши забон ва газидани он, оруғи бисёр ва дамиш ба амал оянд ва сипас каси ошомидаи онро ташаннуҷ ва раъша рӯй дода, бимирад.
Илоҷ: Қувваи инро низ бо он чизҳое бишикананд, ки донистӣ ва ба бемор бо шароб афсинтин бидиҳанд. Ё аз зира, анисун, гунди бедастар ва сунбул бахшҳои баробар гирифта, ба қадри ду дирам аз инҳоро бо шароб ба бемор бидиҳанд. Аз барои дамиш пораи гармкарда ва он василаҳои гармибандии бод парокандакунандаеро биниҳанд, ки бароят маълуманд. Сипас ба бемор панири тару тоза бо ангубин, равғани зарди тоза, шӯрбоҳои серравған, шароби ширин ва шароби бисёр омехта бидиҳанд. Агар аз сабаби он ташаннуҷ ба амал ояд, он кореро кунанд, ки андар боби харбақи сафед ёд шуд. Агар исҳол оварданаш ба ифрот бошад, [беморро] андар оби сард нишонанд ва ба ӯ руббҳо ва доруҳои исҳолбанданда бидиҳанд.
Кирмдона: Аз ошомидани ду дирами он хориш ва омос падид омада, бикушад. Илоҷи он чун илоҷи фурбиюн бувад.
Додӣ: Агар аз ин бисёр [бихӯранд], бикушад. Илоҷаш он чизҳое бошад, ки қай ва исҳол оваранд ва низ ширҳо ва [ғизоҳои] равғаниро ба тавре [ба кор бибаранд], ки донистӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор