Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Кунҷораи кунҷид ва беданҷир: Гуфтаанд, ки ниҳоят сахт фишурдашудаи ин ду [кунҷора] заҳри қотил аст ва илоҷи он илоҷҳои муштарак бувад.
Гунди бедастар: Агар мазаи гунди бедастар бигардад, аз он аразҳои барсоми гарм бо зубҳа падид оянд ва хусусан [навъи] сиёҳи бадбӯй ва ё хокистарии ба сиёҳӣ гарояндаи он андар як рӯз бикушад.
Илоҷ: Бояд аз барои он бо оби шибит, ё пудина, ё сапистону ангубин ва ё бо тило қай биоваранд. Сипас, ба бемор аз турушиҳо масалан турушаи турунҷ, руббҳои меваҳои туруш, сиркои хамрии танҳо, дӯғи говӣ ва афшураи себ бидиҳанд. Шири хар ба ғоят хуб аст.
Унсули даштӣ: Гоҳе аз хӯрдани он ва аз миқдори бисёри хуби он низ решҳои рӯдагон ва ҷӯйҳои ҷигар ба амал оянд ва пеш аз ин печиши ноф ва [дарди] пора-порашавӣ рӯй диҳанд.
Илоҷ: Ҳар гоҳ чунин ориз бигардад, бояд зуд ба бемор ширеро дод, ки бо оҳанпораи тафсонда пухта бошанд ва зардии хояи бо сирко ҷӯшонида, хокаҳои аз тухмиҳо омода сохта, мақлиёсо ва монанди инҳо бидиҳанд.
«Гургкуш» ва «палангкуш»: Ҳар кӣ аз ин ду бихӯрад, андар ком, забонча, сурхной ва нои шуши ӯ тундӣ ва хушкӣ бо омос падид оянд, аз даҳонаш бухори дудӣ бархезад ва ҳол ба ҷое бирасад, ки забонаш бигирад, гижгоҳиҳояш паридан гиранд ва сипас раъшаву ташаннуҷ ва тирагии рангу ихтиноқ ба амал оянд. Ба изофаи ин андар шикам қароқур ва бодҳои бисёр падид оянд. Касе, ки «палангкуш» ошомида бошад, ҳар бор аз ҷой бархестан бихоҳад, садар ва торик задани чашм рӯй диҳанд ва баробари ин чашмонаш об бигиранд ва синааш гарон бигардад. «Палангкуш» андар замини Ҳерақла ва ҷойҳои дигар бирӯяд ва он талхмаза ва бадбӯй бувад.
Илоҷ: Зуд бо чизе қай овар, ки худ медонӣ, сипас ҳуқна бирез ва баъд аз он ба бемор, масалан, саътари кӯҳӣ, фаросиюн, судоб, афсинтин, дерманаи арманӣ бо шароб ва камофитусро низ бо шароб бидеҳ. Ё (227) ба андозаи якуним дирам равғани баласонро андар шароб карда, ба ӯ биошомон. Беҳтарин шароб онест, ки андар вай оҳан, ё сим ва ё зарро хомӯш карда бошанд. Худи рими оҳан ва [инчунин] панирмояҳои ҳайвонӣ ва хусусан панирмояи гавазн, оҳу ва бузғола хубанд. Сипас шӯрбоҳои серравған [бидиҳанд].
Озоддарахт: Барги он чаҳорпоёнро бикушад ва чӯбаш низ гоҳе чунин бувад.
Илоҷ: [Илоҷи] ин илоҷи муштарак буда, ба илоҷи харзаҳра наздик аст.
Пӯсти гуринҷ: Ба гуфтаи пешиниёни аввал ҳар кӣ пӯсти гуринҷро биошомад, худи ҳамон замон даҳон ва забонаш ба дард оянд, забонаш варам кунад ва сипас дард то ба сурхною меъда ва рӯдагон расида, тамоми танаш афрӯхта бигардад. Эшон инро аз ҷумлаи заҳрҳо шуморидаанд.
Илоҷ: Инро мисли коғнаҳо муолаҷа кунанд ва равғане, ки ба бемор биошомонанд, боистӣ андар он биҳӣ ҷӯшонида бошанд.
Тухми газна: Аз ин чунин оризае падид ояд, ки аз унсул падид ояд. Низ, аз он гоҳе сурфаи қавӣ рӯй диҳад.
Илоҷи он чун илоҷи унсул аст, вале сурфаашро бо доруҳои нармиоварандае аз қабили шароби бунафша бо оби ҷав ва ё дигар доруҳои сурфа муолаҷа кунанд.

Турбиди бади зард ва сиёҳ: Аз ин низ аразҳое чун аразҳои харбақи сиёҳ ва ғориқуни сиёҳ падид оянд ва илоҷаш чун илоҷи онҳо бувад. Он чи ки хосси ин аст, ба бемор ҷуръа-ҷуръа равғани бодоми бисёр додан мебошад.
Сордуниюн:213 Ман на табиати ин дору ва на илоҷи онро, ба ҷуз илоҷи муштарак, намедонам. Ба гумонам ин аз ҷумлаи [доруҳои] тез аст, вале низ аз эҳтимол дур нест, ки аз ҷумлаи ғайри тезҳо бошад. Ба гуфтаи мардумон ин доруест, ки аз сабаби он ошуфтаақлӣ ва азҳамкашидагӣ ориз бигарданд ва ҳатто аз лабро кашидани он ҳолате шабеҳ ба хандидан падид ояд. Бад-ин сабаб юнониҳо масал зада, гӯянд: «Ӯ хандаи сордунӣ кунад».214 Илоҷ: [Илоҷи он] илоҷҳои муштарак аст ва бархе аз мардумон гуфтаанд, ки бояд каси ошомидаи онро қай овард ва баъд аз он ба ӯ оби ангубин дод. Ошомидани шир, танро бо равғанҳои гармиоваранда равған кардан, ба кор бурдани обзани гарм, молиш додан ва доруҳои бартарафкунандаи ташаннуҷи палид [ҳама] ӯро судманд бошанд.
Туниюн:215 Табъ ва илоҷи ин низ маро маълум нестанд.
Ба гумонам аз ҷумлаи [доруҳои] тез аст ва аз ҷумлаи доруҳои ғайри тез буданаш низ аз эҳтимол дур нест. Гуфтаанд, ки ин [дору] андар лабу забон фалағмунӣ ва [инчунин] девонагӣ, васваса ва афтодагии набз ба амал оварад.
Мағзҳои тезгаштаи[донаҳои растаниҳо]: Ҳолатҳо ва илоҷи инҳо ба он чизе наздиканд, ки андар бобати унсул ва газна ёд карда шуд. Хусусан руббҳои мевагӣ, масалан рубби ғӯраи ангур, чукурӣ ва себ [аз барои онҳо судманданд]. Аз сабаби онҳо маниши гаштан, беҳушӣ ва тоса ориз бигарданд. Мисоли ин гуна мағзҳо чормағз, донаи зардолу, норгил ва бодом мебошад.
Шароби холисе, ки ба ношито ошомида бошанд: Бисёр бошад, ки аз он хуноқ, дардҳо ва афрӯхтагӣ ба амал оянд ва ин хусусан ҳангоме бошад, ки баъд аз варзишу монда шудан [биошоманд] ва хусусан шароб ситабри ширин бошад.
Илоҷ: Агар воҷиб ояд, аз тариқи раг задан ва исҳол овардан истифроғ ба амал оваранд ва қай агар муяссар бигардад, он беҳтарин дору бувад. Сипас мизоҷро бо оби сард, оби ҷави сард, оби дӯғи маска баргирифта, оби меваҳо, қурсҳои кофур ва монанди он сард бигардонанд.
(228) Ангубини бад: Аксар вақт чунин [ангубинро] аз кишвари Ирақлиё216 оваранд ва он ангубини тез буда, аз бӯидани он аразҳои баде шабеҳ ба аразҳои унсул, газна ва монанди инҳо ориз бигарданд. Аз бӯидани он касро беҳушӣ рӯй диҳад ва арақи сард ояд. Аз миёни [намудҳои] ангубин як намуди дигари бадест, ки ҳукми он аз ҷиҳати аразҳо ва муолаҷа чун ҳукми шавкарон бувад.
Илоҷ: [116] Судоб, моҳии шӯр ва шаробе бихӯранд, ки «унумолӣ»217 ном дорад. Бояд [инҳоро] пайваста бихӯранд ва ҳар қадар, ки битавонанд, қай оваранд.
Мавизаки асалӣ: Ҳар кӣ мавизаки асалӣ биошомад, ӯро андар шикам қароқур ва аз ғайри дарунравӣ печиши ноф ва гижа ориз бигарданд.
Илоҷ: Бояд ба бемор об ва ангубин дода, ба воситаи онҳо қай оваранд ва ҳуқнаи нарм бирезанд. Ӯро ошомидани афсинтин бо хамри бисёр ва сикангубин судманд аст. Он чи, ки хосси ин аст, ҷӯшонидаи таратезак, инчунин сунбул бо гунди бедастар ва мурч мебошад. Бо оби гарм ва сирко гармибандӣ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ