Қонуни тиб

Илоҷ: Нахуст ҳуқнаҳо, қайоварӣ ва исҳоловарӣ ба кор бурда, чунонки донистӣ, аввал аз ҳуқнаҳо оғоз кунанд ва сипас ба бемор баҳра-баҳра ва соат ба соат шароби холис биошомонанд, зеро ин суди бузург дорад. Баъд аз он ба ӯ шири гов ва афсинтин, мурч бо шароб, инчунин гунди бедастар, судоб, пудинаи бӯстонӣ, ангужад, барг ва донаи даҳмаст ва рубби ангур низ бидиҳанд. Тарёки афюн аз барои чунин [беморон] судманд бувад. Низ аз чизҳои барои эшон судманд тухми газна, ангудон, зираи кирмонӣ ва майъа ба шумор бираванд ва ҳамаи инҳоро бо шароб бидиҳанд. Инчунин, ҷӯшонидаи пӯсти тут ва равғани баласон бо шир [хубанд]. Бояд (230) шикам ва меъдаи [беморро] бо орди гандум ва хамр зимод кунанд.
Ангури сагак: Ин карахтиоварандаи бад буда, аз сабаби он тирарангӣ, хушкидани забон, ҳукак, хуни бисёр қай кардан, хунпартоӣ ва дарунравии решкунандаи мухотӣ ориз бигарданд. Ба ҳангоми он андар даҳон мазае чун мазаи шир дарёфта шавад.
Илоҷ: Илоҷи чунин [беморон] бар қонуни ҳамагонӣ буда, бояд чунин кард ва [низ ба бемор] шири хар бо оби ангубин ва инчунин шири навдӯшидаи буз бо анисун бидиҳанд.
Ҳама гунаи садафҳо [117] ва инчунин синаи мурғи обпаз ва хӯрдани бодоми талх аз барои ин ғараз судманданд.
Кашнизи тар: Агар кашнизи тозаро ба миқдори зиёд истеъмол намуда, қариб ним ратли онро бихӯранд ва ё агар аз афшураи он наздики чаҳор уқия биошоманд, аз ин гижа, садар, ошуфтаақлӣ, ситабрии овоз, хоболудӣ, ҳоле чун мастӣ, аз қабили суханҳои фуҳши мастона гуфтан ва дигар [оризаҳо] рӯй бидиҳанд ва аз [бемор] бӯи кашниз ояд.
Илоҷ: Бояд хусусан бо равғани савсан, ё бо равғани зайтун ва аз ҳама беҳтар бо ҷӯшонидаи шибите, ки андар он бура афзуда бошанд, қай оваранд ва [ба бемор] зардии хояи нимбиришти намаку мурч афканда, шӯрбои мурғи фарбеҳ бо намаки бисёр ва мурч ва инчунин шӯрбои ғоз бидиҳанд. Аз шароби қавии холис андак-андак биошомонанд. Бояд он чизе, ки мехӯранд, дорои мурчи бисёр ва намак бошад. Чунин [беморонро] афсинтин, ё дорчинӣ ва ё мурч бо шароб додан судманд аст. Эшонро оби шӯр суд дорад ва майпухта ба ғоят хуб аст.
Аспғул: Гоҳе аз бисёр ошомидани аспғул чунин ориз бигардад, ки қувват ва набз биафтанд. Тамоми тан сард шавад, андӯҳгинӣ, тангии нафас, азҳамкашидагӣ, бетоқатӣ ва карахтии бо заъф падид оянд ва сипас беҳушӣ рӯй диҳад.
Илоҷ: Илоҷи ин чун илоҷи кашниз бувад.
Футр ва саморуғи бад: Футр ё ба ҷинси хеш зиёнвар аст, зеро навъе аз он бо ҷинси хеш қаттол бувад ва ё ба сабаби бисёр истеъмол кардан зиёнвар бошад. Саморуғи ба ҷинс бад он саморуғе бошад, ки на андар ҷойҳои бо беосебии растаниҳои хеш маъруф бирӯяд, балки андар ҷойҳои бад, ба наздики сӯрохҳои ҷунбандагони зиёнкор ва андар пеши дарахтони кайфиятҳои қавӣ дошта бирӯяд.
Саморуғҳои сиёҳранг, сабз ва товусӣ ҳама баданд ва аз онҳо зубҳа, тангии нафас, дамиши шикаму меъда, ҳукак, печиши ноф, зардии ранг, хурдии набз, фарошо, беҳушӣ ва арақи сард ба амал омада, сипас бикушанд.
Илоҷ: Нахуст бо он чизе, ки худ медонӣ ва хусусан бо афшураи турб ва бура қай оваранд ва сипас ба [бемор] хокистари токро андар сикангубин афканда, бидиҳанд.
Амруд ва хусусан барги дарахти ёбоии он тарёки [саморуғ] аст. Обкома низ тарёки он бувад. Баъд аз қай овардан бояд ба бемор баҳра-баҳра обкомаи набатӣ, бура ва ангубин биошомонанд. Агар саргини мурғ ва бураро низ андар сикангубин карда, ба ӯ бидиҳанд, суди азим бахшад. Намаки ҳиндӣ, афшураи пудина бо сикангубин ва бура, маъҷунҳои гарме аз қабили маъҷуни фалофилӣ ва маъҷуни зира, шароби куҳани қавӣ, зарованд, бехи говшир, дурди шароб, хардал, сипандон, инчунин афсинтин, овешани кӯҳӣ ва ҷӯшонидаи ҳар ду ва ҷӯшонидаи анҷир [ҳама хубанд]. Бояд зери сари устухонҳои паҳлуи чунин [беморро] пайваста гармибандӣ кунанд.
Тирҳои арманӣ: Он чи, ки муносиби ин боб аст, тариқи муолаҷаи захми тирҳои арманӣ мебошад. [Ҷолинус] гуфтааст, ки бояд худи ҳамон замон борзад биошоманд ва ин илоҷи онҳост. Гуфтаанд, ки бояд росуи даштиро пӯст канда, (231) андомҳои дарунияшро берун андозанд ва онро намак карда, андар офтоб хушк кунанд ва ду мисқол аз онро бо шароб биошоманд. Шунидаам, ки ошомидани пасафкандаи одамӣ тарёки ин [заҳр] аст.
Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ЗАҲРҲОИ ОШОМИДАШУДАИ ҲАЙВОНӢ
Бархе аз ин заҳрҳои ошомидашавандаи ҳайвонӣ гӯшти он ҳайвон ва тамоми тани он, чӣ гунае набошад, бархе аз онҳо ягон андоми хосси он ҳайвон ва бархе дигар ягон рутубате аз он ҳайвон бошад. Ҳар кадом аз ин қисмҳо бар ду бахш аст: бархе аз онҳо бо гавҳари худ [заҳрноканд], чунонки гӯшти ғукҳои наистонӣ ҳамин гунаанд ва бархе дигар ба сабаби ягон оризае [заҳрноканд], ки онҳоро ориз бигардад, чунонки моҳии сардшуда, гӯштбирёни гармогарм пӯшонидашуда ва шири андар меъда басташуда ҳамин тавр буванд.
Фасли нахустин
андар баёни ҳайвонҳое, ки бо ҷумлаи
ҷасади хеш бикушанд ва ё табоҳӣ оваранд
Ба қисми аввали ин ду бахш масалан карбоса, коғнаҳо, ғук, харгӯши дарёӣ ва сусмор ва ба қисми дуввум моҳии сард ва гӯштбирёни гармогарм пӯшонидашуда бидароянд.
Фасли дуввум андар баёни коғнаҳо
Коғнаҳо тезу тунд ва кушанда буда, печиши ноф ва
андар андомҳои дарунӣ дард ба амал оваранд ва умуман аз даҳон сар карда то зиҳор ва инчунин наздикии сурин, гурдаҳо ва сари устухонҳои паҳлу ба дард оянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор