Қонуни тиб

Бинобар ин ба сабаби андар меъда баста шудани шир сардии тан, хурдии набз, ихтиноқи тангиоварандаи нафас ва аз ҳуш рафтан ориз бигарданд. Бошад, ки шиками каси онро ошомида бидамад.
Илоҷ: Ҳар киро андар меъда шир панир гашта бошад, бояд аз чизҳои намакдор парҳез кунад, зеро аз онҳо шир бештар панир бибандад. Лекин ба чунин [бемор] бояд сиркои танҳо ва ё омехта бо об бидиҳӣ. Ба ӯ панҷ дирам пудинаи хушк биошомон, зеро ин бисёр аҷиб буда, худи ҳамон соат онро ҳал кунад. Ба сабаби ҳамин қуввааш аст,
ки [пудина] шири тозаро бастан нагузорад ва онро тунук бидорад. [Низ] ба ӯ андаке аз панирмояи ҳайвонӣ, яъне то як мисқол бидеҳ. Ин [шири бастаро] ҳал кунад ва аз тариқи қай ва ё исҳол берун орад. Инчунин ба ӯ доруҳои аз барои хунбастагии меъда ёдшуда ва хусусан аз чизҳои ман ёдкарда доруи аз гили набишта сохта ва доруи аз ангудону гӯгирд иборат бударо биошомон. Гоҳе аз ин ду ба қадри баробар гирифта, бо сирко [ба бемор] бидиҳанд.
Оби хокистари чӯби анҷире, ки агар хокистарро андар он ба такрор ба кор бурда бошанд, низ [хуб аст].
Мақолаи севвум
АНДАР тадбири ҳамагонии газидагӣ, андар рондани
ҷунбандагони зиёнкор ва андар илоҷи газидагии
морҳо ва намудҳои онҳо
[Фасли нахустин
андар гуфтори
ҳамагонии қонунҳои муолаҷа]225
Бидон, ки қонуни аз ҳама бузург андар муолаҷаи газидагӣ ин қавӣ сохтани (236) гармии модарзодӣ ва барангехтани он ба мубораза аст, чунон ки тарёк ва луъбати барбарӣ ҳамин гуна таъсир доранд, то [гармӣ] заҳрро бисӯзонад ва берун биандозад ва низ муроот намудани тақвияти андомҳои дарунӣ мебошад. Сипас бо ёрии доруҳои ошомиданӣ ва тилоҳое, ки бо хосият ва ё бо табиати маъруфи худ, чунонки ёд хоҳем кард, ба заҳр таъсир кунанд, бояд заҳрро биронд ва таъсири онро бекор сохт. Гоҳе мумкин аст андар зимни ин ғаразҳо чизи дигаре, яъне тадбири коҳиш додани рутубатҳои тан низ бидарояд, зеро заҳр андар андомҳои аслӣ ба душворӣ ва мушкилӣ нуфуз кунад, вале ҳар гоҳ рутубатҳоро дарёбад ва бар онҳо нишинад, зуд андар онҳо гузаштан битавонад. Андар ин боб рагзанӣ, исҳол ва монанди инҳо бидароянд. Беҳтарин замони рагзанӣ ҳангомест, ки заҳрро андар тан ва хусусан андар тани пурхун паҳншуда дарёбӣ ва аз қабили чизи кашидашаванда набошад. Гоҳе андар ин боб як чизи дигар, яъне равон кардани хилтҳо ба ҷиҳати дигар – ба ҷиҳати ғайри андомҳои сарвар низ бидарояд.
Доруҳои бар зидди заҳр ошомидашаванда ё тарёкҳову подзаҳрҳои ё ҳамагонӣ ва ё хосси ягон заҳр мебошанд; ё доруҳоеанд, ки бо мизоҷи худ зидди заҳранд, чунонки ангужад зидди заҳри каждум бошад ва ё бо хосияти худ зидди заҳранд; ё доруҳоеанд чун доруҳои арақоваранда, ки аз тариқи ба берун равон кардани хилтҳо заҳрро ба сӯи берун равон карда, биронанд; ё доруҳоеанд, ки хилтҳоро аз роҳи заҳр яксӯ кунанд ва заҳр, чунонки ёд кардем, барои худ саворӣ пайдо кардан натавонад ва мисоли ин доруҳои исҳоловаранда, қайоваранда ва инчунин доруҳои пешобтозонандаест, ки ба ҳангоми газидагӣ [ба кор баранд]; ва ё доруҳоеанд, ки моддаҳоро аз сӯи андомҳои сарвар дур ронда, бо ҳамин чизи ба сӯи онҳо ҳаракаткунандаро пас бигардонанд, Чунонки ҳамон доруҳои исҳоловаранда, қайангезанда ва пешобтозонанда ҳамин гуна буванд.
Доруҳое, ки бар андом ба тариқи тило ба кор баранд, дорои чанд ғаразанд. Яке он бошад, ки заҳрро нагузоранд, андар тан бигузарад ва ин ё аз ин роҳ бошад, ки бандинаҳо барниҳанд, роҳҳоро бибанданд ва барои ба берун
ҳаракат кардани гармии модарзодӣ ва бо [заҳр] кӯшидани он беморро хоб рафтан нагузоранд, буридани андоми газидашуда низ аз ҳамин боб бувад, ё ин ки бо ёрии доруҳои доғниҳанда ва василаҳои моддакашанда [ба амал оваранд]. Аз барои ин ғараз доруҳои қабзкунанда зиён доранд, зеро хусусан агар заҳр ҳанӯз паҳн нашуда бошад, ҳеҷ чиз судбахштар аз доруе нест, ки заҳрро ба берун бикашад ва онро ба андарун рафтан нагузорад. Миҳҷамаҳо аз ҳамин қабиланд. Гоҳе агар заҳр сахт фурӯ рафта, ба андарун гузашта бошад, ба нештар задан эҳтиёҷ биафтад. Агар имкон бошад, девча ниҳодан хуб аст ва он то даме, ки [заҳр] андар зери пӯст аст, аз [нештар задан] ва макидан бениёз созад, вале бошад, ки як худи макидан кифоят кунад. Бояд [120] каси маканда рӯзадор набошад, Баръакс, бояд ғизо хӯрда, даҳонашро шуста бошад ва низ набояд дандонҳояш кирмхӯрда бошанд. Ӯ бояд пешакӣ бо шароби райҳонӣ мазмаза кунад, андаке аз он биошомад ва андар даҳонаш равғани гул ва ё равғани бунафша бигирад. Агар андар даҳонаш ягон офати дигаре бошад, ӯро [ба каси дигар иваз кунанд]. Ҳар бор, ки бад-ин гуна бимакад, чизи макидаи худро аз даҳон берун афканад.
Мисоли доруҳо ин доруҳои арақоваранда, ки аз тариқи ошомидан ба кор бурда шаванд ва доруҳои сурхсозанда ва моддакашандаеанд, ки аз тариқи тило ба кор бибаранд.
Ҷолинус гуфтааст: «Доруҳои кашандаи заҳр ё аз сабаби қувваи гармиоварандаи хеш бикашанд ва ё аз сабаби ҳамшаклӣ чизи ҳамшакли хешро бикашанд, чунонки пиҳи тимсоҳ ба ҳангоми газидагии тимсоҳ ва гӯшти афъӣ, баъд аз буридани ду сари он, аз барои кашидани заҳри худ чунин кор кунанд. Ҳатто бархе аз доруҳои аз барои заҳрҳо судманд худ низ заҳранд, вале заифтар аз онҳо ва қариб миёнаи мизоҷи тан ва мизоҷи заҳр буванд». Ин гуфта яке аз он чизҳои баҳснокест, ки бояд табиатшиноси ҳакимон андар он назар кунад ва ноустувории онро маълум созад, вале пизишк агар инро надонад, ҳеҷ зиён надорад.
Бисёре аз пухтаковҳои [заҳр]кашанда решу обила ба амал оваранд ва бинобар ин ҳар чи ки андар он ҷой дорад, бояд битаровад. Ин яке аз шартҳои доруи тилошаванда аст. Дигар аз шартҳои он чунин аст, ки дору табиати заҳрро ба яке аз тариқаҳои дигаргунсозии [зерин] бигардонад: ё бо афсурда сохтан, чунонки бехи ябруҳ чунин кунад; ё бо сӯзонидан, чунонки бо оташ, ё бо равға ни зайтун ва хусусан бо зифти ҷӯшон, ки ин кори мардумони Миср аст, доғ ниҳодан чунин бошад; ё бо хосияти зидд доштан; ва ё бо кайфияти гармӣ ва сардии худ, ки зидди [заҳр] биистад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор