Қонуни тиб

Инро бо равғани зайтун биошоманд. Ҳамчунин хояи сангпушти дарёӣ, ғуки бо пудина пухта аз барои он судманданд.
Фасли ҳафтум андар баёни ғукҳои наистонии сабз ва ғукҳои дарёии сурх
Ҳар кӣ онҳоро бихӯрад, рангаш тира шуда, ба зардӣ бигарояд, тан аз тариқи ҷунбон шудани гӯшт биомосад, гулӯ ва даҳонаш ба сӯзиш оянд, нафасгирӣ душвор бигардад, чашмаш торик бизанад, сараш бичархад ва аз даҳонаш бӯи бад ояд. Бошад, ки чунин касон гоҳ-гоҳе ба ташаннуҷ ва азҳамкашидагӣ гирифтор шаванд ва эшонро исҳоли зусанториёӣ, маниши гаштан, қай, (233) шӯридаақлӣ ва аз ҳуш рафтан рӯй диҳанд. Бошад, ки беихтиёр манӣ ва фазлаҳои дигар берун андозанд. Ҳар кӣ худ аз он раҳоӣ ёбад ҳам, вале анқариб дандонҳояш раҳоӣ нахоҳанд ёфт, балки ҳамаи онҳо бирезанд.
Илоҷ: Бо равғани зайтун ва оби гарм ва ё бо шароби бисёр қай оваранд, андар гармоба ва обзан бисёр риёзату арақоварӣ кунанд ва равғанҳои гарм бимоланд. Доруи куркум ва лок ва инчунин ҳар чи ки аз барои истисқо судбахш аст, ин [беморонро] судманд буванд. Эшонро шароби бисёр бо се дирам бехи най ва инчунин мушки замин ва наи бӯё бо шароб нофеъ аст.
Фасли ҳаштум ғукҳои зард
Аз инҳо иштиҳои таом бурида шавад, оруғи туруш ояд, ранг табаҳ бигардад, маниши гаштан, қай ва дилдард ба амал оянд ва шикаму соқҳо биомосанд.
Илоҷ: [Илоҷи ин] ба илоҷи ғукҳои аввалии наистонӣ ва дарёӣ наздик аст.
Фасли нуҳум бахши дигари ин қисм [аз заҳрҳо ва аз ҷумла] моҳии сард
Аз моҳии сард ва хусусан андар ҷои намнок гузошташуда аразҳои саморуғӣ падид оянд ва бошад, ки то якду рӯз чизе зоҳир нагардад.
Илоҷ: Илоҷи ин қай ва дигар илоҷҳои хосси саморуғи футр бувад.
Фасли даҳум андар баёни гӯштбирёни гармогарм пӯшонидашуда ва гӯшти табаҳшуда
Ҳар гуна гӯште, ки набошад, чун онро бирён карданд, набояд онро бипӯшонанд, балки бояд кушода бигузоранд, то бад-он бод бирасад, зеро агар онро бипӯшонанд, ба [моддаи] заҳрнок табдил ёбад ва аз он нишонаҳои ҳайза, аз қабили тоса ва рафтани шикам падид оянд. Бошад, ки каси онро хӯрда як-ду рӯз ақлашро гум кунад ва бошад, ки ба субот гирифтор ояд ва гоҳе мумкин аст, ки бимирад.
Илоҷ: Ба қай овардан пардохта, [ба бемор] майбиҳӣ, майсавсан ва шароби райҳонӣ бо афшураи биҳӣ ва себ бидиҳанд. Баъд аз қай гили набишта барои ӯ хуб аст. Ҳайзаро бо илоҷи ҳайза дармон кунанд.
Фасли ёздаҳум
ҷинси дуввуми заҳрҳои ҳайвонӣ, ки мисоли онҳо заҳрҳои қаттол ва сари думи гавазн
мебошад. [Аз ҷумла]: заҳри афъӣ
Ин аз ҷумлаи заҳрҳоест, ки агар аз он ба миқдори ҳалоксозанда бидиҳанд, думодум беҳушӣ биоварад ва кам биафтад, ки дору онро суд бахшад.
Илоҷ: Агар ягон чиз суд дошта бошад, ин зуд-зуд бо равғани зард қай овардан ва аз паси қай ба кор фармудани тарёк ва масрудитус шитофтан аст. Подзаҳр аз барои он чизи аз ҳама беҳтарин аст. Мушк низ доруи ӯст. Агар думодум беҳушӣ рӯй диҳад, андар [гулӯи бемор] шароб ва оби гӯшти чӯҷаро бо миқдоре аз мушк ва ё доруи мушк бирезанд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни заҳраи паланг
Ҳар кӣ онро биошомад, аз сабаби он чунин ориз бигардад. ки заҳраи сабз ва зард қай кунад ва андар бинияш бӯи сабр ва андар даҳон мазаи онро дарёбад. Аз сабаби [заҳраи паланг] андар чашм ярақон падид ояд. Вай қаттол аст, вале агар се соат гузарад [ва накушад], умеди раҳоист.
Илоҷ: Чуно ки медонӣ, қай оваранд ва [ба бемор] тарёки хосси ин [заҳрро] бидиҳанд, ки [сифати] он ба таври зерин аст: аз гили набишта ва донаи даҳмаст як бахшӣ, аз панирмояи оҳу ним бахш ва аз тухми судоб ва мурр ним бахшӣ гирифта, ҳамаро бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он ба қадри як ҷавза аст. Ба изофаи ин низ қай оваранд. Бояд аз барои [бемор] аз оби растаниҳои хушбӯй обзан омода карда бошанд.
Фасли сездаҳум андар баёни заҳраи саги обӣ
Бархе аз [пизишкон] гуфтааст, ки агар одам ба қадри наск заҳраи саги обӣ бихӯрад, ин баъди як ҳафта ӯро бикушад.
Илоҷ: Ба бемор равғани гов бо ҷентиёнои румӣ ва дорчинӣ ва инчунин панирмояи харгӯш бидиҳанд. [Танашро] бо равғани хушбӯй равғанмолӣ кунанд ва тадбири ғизоияшро латиф созанд.
(234) Фасли чаҳордаҳум андар баёни сари думи гавазн
Каси ошомидаи онро тосаи сахт ва маниши гаштан падид ояд ва он заҳри қотил бувад.
Илоҷ: Ошомандаи онро ба навъе, ки медонӣ, қай оваранд ва аз ҳама беҳтар равғани гов ва равғани кунҷид бувад. Сипас ба ӯ фундуқ, писта ва филзаҳраи бо ҳам маъҷунсохтаро ба як бор ба андозаи як бундуқаи бузург ва андар як рӯз чаҳор бор бидиҳанд.
Фасли понздаҳум ҷинси севвуми заҳрҳои ҳайвонӣ [ва аз ҷумла]: хуни тозаи барзагов
Каси тозаи он ошомидаро душвор нафас гирифтан, дарди бодомакҳову сурхной, сурхии забон, пораи хуни сахтшуда андар миёни дандонҳо ва вора, маниши гаштани
сахт, тоса ва бетоқатӣ ориз бигарданд. Бошад, ки дан донҳоро кирмхӯрдагӣ падид ояд ва сипас ба хуноқу кузоз бианҷомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор