Қонуни тиб

Агар андар оғоз ягон чизи кашанда ба кор бибаранд ва аз корҳои мо ёдкарда ягон кореро бикунанд, вале суд набахшад ва ҳол бисёр вазнин бошад, гирдогирди маҳалли газидагиро бибуранд ва гӯшти он ҷойро то ҳадди устухон баргиранд. Агар хатар аз ин ҳам бузургтар бошад, андомро бибуранд ва сипас доғ биниҳанд.
Яке аз чизҳои ҳангоми ба кор бурдани ҳамаи (237) доруҳои зидди заҳрҳо хусусан тилоҳои онҳо мавриди эҳтиёҷ ин аст, ки бояд онҳо таскиндиҳандаи дард бошанд ва аразҳои ноаёнеро пешгирӣ кунанд, ки баъди газидан падид хоҳанд омад, чунонки қалқатор андар таркиби тилоҳои газидагӣ аз баҳри он бидарояд, ки то агар аз сабаби газидагӣ хун бисёр мерафта бошад, онро бибандад.
Яке аз пандҳое, ки бояд ба ҳангоми заҳрҳову газидагиҳо риоя кунанд, чунин аст: то бемор аз шиддати зиёни заҳр беҳ нашавад, набояд ба сабзонидани ҷароҳат роҳ дод.
Фасли дуввум андар доруҳое, ки бар зидди газидагиҳо биошоманд
Яке аз доруҳои хуб ин аст, ки ба бемор тухми девсипистро бо об ва ё бо шароб ва ё ҷӯшонидаи се намуди пудинаро бидиҳанд. Гунди бедастар таъсири аҷиб дорад.
Аммо шири лоғия, ки ба гумонам ин тарёки бо номи «бушанҷӣ» ва «фаровӣ» маъруф будааст, аз барои газидагии ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор ва хусусан морҳои афъӣ сахт судманд аст. Ҷадвор, буҳо, бешмуш, озариюн, тухми бозовард, сипандон, инчунин зирае, ки шабеҳи сиёҳдона аст, кошим, сир, пӯстҳои барги сарви кӯҳӣ бо мурч ва худи мурч [низ ҳама хубанд]. Ҷолинус гуфтааст: «Шаробе, ки андар он афъӣ афтидааст, аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст, пас, тарёк чӣ гуна [судманд набошад]?»
Тухми турунҷ ба ҳама гуна заҳр зидд биистад ва як ошомидании он ду мисқол аст. Бехи ангудон, [инчунин] самари панҷангушт, равған ва донаи баласон, панҷангушт, чормағз бо анҷир, фундуқ, ҷентиёно, говшир бо зарованд ва шукуфаю барги харзаҳра аз барои ҳамаи заҳрҳо суд доранд. Самари сабзи чинор аз барои ин таъсири аҷиб дорад ва дорчинии чинӣ [низ ҳамчунин аст]. Саргини сӯхтаи буз чи аз тариқи зимод ва чи ошомидан, булути заминӣ, кошим, инчунин саратони рӯдӣ бо шир, нонхоҳ, сакбина, писта бо шароб, пудина ва ҷӯшонидаи он чи аз тариқи ошомидан ва чи аз тариқи зимод, росан, қайсум, қардамоно, ғориқун ва се дирам бехи нармода [ҳама хубанд].
Агар андомҳои дарунӣ ва меъдаи росуро бо кашниз пур карда, хушк созанд ва ба вақти ҳоҷат аз он ба кор бибаранд, [судбахш аст]. Ҷӯшонидаи панираки бӯстонӣ, тухми хитмӣ, мағзи сари мурғ хусусан бо панирмоя, шӯрбои росуи зинда пухта, шӯрбои муши дупои зинда,226 ки агар онро бо шароб биошоманд, сангпушти дарёии227 намакхӯрда, ҷӯшонидаи харчанги рӯдӣ ва хуни сангпушт [низ хубанд]. Борзад аҷиб аст, ҷентиёно таъсири аҷиб дорад ва тухми газари даштӣ судманд аст.
Аз доруҳои сард он чи ки аз барои ин ғараз суд дорад, зимод намудани бехи ябруҳ бо ангубин мебошад ва коснии даштӣ аз ин ҷиҳат, инчунин пари сиёвушон таъсири аҷиб доранд. Гоҳе ғориқунро бо як мисқол зарованди дароз мураккаб созанд. Низ тарёки зерин аҷиб аст: як дирамӣ афюн ва мурр, якуним дирам мурч, се дирам бехи зарованди дароз ва гирд, як дирамӣ испанд ва зираи ҳиндӣ, панҷ дирам сиёҳдона, се дирам ҷентиёно ва ду дирам судобро гирифта, бо ангубин ва оби таратезак маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як мисқол ва бо матбухи хуб бувад. Доруи гили набишта ҳамин гуна буда, [нусхааш] чунин аст: ду мисқол донаи даҳмаст ва ду мисқол гили набишта ва [ё] ду убулус аз онро гирифта, бо равғани зайтун биошоманд. Як ошомидании он як бундуқа ва бо се уқия ангубин аст.
Низ, як тарёк, ки аз барои газидагиҳо ва ҳам заҳрҳои ошомидашаванда муштарак аст: даҳ дирам мурч, ду дирам сунбул ва як дирамӣ зарованд ва бехи динорӯяро гирифта, бо афшураи ҷинҷак маъҷун созанд ва чиҳил рӯз андар офтоб ниҳода, ҳар рӯз як бор онро омезиш диҳанд ва ҳар бор, ки хушк шуд, тараш кунанд. Инро бо оби гарм ба бемор бидиҳанд. Гурӯҳе даъво кардаанд, ки аз тариқи ба чашм кашидан ҳам суд бахшад. Ҷӯшонидаи саратонҳои рӯдӣ, хуни сангпушт ва сангпушти дарёии намакхӯрда [низ судманданд].
Як доруе, ки аз ҳар гуна газидагӣ суд дорад: аз ҳар кадоми сиёҳдона, тухми испанд ва зира ду драхмигӣ, аз ҷентиёно ва зарованди гирд як драхмигӣ ва аз мурчи сафед ва мурр ним драхмигӣ гирифта, ҳамаро бо ангубини кафкаш баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании он ба қадри як боқлои румӣ ва бо шароб бошад. [Доруи] дигар: ду дирам ҷентиёно (238) ва ду дирамӣ аз мурч ва судоб гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Ин миқдор як ошомиданӣ буда, онро бо шароб биошоманд.
[Доруи] дигар: се драхмигӣ ҳамомо ва донаи баласон, як драхмигӣ тухми таратезак ва тухми гандано, ду драхмигӣ зарованд ва бехи ангудони сиёҳ, як драхмигӣ мурр ва заъфарон ва чаҳор драхмӣ гили Буҳайраро гирифта, бо ангубини кафкаш баргирифта маъҷун созанд. Як ошомидании он ба қадри як боқлост.
[Доруи] дигар: аз донаи баласон, зуфои хушк, дорфилфил, ваҷ, анисун, фатросолиюн, асорун, зираи кирмонӣ ва тухми банг чаҳор [драхмигӣ] ва аз сунбул ва шукуфаи гӯргиё шаш [драхмигӣ] гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он як боқлои румист.
Фасли севвум андар андуданиҳои зидди газидагиҳо
Аз чизҳое, ки бар газидагиҳо тило кунанд, инҳост: нафти сафед ва ё кабуд; ё сир, чунон ки ҳаст ва ё бо равғани зард пухта; ё гунди бедастар бо равғани зайтун ё афшураи ганданое, ки ҳеҷ ба он об нарасида бошад; пудинаи рӯдӣ ба таври бисёр аҷиб заҳрро бикашад; ё гӯгирд бо пешоб; ё мокиён ва ё хурӯсро зинда ду пора намуда, бар маҳалли газидагӣ бибанданд ва ҳар соате онро иваз кунанд.
Инро ҳамчун зимод ба кор баранд. Гурӯҳе гуфтаанд, ки мокиён сахт гарм аст ва бинобар он мис, рег ва сангпораи фурӯбурдаро андар хеш бигудозад ва чунин бина мояд, ки ин кор танҳо андар чинадон ва меъдаи он сурат бигирад, на ғайри он.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор