Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли даҳум
андар баёни маҷмӯъи доруҳои наботии
заҳрноки сард

Афюн: Каси афюн ошомидаро андомҳои атрофӣ карахт ва сард бигарданд, бихоранд ва аз онҳо бӯи афюн ояд, гижа, ҳукак, торик шудани чашм, тангии гулӯю нафас ва хурдии он,218 тирагии андомҳои атрофӣ, зардии лабу рӯй, ба зӯр оруғ задан, хоболудӣ, гирифтагии забон ва фурӯ рафтани чашмон рӯй диҳанд ва сипас ин ҳол ба кузози хафакунанда, арақи сард, нафаси сард ва марг бианҷомад.
Бархе аз сабабҳои марговарии он чунин аст: хунро ба ҳадде ситабр бигардонад, ки он ҷорӣ шудан натавонад; рӯҳро сард созад; ва афзорҳои нафасгириро ташаннуҷ оварад. Як ошомидании марговари он ду дирам буда, ин миқдорро хусусан агар бо шароб бидиҳанд, андар ду рӯз бикушад, аз баҳри он ки ба сабаби шароб бештар кора кунад, вале агар шароб ба андозае бошад, ки бо [афюн] бикӯшад ва ё агар андар баданҳои гарм [биафтад, чунин нахоҳад буд], чунки ин гуна тан бо ӯ сахт зиддият нишон бидиҳад ва онро зуд бигузаронад, чунон ки мо андар қонуни [заҳрҳо] ёд кардем.
Илоҷ: Ба ҳангоми он қонунҳои муштараки истифроғовариро ба кор бурда, нахуст бо равған, об ва намак ва сипас бо сикангубин қай оваранд. Ба бемор об ва ангубин диҳанд ва баъд бо ҳуқнаи қавӣ ҳуқнарезӣ кунанд.
Яке аз доруҳои он сикангубин бо афсинтин ва инчунин афсинтин бо шароб мебошад. Ангужад тарёки ӯст. Дорчинӣ ба таври махсус ва ё бо сирко ва инчунин сикангубин ҳамин гуна бувад. Гунди бедастар ба таври махсус, мурч бо шароб ва ё сикангубин, овешан, судоб ва намак низ [судманданд]. Инчунин равғани гул бо сирко ва ё бо ангубин, сир ва чормағз аз барои он хубанд.
Гоҳе каси афюн ошомидаро тарёке бидиҳанд, ки махсус аз барои [афюн] аст.
Нусхаи ин [тарёк]:219 аз ангужад, абҳал, гунди бедастар ва мурч бахшҳои баробар гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он аз як набқа220 то як ҷавза бувад.
Бисёр бошад, ки ба бемор додани як мисқол ангужад бо бисту панҷ дирам шароби райҳонӣ ӯро аз [зиёни афюн] бираҳонад. Шароби куҳани ба миқдори зиёд [ошомида], хусусан агар тунуки райҳонӣ ва бисёр обнок буда, дорчинӣ дошта бошад, аз барои ин ғараз таъсири аҷибе дорад. Ҳеҷ чиз бо шароб ба тарёк, саҷазаниё ва масрудитус намерасад. Бояд мағзи [беморро] аз тариқи атса овардан бо кундуша ва ғайра ба ҷунбиш овард ва ин яке аз илоҷҳои хуб аст. Бояд мӯи [беморро] кашид, нагузошт, ки хобаш бибарад, танашро бо равғанҳои гарме чун равғани қуст ва равғани савсан равғанмолӣ намуд ва ба ӯ масалан гунди бедастар ва сукк бибӯёнд. Бояд ӯро андар обзани гарм нишонд, то ба ташаннуҷ гирифтор нашавад ва хоришаш шиддат наёбад. Ба ӯ шӯрбоҳои серравған ва хусусан мағзи устухон ва пиҳҳо бидиҳанд.
Гавзи мосил: Аз ин гижа, сурхии чашмон, парда кашидани чашм, мастӣ ва хоболудӣ ориз бигарданд ва гоҳе як мисқоли хусусан ҳиндии он андар як рӯз [одамро] бикушад. Пеш аз он, ки бикушад, аз сабаби он арақи сард ояд ва нафас сард бигардад. Аммо (229) миқдори камтар

аз ним дирами он хоболудӣ ва мастӣ оварад, вале ҷуз касони камқувватро нахоҳад кушт.
Илоҷ: Бузургтарин илоҷи он бо натрун, об ва равған қай овардан бувад. Равғани зард тарёки ӯст. Ба ҳангоми он ба бемор шароби бисёр бо мурч, оқирқарҳо, донаи даҳмаст, дорчинӣ ва гунди бедастар бидиҳанд. Аз барои он дасту пойҳоро андар оби гарм гирифтан, бо латтапораҳо гарм сохтани тан ва молидани равғани бон ва қуст судманданд. [Бемор] ҳар қадар, ки битавонад, худро омода бикунад, ба варзиш бипардозад ва баъд аз он ғизоҳои серравған ва шароби ширин бихӯрад ва ҳама гуна илоҷи афюнро ба кор бибарад.
Ябруҳ, ки он бехи луффоҳ аст: Аразҳои ин мисли аразҳои гавзи мосил буда, ҳолатҳояш, масалан, аз лисарғус, хориш, кузоз ва карӣ иборатанд. Аз ҳама бад пӯсти ябруҳ ва бад-он наздик донааш буда, ҷирмаш низ гоҳе андаке ҳамин гуна таъсир дорад.
Илоҷ: Илоҷи ин ба илоҷи гавзи мосил ва афюн наздик аст. Бояд ба бемор афсинтинро андар шароб карда, бидиҳанд. Мурч, гунди бедастар, судоб ва хардал бидиҳанд. Сирко аз барои чунин [беморон] ва аз барои ҳамаи касони доруҳои карахткунанда истеъмолкарда судманд аст. Низ бо амсоли ин доруҳо атса оваранд ва ба [бемор] зифт ва дуди фатилаҳои хомӯшкарда бибӯёнанд. Аз доруҳое, ки бояд бар сари эшон биниҳанд, сиркои хамрӣ ва равғани гул ба шумор бираванд. Эшонро хоб рафтан нагузоранд, баръакс бо кашидани мӯй, атса овардан ва фишурдани буни нарангушт ҳушёр созанд.
Дуруқинун,221 [ки ин як намуди ангури сагак буда, онро «девонакунанда» номанд]:222 Ин доруест аз ҷумлаи доруҳои карахткунанда ва бо табиати банг. Вай мастӣ оварад, вале нахуст аз он маниши гаштани шадид, ҳукак, печиши ноф ва ҳолате чун иловус ба амал оянд.
Бошад, ки қай ва исҳоли хунӣ оварда, ба беҳушӣ бибарад ва хоболуд намуда, миёни рӯзҳои чаҳорум ва ҳафтум баъд аз карахт сохтани тамоми тан бикушад. Илоҷи ин илоҷҳои муштарак бувад.
Банг: Каси ошомандаи онро чунин ориз бигардад, ки андомҳояш суст шаванд, забонаш варам кунад, аз даҳонаш кафк ояд, чашмонаш сурх бигарданд ва ӯро гижа, парда гирифтани чашм, тангии нафас, карӣ, хоридани тан ва забонча, мастӣ ва шӯридагии ақл рӯй бидиҳанд.
Гоҳе саръ падид ояд, гоҳе чунин [беморон] садоҳои гуногун бароварда, боре ҳанг бизананд, боре шиҳа кашанд, боре уллос бизананд ва боре дигар қар-қар бикунанд.
Илоҷ: Бояд ҳолан [ба бемор] об, ангубин, шири гов, шири буз, инчунин шири гӯспандро бо ангубин ва ё бе ангубин, равғани гов, чилғӯзаи бо равғани зайтун пухта, инчунин мағзи чилғӯза, ҷӯшонидаи анҷир, ё шароби ширини бисёр ва ё пиёзи бирён низ бидиҳанд. Ба ӯ тухми турб, хардал, сипандон, тухми газна ва ҳар гуна чизи тези буранда биошомонанд ва [ё ҷӯшонидаи] пиёз, сир, турб ва тухмиҳои онҳоро бидиҳанд, вале ҳеҷ чиз ба масрудитус, тарёк, саҷазаниё ва монанди инҳо ва ё ба тарёки афюн нарасад. Илоҷи ин [низ] қай овардан аст.
Шавкарон: Аз ин хуноқ, сардии андомҳои атрофӣ ва азҳамкашидагии сахти хафакунанда падид оянд, чашм ба ҳадде парда бигирад, ки қариб ҳеҷ чизро набинанд, тахайюл аз байн биравад, дасту пой сард бигарданд ва сипас ташаннуҷ оварда, дамгир кунад ва бикушад.

пешина
аз 1215
навбатӣ