Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Обгаҳ ба таври дардовар ва омосанда реш шавад ва нара, зиҳор ва атрофи онҳо сахт тафсида, омос кунанд. [Коғнаҳо] тақозои пешоб карданро ба амал оваранд, вале худованди он чун пешоб кардан бихоҳад, ё пешоб кардан натавонад ва ё бо сӯзиши сахт хун ва гӯштпора пешоб кунад. бошад, ки баробари он исҳоли решкунанда, маниши гаштан, шӯридагии ақл, афтидан ба ҳангоми бархостан ва беҳушӣ ориз гардида, [беморро] бикушад. Аксари зиёни онҳо ба обгаҳ бирасад ва худованди он андар даҳон мазаи қатрон ва зифт дарёбад. Аз ҳама беш ин ҷонваракон андар хазон ба ҳангоми баромадани ситораи Шиъро ва пеш ва ё баъдтар аз он зиён бирасонанд.
Илоҷ: Чунонки медонӣ,223 бояд қай овард ва ҳуқнарезӣ намуд. Бояд андар таркиби [доруҳои] қай ва ҳуқна натрун ва инчунин ҷӯшонидаи анҷир бидароянд ва думодум қай оваранд. Агар аз барои муҳофазати обгаҳ раг заданро салоҳ бинанд, бояд чунин кунанд. Сипас ба бемор пай дар пай шир ва инчунин луоби аспғул, оби хурфа ва маскаи бисёр бидиҳанд. Баъд андар ин ҳангом бо оби ҷав, хитмӣ, сафедии хояи мурғ ва луоби тухми катон, ё бо оби ҷав ва оби гуринҷ, ё бо ҷӯшонидаи ҳулба ва ё бо ҷӯшонидаи ҷави румӣ ҳуқнарезӣ кунанд. Шӯрбоҳои серравған, равғани бодом, пиҳи ғоз, зардии хояи нимбиришт, равғани гов, ангубин, гулоб, равғани бодом224 ва дӯғи гов аз барои чунин [беморон] судманданд. [Низ] оби ангубин, чилғӯза, тухми коҷ, майпухта бо пиҳи ғоз, шароби ангубинӣ, матбух бо донагиҳои пешобтозонандае аз қабили донаи харбуза ва хиёрза, ҷӯшонидаи анҷир ва шароби бунафша [ҳама] хубанд. Гуфтаанд, ки додани равғани биҳӣ, равғани савсан ва инчунин гили сомосӣ тарёк аст ва бо шароби удрумолӣ исҳол овардан чунин [беморонро] суд дорад. Ҳар кӣ [коғнаҳо] ошомида бошад, бояд андар роҳи пешоби ӯ бо обдуздак ва ё агар битавонанд, бо кулоҳаки борики нарм равғани гул бифиристанд ва обзани нимгарм ба кор баранд.
Фасли севвум андар баёни харгӯши дарёӣ

Ҳар кӣ аз он биошомад, ӯро тангии нафас ва душвор нафасгирӣ, сурх шудани чашм, сурфаи хушк, хун партофтан, ба сахтӣ омадани пешоб, пешоби хунӣ ва ё бунафшаранг кардан, дарди меъда, ба ифрот сафро ва хун қай кардан, ярақон, тоса ва дарди гурда ориз бигарданд.
Бироз бунафшӣ ва бошад, ки мухотӣ ояд. Бемор арақи бадбӯй кунад, таом бадаш ояд ва ҳар гоҳ моҳиро бинад, безорӣ кунад. Агар ҳар гоҳ ӯ аз моҳӣ безорӣ накунад, пас, офият ёфта бошад. Гоҳе андар даҳон ва оруғаш ба изофаи шӯрӣ мазаи моҳии бадбӯй дарёбад. (232) Бештар касоне, ки аз он бираҳанд, андар сил биафтанд.
Илоҷ: Ошомидани шири буз аз барои ин ғараз ба ғоят судбахш аст ва шири хар ва шири зан, ки аз пистон бимаканд, низ ҳамин гунаанд. Шохаҳои панирак ва ё хитмии сабз ба шакли ҷӯшонида, хусусан шӯрбои харчанги рӯдӣ, ки аз чизҳои обӣ танҳо онро хӯрдан битавонад, хорпушти бирёни тоза ва ё хуни он ва сусмори дарёӣ, ки агар аз он бадаш наояд ва бихӯрад, [ҳама судманданд]. Аз доруҳои

қавӣ инҳост: пудинаи рӯдии сабз; хуни ғоз, ки низ гарм ва тоза бошад; пешоби куҳани одамӣ; бехи бахури Марям, ки ҳашт убулуси онро бо шароб бихӯранд; ё қатрон, ки ҳамон қадар гирифта бо шароб ва ё бо тило [ба кор баранд]; ва каме харбақ бо шароб.
Ҳар гоҳ рӯзи дуввуми авҷгирии аразҳо фаро расад ва онҳо таскин ёбанд, барои [бемор] ба миқори баробар харбақи сиёҳ, маҳмуда, ғориқун, рубби ширинбаён ва касиро гирифта, ҳаб созанд. Як ошомидании он [118] як дирам ва ё андаке бештар аз он ва бо гулоб бувад. Нишонаи беҳӣ он бошад, ки бемор чун моҳиро бинад, аз он бадаш наояд, балки онро бихӯрад. Ҳар гоҳ ӯ ба сил гирифтор шавад, муолаҷаи сил кунанд.
Фасли чаҳорум андар баёни карбоса ва офтобпараст

Гӯшти карбоса қаттол аст. Гоҳе он андар шароб афтида, бимирад ва табаҳ шуда, аз ҳам бирезад ва бинобар ин он шароб чун заҳр гардида, аз ошомидани он қай ва дилдарди сахт ба амал оянд. Офтобпараст низ қаттол ва ба ҳамин наздик аст. Хояи он, чунонки гуфтаанд, заҳри ҷо ба ҷо кушанда аст ва мо онро баъд ёд хоҳем кард. Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар ин хазандаро ҷӯшонида, оби онро андар оби гармоба бипошанд, ҳар кӣ андар он гармоба кунад, як муддате рангаш сабз бигардад ва сипас андак-андак ба ҳоли табиӣ боз ояд, вале ин гуфта рост нест.
Илоҷ: [Илоҷи] ин илоҷҳои муштарак ва мисли илоҷи коғнаҳост.
Фасли панҷум андар баёни сусмор

Яке аз намудҳои сусмор самандар аст ва ё андар табъ шабеҳи он бувад. Оне, ки шабеҳи [самандар аст], қаттол аст ва ҳар кӣ гӯшти он бихӯрад, ӯро варами забон, хоришу сардард, сӯзиш ва парда гирифтани чашм ориз бигарданд.
Илоҷ: Ба миқдори баробар кунҷид, харнуби набатӣ ва шакар гирифта, бо равғани гов [ба бемор] бидиҳанд. Бояд ба ӯ шири навдӯшида дод, танашро равған молид ва ба гармобааш бурд.
Фасли шашум андар баёни ошомидани самандар

Ин як намуди азояҳо (сусморҳо) буда, мо онро андар боби газидагӣ тавсиф хоҳем кард. Аз ошомидани он андар меъда дардҳои сахт бархезанд, андар шикам омосе чун истисқо падид ояд ва кузозу баста шудани пешоб рӯй диҳад.
Гӯяндае ғайри ин, яъне Атиюси Омидӣ ва дигарон гуфтаанд, ки аз ошомидани он забон биомосад, ақл биравад, истирхову барҷомондагӣ рӯй диҳад, бархе ҷойҳои тан сиёҳ шавад ва бархе аз бахшҳои тан гандида бирезад [ва бо вуҷуди он] агар муолаҷа кунанд, дуруст шавад.
Илоҷ: Илоҷи ин тадбирҳои муштарак, илоҷи афюн ва ба бемор додани тарёкҳои бузурге аз қабили тарёки форуқ, масрудитус ва ғайра мебошад. Аммо Атиюси Омидӣ бошад, гуфтааст, ки илоҷи ин чун илоҷи коғнаҳост. Яке аз [доруҳои] хосси он ротиёнаҷ ва сақизи хинҷак буда, инҳоро ё ҷудо-ҷудо ва ё якҷоя бигиранд ва бо майъа ва ё ҷентиёно [ба кор баранд]. Ин гуна [беморонро] оби ҷӯшонидаи камо фитусе суд бахшад, ки андар он тухми коҷ, барги сарв ва тухми газна ҷӯшонида бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ