Қонуни тиб

Аз ҷумлаи доруҳое, ки бар газидагӣ зимод кунанд, инҳост: намак; ё сирко; ё заҳраи гов; ё наммом ва барги нармода; ё хокистару сирко ва хусусан хокистари чӯби анҷир ва ток, ки онро хусусан андар оғоз зимод кунанд; ва ё зифт ва намаке, ки ҳар дуро ҷӯшонида бошанд. Гуфтаанд, ки зимоди сир, намак ва саргини буз ба ҷуз аз газидагии мори асалаи228 кар дигар ҳама гуна газидагиро судманд аст, вале зимоди оҳак, ангубин ва равғани зайтун ҳатто [газидагии] мори асаларо ҳам суд дорад.
[Доруи] дигар: хардал, сирко ва оҳакро гирифта, бо оби собун ва ё қатрон бар газидагӣ тило кунанд. Ё зифтро бо намак биҷӯшонанд ва тило кунанд. Агар зифти ҷӯшонро бар маҳалли газидагӣ ва ҳатто газидагии афъӣ бирезанд, хуб аст ва ин яке аз намудҳои муолаҷаи мардумони [121] Миср ва беҳтарин доғниҳист. [Инчунин] пиёз бо пист, марҳами бо намак сохташуда ва марҳами натрун [ҳама хубанд]. Аз ҷумлаи пухтаковҳои хуб оби дарё, ки онро гарм ва танҳо ва ё бо сирко ба кор бибаранд ва ҷӯшонидаи муши дупои зинда ва росу ба шумор бираванд.
Фасли чаҳорум андар андуданиҳое, ки агар онҳоро бар тан тило кунанд, ҷунбандагони зиёнкор наздик наоянд
Аз ҷумлаи чизҳое, ки барои ин ғараз ёд кардаанд, инҳост:
мағзи сари харгӯш бо сирко, равғани зайтун ва майъа, ки майъаро андар равғани зайтун ҳал кунанд; равғани зайтуне, ки андар он барги санавбари тари кӯфта, ё шукуфаи сарв ва ё бурсғундаро тар карда бошанд; инчунин барги панҷангушти андар равғани зайтун афзуда; қайсум, бехи ангудон, нармода ва тухми газари даштӣ; ва ё донаи баласон ва бехи сипандон. Ҳамаи инҳоро бо равғани зайтун [ба кор бибаранд].
Мисоли доруҳои аз инҳо таркибёфта чунин аст: аз ҳар кадоми бехи ангудони сиёҳ, шукуфаи сунбули ҳиндии тар ва бурсғунда ду бахшӣ, аз бехи ябруҳ ним бахш ва аз донаи баласон ва қардамоно се бахшӣ гирифта, бикӯбанд ва бо равғани зайтун ба андозае хуб биҷӯшонанд, ки мисли шухи девори гармоба қивом ёбад. Сипас онро [бар мавзеи газидагӣ] бимоланд. Низ, ду дирам нармода ва ним драхмигӣ донаи баласон ва тухми бангро гирифта, бо сирко ва равғани зайтун биомезанд ва тило кунанд.
Инчунин, як бахш шукуфаи санавбар, ду бахш бехи ябруҳ ва се бахш тухми бангро гирифта, ҳамаро бо равғани зайтун биомезанд ва тило кунанд. Инро метавон ба тариқи бахур низ ба кор бурд. Дигар: ду бахш бурсғунда ва як бахш майъаро гирифта, ҳамаро бо равған биомезанд ва тило кунанд. Бо равғани турб тило намудан пашшаҳоро бигурезонад.
Фасли панҷум андар баёни рондани ҷунбандагони зиёнкор ба таври ҳамагонӣ
Бояд хонаро чизҳое пошид ва фарш намуд, ки мо баъд
ёд хоҳем кард ва ҳуҷраву равзанро бо чизҳое обпошӣ намуд, ки андар боби бахурҳо ва ғайри он ёд кунем, то ки
бад-он ҷой ҷунбандагони зиёнкор наздик наоянд. Мисо
ли бахурҳо дуди чӯби анор буда, он ҷунбандагони зиёнкорро биронад ва бехи савсан низ ҳамчунин бувад. Шохаҳои анор андар ин бора аҷиб аст. (239) Борзад, шох, суми [ҷуфтсумҳо], суми [тоқсумҳо], мӯи онҳо, муқл, сакбина, ангужад, барги даҳмаст ва донаи он, пудина ва дермана [аз ҳамин қабиланд]. Фарш сохтани [дермана] ва инчунин фарш сохтани ҷаъда ва қатрон [ҳама хубанд]. Дуд андохтани панҷангушт ва фарш сохтани он, низ сипандон ва ҳамчунин хокистари чӯби санавбар хусусан бо борзад [судманданд]. Агар афюн, сиёҳдона, борзад, шохи гавазн, гӯгирд ва суми бузро дуд кунанд, морҳо ва ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд. Низ, аз майъа, шохи гавазн, сиёҳдона ва мумиё як бахшӣ ва аз мӯи буз ва суми он ним бахшӣ гирифта, хурд кунанд ва фаршро дуд андозанд. Инчунин: аз ҳар яки қардамоно, бехи ангудони сиёҳ ва майъа як уқиягӣ ва аз пӯсти хояи шутурмурғ, сиёҳдона ва тухми испанд ду уқиягӣ бигиранд.
Инчунин: аз барги сарв ва ё санавбар, сиёҳдона ва тухми банг як драхмигӣ, аз пӯсти бехи ябруҳ як драхмӣ, аз мӯи буз се драхмӣ, аз пудина ду драхмӣ ва аз мумиё чаҳор драхмӣ гирифта, биомезанд ва бар лахчаи ток ниҳода, бахур кунанд. Бахури ин эминӣ хоҳад бахшид.
Бархе аз чизҳое, ки агар онҳоро фарш кунанд, аксарияти ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд, ин сисанбар ва пудинаи даштӣ мебошад. Панҷангуштро агар бар гирди хобгоҳ фарш кунанд, эминдорандаи аҷиб аст. Дермана ва ангужад низ ҳамин гуна буванд. Даҳмаст андар ин бобат шигифтовар аст. Агар андар гирди нишастгоҳ як рӯймол хокистари чӯби санавбарро биниҳанд, низ чунин бувад.
Яке аз василаҳое, ки андар рондани онҳо аз он ёрӣ бигиранд, ин аст, ки чароғу фонусҳоро андар ҷойҳои дур аз хобгоҳ бигузоранд ва [ҷунбандагони зиёнкор] бад-он сӯй майл кунанд. Яке аз василаҳои дигаре, ки андар кори рондани ҳашароту ҷунбандагони зиёнкор аз он ёрӣ бигиранд, [андар хона] нигоҳ доштани лаклак, товус, мурғҳои хояниҳанда, гавазн, хорпушт, росу ва монанди инҳо мебошад, зеро ҷунбандагони зиёнкор аз инҳо битарсанд ва агар зоҳир шаванд, онҳоро бикушанд. Гуфтаанд, ки агар ҳар кӣ аз пӯсти паланг229 суфра бисозад, ягон мор ба ӯ наздик наояд ва агар аз он ҷома созанд, низ ҳамчунин бувад. Инро касе ҳикоят кардааст, ки гуфтаи ӯ боварибахш нест.
Фасли шашум чизҳое, ки мардумон андар боби нест кардани даррандагон ёд кардаанд
Гуфтаанд, ки харбақ сагону гургонро бикушад, «хониқу-н-нимр» паланг бикушад, «хониқу-з-зиъб» гург, саг ва шағол бикушад, бодоми талх рӯбоҳҳо бикушад ва харзаҳраву барги озоддарахт чаҳорпоён бикушанд. Бештари инҳо маъруф ва санҷидашуда аст.
Фасли ҳафтум андар баёни рондани морҳо
Яке аз василаҳои рондани онҳо дуд андохтани шохи гавазн, суми буз, бехи савсан, оқирқарҳо ва гӯгирд бувад.
Ҳар кӣ бар тани хеш филгӯши морон, афшураи он ва ё ҷӯшонидаи онро бимолад, ӯро афъӣ нахоҳад газид. Обпошӣ намудани ҷойгоҳ бо обе, ки андар он навшодир ҳал карда бошанд, яке аз чораҳои рондани морҳо аз он ҷой бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор