Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Илоҷ: Ин гуна шахсонро бояд зуд ҳуқна рехт ва исҳол овард, зеро қай овардан хатарнок аст ва мумкин аст қай якбора ба миқдоре ояд, ки бемор тоб овардан натавонад ва дамгир шавад. Бояд ба ӯ аз доруҳои барои сахт шудани хун судманд, масалан анҷири хоми сершир, тухми каранб, бехи ангудон, ангужад, бура, хокистари чӯби анҷир бо сирко, мурч бо сирко ва панирмояҳои ҳайвонӣ бо сирко бидиҳанд. Ҳар гоҳ ин доруҳо хуни бастаро андар шикамҳои эшон бибуронанд, андар ин ҳангом исҳол биоваранд ва бар шикамашон орди ҷавро бо молиқиротун зимод кунанд.
Фасли шонздаҳум андар баёни арақи чаҳорпоён

Аз он рӯй кабуд шуда, омос кунад ва аз тану зери бағал арақи бадбӯй ҷорӣ бигардад.
Илоҷ: Бо оби нимгарм қай оваранд ва [ба бемор] тило бо равғани гул, ним дирам зарованд ва ним дирам намаки андаронӣ бидиҳанд. Тарёки гили набишта аз барои ин [заҳр] судманд аст.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни хояи офтобпараст

Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд, ки агар ҳар кӣ миқдоре аз хояи офтобпарастро биошомад, ин ӯро ҷо ба ҷо бикушад ва агар зуд пешгирӣ накунанд, ҳеҷ чиз дигар суд набахшад.
Илоҷ: [119] Ба бемор нахуст саргини бозро андар тило карда, бидиҳанд ва сипас ба андозаи пурра қай оваранд. Ҷисми [беморро] равғани гов бимоланд, сарашро бо намак гармибандӣ кунанд ва ба ӯ анҷири хушк, маска ва ҷентиёно бидиҳанд, бихӯрад.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни шири табаҳшуда

Ин шире бошад, ки аз тариқи туруш шудан ба намуди дигари гандидан бигузарад ва аз он гижа, маниши гаштан ва дарди сахти даҳони меъда падид оянд. Бошад, ки аз сабаби он ҳайзаи қаттол ориз бигардад.
Илоҷ: Бо оби ангубин қай оваранд ва сипас [ба бемор] шароби холис бо [маъҷуни] фалофилӣ бидиҳанд ва меъдаашро бо равғани нордин гармибандӣ кунанд.
Фасли нуздаҳум андар баёни хуни баста

Агар хун андар шикам баста шавад, ҳарчанд ки кайфияти заҳриро на аз беруни тан гирифтааст, вале ночор
заҳре аз ин ҷинс заҳрҳо бигардад, зеро вай андар кадоме
аз тиҳигоҳҳои дарунӣ аз қабили сина, меъда, рӯдагон ва
обгаҳ афсурда нагардад, аз сабаби он андар он ҷой аразҳои бад падид оянд. Агар он андар сина афсурда бигардад, ранг биканад, набз хурду заиф шавад ва нахуст ба думодумии [набз] ва сипас ба сустии бемор бибарад ва оқибат ба беҳушӣ бикашонад. Агар хун андар меъда афсурда шавад, тан сард бигардад, ихтиноқ падид ояд, набз хурд
шавад ва думодум беҳушӣ рӯй диҳад. Агар андар обгаҳ
афсурда бигардад, аразҳои ба чизҳои ёдкардашуда наз

дик падид оянд ва агар андар рӯдагон баста шавад, низ ҳамчунин бошад.
Доруҳои ҳамагонии он инҳост: Хусусан бобунаи говчашми сафед ва инчунин сурх; муқл; ҳошо; се убулус панирмояи ҳайвонӣ ва хусусан панирмояи харгӯш; шири анҷир; сиркои тез; ангужад; ва ба такрор полидаи оби хокистари чӯби анҷир. Яке аз чизҳое, ки ёд кардаанд ва таъсири аҷиб дорад, ин шири буз мебошад ва гуфтаанд, ки он хуни андар ҳама ҷои шикам бастаро бигудозад. Ё аз ангудон ва каранб бахшҳои баробар гирифта, бо сирко [ба бемор] бидиҳанд ва ин доруи аҷибе бувад.
Илоҷи хунбастагии меъда ва обгаҳ. Мо инро як бор андар Китоби севвум ёд кардем (235) ва бояд ин ду бобро ба ҳам муқояса намуд. Ҳоло мо мегӯем: Худованди ин гуна [хунбастагӣ] агар битавонад, бо ангубин ва афшураи карафс қай оварад. Аз барои ин тарёки гили набишта судманд аст. Агар орди хасакдонаро андар оби гарм бигудозанд, сахт суд дорад ва ё доруи зерин низ ҳамчунин бошад:
ҳашт дирам гили набишта, сиву шаш дирам панирмояи харгӯш, сиву ду дирам панирмояи оҳу, чаҳор дирам ҷентиёно, чаҳор дирам зарованди гирд, чаҳор дирам тухми судоби даштӣ, чаҳор дирам ангужад ва чаҳор дирам мурро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиднии он қариб як ҷавза ва бо оби гарм ва ё сикангубин бувад. Инчунин ду дирам хокистари анҷирро бо як мисқол мағзи сари харгӯш, – ба гумонам панирмояи харгӯш, – гирифта, андар сиркои хамрӣ бигудозанд ва биошоманд. Намаки андаронӣ бо панирмояи бузғола ва ё як мисқол саргини саг низ ҳамчунин буванд. Тадбири хосси хунбастагии обгаҳ ин аст, ки ба бемор афшураи барги зариндарахт бидиҳанд, зеро вай андар ин бора хосияти аҷибе дорад. Бояд [бемор] пайваста сикангубин, тарёк, масрудитус, доруҳои пешобронандаи қавӣ, барги бӯмодарон, ангужад, афшураи карафс ва тухми турб биошомад. Ҳар яки инҳоро бо сикангубин ва бо сирко низ [бояд ба кор бурд], зеро сирко андар ин бобат доруи хуб аст. Инчунин як мисқол қардамоно бо оби гарм, ё ним мисқол ангужад, ё як ошомиданӣ ғориқун, ё ангудони румӣ (сисолиюс), ё андаке панирмояи ҳайвонӣ, ё ду дирам донаи баласон, ё ду дирам «нохуни хушбӯй» ва ё ду дирам чӯби фовониё [бояд дод]. Доруҳои сангхурдкунандаро аз тариқи ошомидан, ҳуқна рехтан ва тило кардан ба кор бибаранд. Андар обгаҳ ба қадри як нувот намаки совида ва андар об гудохтаро бо обдуздак бифиристанд.
Ё оби хокистари ток ба кор баранд. Агар инҳо суд набахшанд, аз кушодани маҳалли хуни афсурда ва ҳамчун санг берун овардани он чора нест.
Фасли бистум андар баёни баста шудани шир андар меъда

Гоҳе ба яке аз сабабҳои фароҳамоварандаи бастагӣ, ё ба сабаби қобилияти қавӣ доштани шир ва ё ба сабаби панирмояе, ки бо шир ошомида бошанд, шир андар меъда бибандад. Аз сабаби он арақи сард, маниши гаштан ва таби ларзонанда ориз бигарданд. Агар баста шудани он бо панирмоя бошад, ин аз ҳама бад бувад ва аз ҳама зудтар ба дамгиршавӣ бибарад. Бастани шир андар меъда мисли бастани хун аст ва аз ин низ ҳамон оризаҳое падид оянд, ки аз [бастагии хун] ва [ё] аз заҳрҳо падид оянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ