Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хардал онҳоро бикушад ва агар онро андар сари роҳҳои онҳо бигузоранд, ба дигар сӯй бираванд. Яке аз чизҳое, ки морҳоро бикушад, ин андар даҳони онҳо оби даҳон афкандани одами рӯзадор ва хусусан [рӯзадори] андар даҳон навшодир гирифтааст.
Фасли ҳаштум андар баёни рондан ва куштани каждумҳо

Каждумҳоро оби даҳони каси рӯзадори гарммизоҷ, агар бар онҳо афканда шавад, турби поракарда ва афшураи он, агар бар онҳо бирасад, барги турб ва ҳамчунин райҳони кӯҳӣ бикушанд.
Фасли нуҳум андар бахурҳое, ки каждумҳоро биронанд

Аз майъа, зирних, саргини гӯспанд ва пиҳи чодарпиҳи он бахшҳои баробар гирифта, пиҳро бигудозанд ва дигар доруҳоро бо он омехта, ба наздики хонаи каждум дуд андозанд. Агар турби поракардаро бар сӯрохи [хонаи] каждум биниҳанд, он ҷуръати аз он ҷой баромадан накунад. Яке аз бахурҳо худи каждум аст, ки агар онро бахур кунанд. Зирних низ ҳамчунин бувад.
Фасли даҳум андар рондани кайкҳо

Агар хонаро оби ҳанзал таркарда бипошанд, кайкҳо бимиранд ва ба ҳар сӯй бигурезанд. Ҷӯшонидаи ҷинҷак ва ҷӯшонидаи марвиҷон низ ҳамин гунаанд. Гуфтаанд, ки агар хуни нарбузро андар сӯрохи [девори] хона кунанд, кайкҳо андар он ҷой ҷамъ оянд ва сипас онҳоро бикушанд.
Инчунин онҳо бар чӯбе ҷамъ оянд, ки бо пиҳи хорпушт онро тило карда бошанд. Онҳо аз бӯи (240) гӯгирд ва барги харзаҳра бигурезанд. Андар ин ҷой гиёҳе бо номи «кайквона», яъне «гиёҳи кайк» маъруф аст, ки агар онро андар ҷои хоб биниҳанд, кайкҳоро масту карахт бикунад ва онҳо дигар зиндагӣ накунанд.
Фасли ёздаҳум андар рондани хомӯшакҳо ва пашшаҳо

Аррамайдаи чӯби санавбар, ё қалқадис ва ё сиёҳдона дуд кунанд ва аз ҳама беҳтар он аст, ки ҳамаро якҷоя ба кор бибаранд. Дуд андохтан бо мурди хушк, гӯгирд, муқл, хори бадбӯе, ки «фунуро»230 ном дорад, саргини гов, испанд, ки онро ҳам дуд кунанд ва ҳам бар маҳалли хоб ва равзанҳо бигузоранд ва барги сарв ва гавзи он низ ҳамчунин буванд.
Агар андар хона ҷӯшонидаи бехи боқилии мисрӣ, ё ҷӯшонидаи афсинтин ва ҷӯшонидаи судоб бипошанд, суд дорад.
Фасли дувоздаҳум андар рондани росу

Гуфтаанд, ки бӯи судоб онро биронад.
Фасли сездаҳум андар рондани муш ва куштани он

Мушро мурдосанг ва харбақ, инчунин харбақ ва тухми
банг, инчунин бехи каранб, инчунин мушпиёз, марги муш,
рими оҳан ва заъфарони он бикушанд. Агар муши нарро

пӯст бикананд, ё хоя баркананд ва ё дум бибуранд ва андар хона раҳо кунанд, [ҳамаи мушон] бигурезанд ва аз ҳама қавитар пӯст кандани он бувад. Гуфтаанд, ки агар яке аз онҳоро бо риштаи мӯина пой сахт бибанданд ва андар хона бигузоранд, боқимондаи [мушҳо] ҳама бигурезанд, вале ин ақида баҳснок аст.
Фасли чаҳордаҳум андар рондани мӯрчагон

Агар бар сӯрохи [хонаи] онҳо қатрон бирезанд, аз он ҷой бигурезанд. Мағнотис, андаке заҳраи барзагов, андаке зифт ва ангужад низ ҳамчунин буванд. Мӯрчаҳо аз дуди хеш низ бигурезанд.
Фасли понздаҳум андар рондани магасҳо

Агар миқдоре аз зирнихро андар шир афканда, аз барои магасҳо бигузоранд, онҳоро бикушад. Дуд андохтани [зирних], дуд андохтани кундур ва ҷӯшонидаи харбақи сиёҳ низ онҳоро бикушанд.
Фасли шонздаҳум андар рондани занбӯрҳо

Онҳо аз бӯи гӯгирд ва сир бигурезанд ва ба касе, ки бар хеш хитмӣ, ё афшураи панирак ва равғани зайтун молида бошад, наздик наоянд.
Фасли ҳафтдаҳум андар рондани саргингардонҳо

Чунонки гуфтаанд, инҳоро дуди чинор ва хусусан дуди барги он бигурезонад.
Фасли ҳаждаҳум андар рондани чӯбхор

Чӯбхор ба гирди хонае, ки андар он ҳудҳуд ва дарахткӯб бошанд, ҳаргиз нагардад. Дуд андохтани андомҳо ва пари ҳудҳуд, чунонки ёд кардаанд, чӯбхорро бикушад.
Фасли нуздаҳум андар рондани матта

Афсинтин ҷомаҳоро аз матта хӯрдан нигоҳ дорад. Пудина ва пӯсти турунҷ низ ҳамчунин буванд.
Фасли бистум андар баёни намудҳои морҳо

[122] Касони аз ҳоли морҳо ва табиати онҳо бохабар
онҳоро бар се бахш кардаанд: Як бахшро [заҳраш] сахт тез
буда, беш аз се соат фурсат надиҳад. Газидагии чунин
морҳо дармон надорад ва онҳо карморҳо ва морҳои беафсун бошанд. Ба ҳангоми газидани онҳо ҷуз зуд буридани
андом ва ё бо оташ доғи ба ғоят коракунанда ниҳодан чизе
суд надорад, зеро ин гуна [доғ] заҳрро бисӯзонад ва гузаргоҳро танг созад. Гоҳе барои муолаҷаи он шикамро бо
моҳии шӯр пур карда, қай овардан судбахш аст ва баъд аз
он муолаҷаҳои дигарро пайгирӣ кунанд. Агар [заҳри ин
гуна] мор каме заифтар бошад, сахт бастан ва сипас дигар
илоҷҳои муштарак кифоят кунанд. Қисми заифи он кам
бошад, ки одамро бикушад. Навъи миёнаи он [одамро] аз се то ҳафт соат [зинда] нагузорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ